New Dates for some games

Федеросюни футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, то бархе аз бозиҳои Лигаи Олиро ба таърихи дигар бигзаронад.

«Варзиш-Спорт» менависад, сабаби ин тасмим иштироки қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Вахш» дар бозиҳои интихобии Ҷоми раиси КФО дар Мянма ва мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Тошкант мебошад.

Аз ин рӯ, санаи бозиҳои зер тағйир ёфт:

“Истиқлол” – “Вахш” – аз 4-уми май ба 3-юми май; 
“Энергетик” – “Хайр” – аз 22-юми май ба 20-уми май; 
“Хуҷанд” – “Регар” ТадАЗ – аз 22-юми май ба 20-уми май; 
“Истиқлол” – “Равшан” – аз 22-юми май ба 20-уми май; 
“Парвоз” – “Вахш” – аз 22-юми май ба 21-уми май.