Муаллиф: Мақсудҷон Иброҳимов

  •  15-уми апрел, панҷшанбе. Соати 16:00
  • «Вахш» – «Хайр»

Дар ин давр бояд дастпарварони Аслиддин Хабибуллоев хадди акал як холро бояд ба даст оранд. Вале ман бовари дорам, ки дастаи шахри Кургон-теппа чунин ракибро маглуб намуда, сохиби се холи халол мегардад.

Дастаи “Хайр” хам метавонад мукобилити сахт нишон дихад, вале махорату малакаи футболбозонаш имкон намедихад, ки даста аз сафар бо се хол ба Вахдат ояд.

Шонс: 60/40

  • 17-уми апрел, шанбе. Соати 16:00
  • «Парвоз» – «Истиқлол»

Бозии марказии давр. Харчанд бози дар варзишгохи Фурудгохи шахри Чкаловск гузарад хам, душанбегихо метавонанд дастаи шимолиро маглуб намуда се хол ба хазинаи худ ворид созанд.

“Парвоз” низ кушиш мекунад, ки дарвозаи худро сифр нигох доранд, чунки дар ду давр ягон гол аз дарвозаи худ нагирифтааст, вале ин хама кушишхо бефоида, зеро галаба насиби “Истиклол” мешавад.

Шонс: 45/55

  • 17-уми апрел, шанбе. Соати 16:00
  • «Регар» ТадАЗ – «Равшан»

«Регар» ТадАЗ барои бори хаштум чемпион шудан ин бозии майдониашро бо галаба анчом медихад. Кулобихо мукобилият сахт нишон нахоханд дод, чунки куввахо баробар нестанд. Жаилтон Оливейра хатман дар ин дидор гол мезанад.

Шонс: 65/35

  • 18-уми апрел, якшанбе. Соати 16:00
  • «Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Тими харбиёни пойтахт низ дар ду даври аввал галаба накардаасту, тими шахри Хучанд низ. 

Бозигарони сохили дарёи Сир бояд дар ин дидор дастболо гарданд ва аввалин галабаи худро дар ин мавсим кайд кунанд. Мусови шуданаш хам аз эхтимол дур нест!

Шонс: 55/45

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 15-уми апрел 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 2 2 0 0 6-0 6
2.  «Парвоз» (Б.Ғафуров) 2 1 1 0 3-0 4
3. «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 2-1 3
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 0 2 0 2-2 2
5. ССКА«Помир» (Душанбе) 2 0 2 0 1-1 2
6. «Энергетик» (Душанбе) 2 0 1 1 2-3 1
7. «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 1 1 1-4 1
8. «Хайр» (Ваҳдат) 2 0 1 1 1-5 1
9. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 0 1 0-2 0

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Даврон Тухтасунов ва Жаилтон Оливейра (ҳарду аз «Регар» ТадАЗ) бо дуголӣ пешқадаманд.

Advertisements