Панҷ бародар бар зидди ҳамдигар


Five Brothers Against Each Other

Ҳамагӣ се давр лозим шуд, то мухлисони тоҷик яке аз ҳисобҳои калонтарини Лигаи Олиро шоҳид бишаванд. Ин хушбахтӣ насиби мухлисони дастаи «Регар» ТадАЗ гардид ва таъми талхи панҷ голро бозигарони «Равшан»-и Кӯлоб чашиданд.

Торнамои расмии «Регар» ТадАЗ менависад, риштаи бозӣ аз аввал дар датси бозигарони қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон буд, вале тӯб то дергоҳ вориди тӯр намегардид. То замоне, ки ситораи бахти Даврон Тухтасунов табассум накард.

Дар дақиқаи 38-ум бозигарони ҷавони мунтахаби миллӣ, ки имсол дар дастааш бозии беҳтар аз соли гузаштаро дорад, аз дурӣ партоби хуберо соҳиб мешавад ва тӯбро нигоҳ надошта, рост ба тӯри дарвоза мезанад. Як бар сифр. Ҳанӯз кӯлобиҳо аз ин гол ба худ наомада, ки боз Даврон як голи дигар мезанад. Ду бар сифр ва қисми дуввум тақрибан, ки дигар нолозим шуда мемонад.

Дар қисми дуввум Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба майдон Иброҳим Рабимов ва Ҷомӣ Муҳиддиновро медарорад. Ҷомихон Муҳиддинов, ҳамагӣ дар даҳ дақиқаи аввали ин бозияш, дар дақиқаи 57-ум, нишон медиҳад, ки ӯро беҳуда ба номдортарин дастаи асри бистуяки Тоҷикистон даъват накардаанд. Ҳанӯз донаҳои ашки шодӣ аз голи нахустинаш дар мавсими имсола дар рухсори Ҷомихон хушк нашуда, дар дақиқаи 60-ум ӯ ҳисобро чаҳор бар сифр гардонид.

Ба ин бозӣ дар дақиқаи 68-ум Комил Саидов нуқтаи таммат мегузорад. Комил баъдан ҷароҳат мебардорад, ва чун Маҳмадуллоев то он замон ҳамаи таъвизҳои худро истифода бурда буд, турсунзодагиҳо маҷбур мешаванд, ки бозиро даҳкаса анҷом бидиҳанд.

Торнамои расмии дастаи шаҳри Турсунзода ҳамчунин ёдовар шудааст, ки дар ин бозӣ ҳамзамон панҷ бародари хунӣ – бародарон Рустамовҳо бозӣ доштанд. Маъруф ва Ҳасан бо пероҳани «Регар» ТадАЗ дар тан ва Зарифу Наврӯзу Фаридун аз номи «Равшан». Панҷ бародар ва панҷ гол.

4 thoughts on “Панҷ бародар бар зидди ҳамдигар

  1. Панч бародар агар яг голи ба дарвозаи харифонашон мезаданд ачаб хуб мешуд:))))

  2. ТОЗАТАРИН ХАБАРХОИ ДАСТАИ ВАХШ:
    – Чаро Элайджа Эрадж шуд?
    – Дар оилаи Рустам Усмонов фарзанд таваллуд шуд.
    – Илхом Ортиков «Вахша» «кидать» кард
    – Вахш Энергетикро бурид…
    МАРХАМАТ БА ТОРНАМОИ МО
    http://vakhshclub.wordpress.com/

  3. Хамаашон аз як даста агар бози мекарданд..
    Падарашон низ ба хайси мураби иштирок меварзид))

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s