М. Ҳабибуллоев: «Агар «Регар» ТадАЗ қаҳрамон нашавад, ба истеъфо меравам»


Мусоҳиб Нарзуллоҳи Латиф. Бознашр аз Озодӣ

Шакли аудиоии ин сӯҳбат ҳам мунтазири гӯшҳои шумост – М. Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш» буд. Ва ҳоло фишурдаи мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо ҷаноби Ҳабибуллоев ба хонандагони сомонаи интернетӣ пешкаш мешавад.

-Хоҳиш дорам нахуст дар бораи он тағйироте, ки дар ҳайати дастаи «Регар» ТадАЗ ба амал омадааст, иттилоъ бидиҳед.

Жаилтон Оливейраи бразилӣ пас аз танаффуси яксола боз ба даста баргашт ва бо ӯ то охири соли равон қарордод ба имзо расидааст. Инчунин ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддиновро аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа даъват намудем. Мансур Ҳакимов ба дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров гузашт. Аз бастани қарордод бо Раҳмоналӣ Баротов ва легионери узбакистонӣ Аббос Абдуллоев, ки омодагии варзишиашон ба талабот ҷавобгӯ нест, худдорӣ кардем.

– Имсол дар назди даста чӣ вазифа гузошта шудааст?

– Вазифаи мо қаҳрамони Тоҷикистон шудан аст. Барои иҷрои ин вазифа сарпарасти даста – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» тамоми шароити заруриро фароҳам сохтааст. Ҳаминро гуфтаниам, ки агар даста имсол қаҳрамон нашавад, ман аз вазифаи худ истеъфо хоҳам дод.

-Ба андешаи Шумо дар мусобиқаи имсола кадом дастаҳо барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон муддаъиёни аслӣ маҳсуб мешаванд?

– Рақиби мо барои ҷои аввал, ин пеш аз ҳама, «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Албатта «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ метавонад ва имкон дорад, ки барои аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум нашудан мубориза барад. Вале ба назари ман дастаи «Хуҷанд» имсол заифтар аст ва дар се даври мусобиқа аллакай чаҳор имтиёзро аз даст додааст. Бинобар ин ба назари ман имсол дастаҳои «Регар» ТадАЗ, «Истиқлол» ва «Вахш» муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонианд.

-Шумо дар бораи мусобиқаи имсола чӣ назар доред?

-Вақте ки мо дар Туркия дар ҷамъомади таълимию тамринӣ будем, бо мураббиёни дастаҳои футболи Шветсия, Беларус, Русия ва Қазоқистон, бо дастаҳое, ки дар Ҷоми Аврупо ширкат мекунанд, ҳамсӯҳбат шудем. Аз ҷумла мо бо ҳамкасбони худ аз дастаи «Динамо»-и Брести Беларус дар бораи вазъи футбол дар ин кишвар мулоқот доштем. Огаҳӣ ёфтем, ки дар чемпионати Беларус дар лигаи олӣ феълан 12 даста дар се давра мусобиқа мекунад. Дар ду давра – як бозӣ дар хона ва як бозӣ дар меҳмонӣ. Вале макони баргузории бозии давраи сеюм аз рӯи қуръапартоӣ муайян мешавад. Ин тарзи баргузории мусобиқа ба ман писанд омад. Хуб мебуд, дар оянда мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии Тоҷикистон низ дар сурати ширкати ками дастаҳо дар се давра доир мешуд. Чунки бо ду ҳайат дар чаҳор давра, ки аз 32 бозӣ иборат аст, то охир иштирок кардан, ба дастаҳо мушкилоти зиёд пеш меорад. Ба фикрам, ба ғайр «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол», дастаҳои дигар, бешак, ба мушкили молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ба андешаи ман, дар мусобиқаи имсола агар дастаи мунтахаби наврасони кишвар, ки ба давраи ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат гирифтааст, роҳ дода мешуд, мувофиқи мақсад мебуд. Зеро футболбозони ҷавони мо таҷоруби хуби бозӣ касб мекарданд ва ин ба онҳо дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба кор меомад.     

Ташаккур барои сӯҳбат.  

Advertisements

2 thoughts on “М. Ҳабибуллоев: «Агар «Регар» ТадАЗ қаҳрамон нашавад, ба истеъфо меравам»

  1. Сегодня перед очередной тренировкой футболисты клуба “Регар-ТадАЗ” поздравили с днем рождения своего главного тренера Махмаджона Хабиблаева.
    Махмаджон Хабибуллаев руководит командой с 2004 года. За годы его работы команда достигла самых высоких успехов в своей истории. За этот период “Регар-ТадАЗ” семь раз становился чемпионом страны, четырежды команда завоёвывала главный футбольный трофей страны – Кубок Таджикистана. Но еще большим достижением Махмаджона Хабибуллаева можно считать победы команды на международных турнирах. Трижды, в 2005, 2008 и 2009 годах клуб успешно выступив в играх на Кубок президента Азиатской Футбольной Конфедерации на вечное хранение привезла этот трофей в Таджикистан.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s