On-line home for FC “Vakhsh”

Боз як хушхабар аз олами интернет. Медонам, ки аллакай аз ин хушхабар ҳамагон огаҳ ҳастед, чун соҳиби ин хушхабар аллакай дар ин торнигор реклама карда буд.

Дастаи футболи «Вахш» ҳам дар интернет соҳиби хона шуд.

Мухлисони даста то он ки ҳамдигарро ва тамоми олами интернетро аз комгориҳои даста огаҳ созанд, дар интернет вебблоги вижаи қаҳрамони Тоҷикистонро роҳандозӣ намуданд. Дар ин торнигор метавонед бо охирин ахбор аз даруни хонаи «Вахш», натиҷаҳои бозиҳои даста, ҳайат ва таърихи он огаҳ шавед.

Торнигор ба андозае фаъол аст, ки танҳо дирӯз дар саҳифаҳои он чаҳор матлаб нашр шуданд!

Торнигор ба андозае аллакай маъруф шудааст, ки ба он аз худи Гана – хоҳари Ари Элайҷа ворид шуда, ва тавассути он ба бародараш, ки дар «Вахш» бозӣ мекунад, салом гуфтааст!

Браво, «Вахш»! Ба пеш!

Advertisements