Суғд: Ғалабаи нахустини «Хуҷанд» ва бохти аввалини «Парвоз»


First Victory of FC “Khujand” and First Lost of FC “Parvoz”

Дар бораи бозиҳои «Регар» ТадАЗ 5:0 «Равшан» ва «Вахш» 1:0 «Хайр» аз даври саввум аллакай навиштем. Ҳамакнун, дар бораи ду бозии дигари ин давр. 

Бозии марказии ин давр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешуд. «Парвоз» ва «Истиқлол» барои зинаи дуввум талош меварзиданд. Ҳарчанд, «Парвоз» пас аз мушкилот дар оғози мавсим дигар даъвои камтари зинаҳоро дорад, аммо ба назар мерасад, бо ҳамон бозигарони боқимонда низ даста заиф нест. Дар ду бозии қаблияш ҳатто голе ҳам сар надода буд.

Дар бозӣ бо «Истиқлол», дастае, ки умеди як миллион душанбегӣ барои қаҳрамонист, аввал ҳисобро мизбонон боз карданд. Сӯҳроб Эгамбердиев дар дақиқаи 19-ум садои доду ғиревро дар «Фурудгоҳ» баланд кард. Вале ин садоҳоро дар дақиқаи 27-ум Умед Ҳабибуллоев “mute”, хомӯш кард. Як бар як. Бо ҳамин ҳисоб қисми аввал ба анҷом расид. Дар қисми дуввум Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 63-юм барои дастааш пирӯзии дуввумин дар бозии дуввуминро овард.

Тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки ба дарвозаи дастаи меҳмон – ССКА «Помир»-и Душанбе ду голи беҷавоб зад, дар мусобиқаи имсола нахустин пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро Шӯҳрат Умаров (дақиқаи 16-ум) ва Аскар Равшанов (24-ум) дар нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонданд. Хонандаи ин торнигор, Бахтиёр, яке аз бинандаҳои ин бозӣ дар варзишгоҳи «Спартак» буд ва мушоҳидаҳояшро ба дигарон низ қисса намуд:

«Хуҷанд» пешвое надорад. Бозии хуб хам холо дида намешавад. Шояд натичаи таъвизи наслҳо дар ин даста бошад, агар дар ёд дошта бошед соли гузашта яке аз коршиносон дар хамин сомона кайд карда буд, ки дар «Хучанд» бузургсолон хунарнамои мекунанд.

Лекин, капитани чангиёни Помир ки тахти №5 хунарнамои мекард (тахмин яке аз бародарони бехтарин химотягари футболи точик – яъне, ягон бародари Хаким бошад, чаро ки ба у монанди дорад), лидери хакики! Партобҳои оличаноб медихад. Аслан, дар миёни майдон бози мекунаду, дар кисми дуюм мавқеъи Титови СпаМро ба ёд меорад. Хучумкунандаи тахти раками 15 Помир аз ухдаи ягон бало намебаромадааст ё имруз рузи вай набуд. Сиёхпусти тахти №18 хам бад не.

Дарвозабони «боевикхои кухсорон» аз ду голи хакикии садсадсадфоиза дарвозаро эмин дошт. Ахсан. Аз руи гуфти мухлисон хатти химояи бехтарин ин хатти химояи Помир будааст. Хуб ки бошад, хулоса: Хучанд ба химояи бехтарини лигаи олии имсолаамон ду туб зад.»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 20-уми апрел 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 3 3 0 0 11-0 9
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 4-2 6
3. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 2 0 4-2 5
4. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 3 1 1 1 4-2 4
5. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 1 0 1 1-2 3
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 3 0 2 1 1-3 2
7. «Энергетик» (Душанбе) 2 0 1 1 2-3 1
8. «Равшан» (Кӯлоб) 3 0 1 2 1-9 1
9. «Хайр» (Ваҳдат) 3 0 1 2 1-6 1
  • Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 4 гол,
  • Жаилтон Оливейра, Ҷомихон Муҳиддинов (ҳар ду аз «Регар» ТадАЗ) ва Сӯҳроб Эгамбердиев («Парвоз») – 2 голӣ

Бозии даври 7-ум байни дастаҳои «Вахш» ва «Энергетик» пешакӣ, рӯзи сешанбеи 20-уми апрел, баргузор мешавад.

Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
ССКА «Помир» – «Регар» ТадАЗ
25-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» – «Вахш»
«Энергетик» – «Парвоз»

Advertisements

One thought on “Суғд: Ғалабаи нахустини «Хуҷанд» ва бохти аввалини «Парвоз»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s