Numon Hakimov Begins….

Капитани «Вахш» ва беҳтарин бозигари мавсими гузашта нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи панҷуми бозӣ бо «Энергетик» ҳисоби голҳои худро дар мавсими имсола оғоз кард. Голи ӯ ягона гол дар бозии қаблазвақти даври 7-ум буд.

Бо истифода аз маълумоти торнигори «Вахш»

20-уми апрел. Қурғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор», 8000 бинанда. «Вахш» 1:0 «Энергетик». Гол: Нӯъмон Ҳакимов 5.

«Вахш»: Ф.Юлдошев, А.Неъматов, А.Нуруллоев (Б.Шарипов, 81), С.Хоҷамов, М.Содиқов, А.Элайҷа, Р.Хоҷаев, А.Сабуров, Н.Ҳакимов, А.Ҳамроқулов, Р.Усмонов (У.Шарипов, 83).

«Энергетик»: М.Муродов, И.Қурбонов, А.Назаров, Б.Чориев, Р.Пайзов, А.Франк, С.Мирзоев, А.Авазов, Ш.Ғаффоров, Шавкати Ҳотам, А.Улмасов.

Кортҳои зард: Ш.Ғаффоров, 79 ва Авазов, 85, ҳар ду аз «Энергетик» ва ҳар ду барои бозии дурушт.

Довари асосӣ: Олим Норбоев (Душанбе) – 7,5 балл.

Голи ягона пас аз партоб аз кунҷ зада шуд. Вале баъдан душанбегиҳо бозиро баробар намуданд, аммо то охири қисми аввал ба голи мусовӣ ноил шуда натавонистанд. Дар қисми дуввум ҳарчанд риштаи бозӣ дар дасти мизбонон буд, ҳисоб тағйир наёфт. Исроил Шарифов, сардори дастаи ғолиб, пас аз бозӣ ба торнигори дастааш гуфтааст, аз натиҷа қонеъ аст, вале аз бозӣ на, зеро дастааш натавонистааст, ки бозии зебо нишон бидиҳад. 

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ҳамчунин ба радиои Озодӣ гуфтааст, аъзои даста ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмаки беғаразона (озуқаворӣ – орду равған, шакар, макарон ва ҳар гуна шириниҳо) расонида, кори хайреро ба ҷо оварданд. 

Пас аз бозӣ Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ба бозигарони беҳтарин Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Рустам Усмонов (аз дастаи «Вахш»), Александр Франк, капитани дастаи «Энергетик» (писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов), ҳамчунин, ба раиси бошгоҳи футболи «Энергетик» Ҳотам Холмуродов DVD тақдим намуд. 

Ҳоҷӣ Шамсиддин аз номи мухлисони дастаи «Вахш» ба ҳимоятгар Элайҷо Арие, фарангӣ аз Гана, ҷомаю тоқӣ ва рӯймоли миён пӯшонд. Ин фарангии африқоиро дар Қурғонтеппа Эраҷ ном мебурдаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми апрел 

Ҷой  Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар»ТадАЗ 3 3 0 0 11-0 9
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 4-2 6
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3 2 0 1 2-2 6
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 2 0 4-2 5
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 3 1 1 1 4-2 4
6. ССКА«Помир» (Душанбе) 3 0 2 1 1-3 2
7. «Энергетик» (Душанбе) 3 0 1 2 2-4 1
8. «Хайр» (Ваҳдат) 3 0 1 2 1-6 1
9. «Равшан» (Кӯлоб) 3 0 1 2 1-9 1

 

Advertisements