Unuseful Victory of FC “Vakhsh”

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, бо вуҷуди он ки дар бозии севумаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон бар тими «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум гашт.

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки бозии футболбозони тоҷику арман 24-уми феврал дар варзишгоҳи «Ахал»-и шаҳри Ободони Туркманистон баргузор шуд. Ҳисобро дар ин дидор Артак Осеян, бозигари арман, дар дақиқаи 7-ум кушод. Вале футболбозони тоҷик аз ин рӯҳафтода нашуда, ду гол ба самар расонданд. Баҳодур Шарипов дар дақиқаи 25-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Рустам Усмонов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.

Вале дастаи «Вахш», ки дар ду бозии пешин аз тими «Олтин асир»-и Ишқобод, барандаи Ҷоми Туркманистон, ва мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда буд, бо се имтиёз дар гурӯҳи «А» ҷои севумро касб кард ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми президенти Туркманистон маҳрум гашт. Дастаи «Олтин асир», ки дар ҳар се бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. Мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо 4 имтиёз дуввум шуд. Ҳар ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозиҳои гурӯҳи «А»:

  • «Вахш» 0:2 «Алтин Асир»
  • «Ганҷасар» 1:1 Мунтахаби дастаии Туркия
  • «Вахш» 0:2 Мунтахаби дастаии Туркия
  • «Алтин Асир» 3:0 «Ганҷасар»
  • «Вахш» 2:1 «Ганҷасар» (Баҳодур Шарифов 25, Рустам Усмонов 75)
  • «Олтин Асир» 2:1 Мунтахаби дастаҳои Туркия

Торнамои «Туркменистан-Золотой Век» хабар медиҳад, Исроил Шарифов, раҳбари дастаи «Вахш», гуфтааст: “Мо барои даъват ба ин сабқат аз мубтакирони он муташаккирем, ба онҳо барои он таваҷҷӯҳе, ки дар пойтахти меҳмоннавози туркманҳо доштанд, сипос мегӯем. Мо ҳамчунин барои Туркманистон хушҳолем, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ имкон пайдо мекунад ва варзишгоҳҳои наву замонавӣ месозад ва чунин сабқатҳои байнулмилалӣ доир мекунад.»

Бозиҳои гурӯҳи «Б»:

  • «Окжетпес» 1:1 «Экранас»
  • «Абдиш-Ата» 0:1 «Небитчӣ»
  • «Абдиш-Ата» 0:2 «Экранас»
  • «Окжетпес» 4:0 «Небитчӣ»
  • «Окжетпес» 0:0 «Абдиш-Ата»
  • «Небитчӣ» 1:0 «Экранас»

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Тақвими бозиҳои нимниҳоӣ, 26-уми феврал:

  • «Олтин Асир» – «Окжетпес»
  • «Небитчӣ» – Мунтахаби дастаҳои Туркия

Ғолибони бозиҳои нимниҳоӣ ба бозии ниҳоӣ, ки 28-уми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и Ишқобод баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Ғолибони Ҷоми Туркманбошӣ

  • 1995 – «Копетдоғ» (Ишқобод)
  • 1996 – Мунтахаби дастаҳои Туркманистон
  • 1997 – Мунтахаби дастаҳои Туркманистон
  • 1998 – «Истиқлол» (Теҳрон, Ирон)
  • 1999 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2000 – Мунтахаби Ишқобод
  • 2001 – «Копетдоғ» (Ишқобод)
  • 2002 – «Торпедо» (Кутаиси, Гурҷистон)
  • 2003 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2004 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2005 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2006 – «Дачия» (Кишинев, Молдов)
  • 2007 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2008 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2009 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2010 –  

Дастаҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Туркманбошӣ

  • 12.02.2004 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) 3:2 «Локомотив» (Маскав). Голҳо: Ҳакимов 5 пен., 50. Раҳимов 87.
  • 14.02.2004 «Авиатор» 0:2 «Нисо» (Ишқобод)
  • 16.02.2004 «Авиатор» 3:1 «Тулевик» (Эстония). Голҳо.
  • Бозӣ барои ҷойи саввум. 17.02.2004. «Авиатор» 0:1 «Ворскла» (Полтава, Укроин)

———————————————————————–

  • 11.02.2005 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) 5:2 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон). Голҳо: Бобоҷонов 22, 73, М. Ҳакимов 65, 67, Рабиев 84)
  • 13.02.2005 «Авиатор» 1:1 Мунтахаби Туркманистон (М. Ҳакимов 27)
  • 15.02.2005 «Авиатор» 2:2 «Ворскла» (Укроин). Голҳо: Норқулов 45 пен, 80 пен.)
  • Бозӣ барои ҷойи саввум. 18.02.2005 «Авиатор» 3:2 «Мика» (Аштарак, Арманистон). Голҳо: Армен Петикян 3 автогол, Нӯъмон Ҳакимов 30, Мансур Ҳакимов 61.

Медалҳои биринҷӣ насиби «Авиатор»-и Тоҷикистон гардид ва Мансур Ҳакимов бо 4 гол беҳтарин голзани ин сабқат дар соли 2005 эълон шуд.

————————————————————————- 

  • 11.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:2 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон)
  • 13.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:2 МТТУ (Ишқобод, Туркманистон)
  • 15.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:3 «Трактор» (Тошкант, Узбакистон)

————————————————————————-

  • 22.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 1:3 «Ишқобод» (Туркманистон). Гол: Давронҷон Тухтасунов 50.
  • 24.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 0:3 «Ворскла» (Укроин)
  • 26.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 1:1 ПЕА (Бангкок, Таиланд). Гол: Комил Саидов 74.

—————————————————————————

  • 22.02.2008 «Вахш» 2:1 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон). Голҳо: Нӯъмон Ҳакимов 7, 72.
  • 24.02.2008 «Вахш» 1:3 «Ишқобод» (Туркманистон). Гол: Ф. Фатҳуллоев 78.
  • 26.02.2008 «Вахш» 0:4 Мунтахаби 19-солаҳои Эрон

Нӯъмон Ҳакимов бо ду голаш ба қатори беҳтарин голзанҳои ин сабқат дар соли 2008 дохил шуд.

————————————————————————————-

  • 21.02.2009 «Парвоз» 0:0 «Гандзасар» (Капан, Арманистон)
  • 23.02.2009 «Парвоз» 0:1 «Ишқобод» (Туркманистон)
  • 25.02.2009 «Парвоз» 2:2 Мунтахаби 21-солаҳои Баҳрайн

—————————————————————————————-

  • 20.02.2010 «Вахш» 0:2 «Олтин Асир» (Туркманистон)
  • 22.02.2010 «Вахш» 0:2 Мунтахаби дастаҳои Туркия
  • 24.02.2010 «Вахш» 2:2 «Ганҷасар» (Арманистон). Голҳо: Баҳодур Шарипов 25, Рустам Усмонов 75.