Маркази матбуоти «МЛТ»

Рӯзи 19-уми апрел,  дар манежи майдони варзишӣ ба номи Фрунзе кушодашавии ботантанаи Чемпионат оид ба мини-футбол бо иштироки кӯдакони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарасти бевоситаи «МЛТ» гузаронида мешавад, баргузор гардид.

Ҳакамони ботаҷриба дар ҳайати Федератсияи футболи ҶТ рафти бозиро назорат мекард, ҳамаи меҳмонон ва дӯстони Ширкат бошад барои беҳтаринҳо мухлисӣ мекарданд. Президенти Федератсияи футболи ҶТ Сӯҳроб Қосимов бо сухани пайғом ба чорабинӣ оғоз бахшид. Минбаъд сухан ба Директори тиҷоратии шабакаи «МЛТ» Кузнетсов Антон дода шуд, ки дар навбати худ ба ҳамаи дастаҳо комёбӣ ва мувафақият орзу намуд, ва боварии худро ҷиҳати зарурати гузаронидани чунин чорабиниҳо баён кард.

16 даста аз вилояти Хатлон, Суғд ва НТМ дар мусобиқаҳои мазкур иштирок менамоянд, ки дар муддати ҳафтаи ҷорӣ гузаронида мешаванд, бозиҳои хотимавӣ бошад рӯзи панҷшанбе, 22 апрел баргузор мегарданд.

Мусобиқаҳои варзишии умумиҷумҳуриявии мазкур бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:

  • – устувор намудани саломатӣ ва ташкил кардани шароит ба насли наврас барои машғули варзиш;
  •  – баланд намудани малакаи варзишии кӯдакон;
  •  – рушд бахшидан ба тарзҳои ташкилкунии фаъолияти варзиши омма дар мамлакат.

«Рушди роҳи муваффақро бе тайёрии ҷисмонӣ, маънавӣ ва рӯҳии хуб тасаввур кардан душвор аст. «Тани солим-рӯҳи солим»,- мо кӯшиш мекунем, ки ин ақидаро дар дохили Ширкат пайваста ривоҷ диҳем, то камолот расонем, ва, чорабинӣ ва мусобиқаҳои варзишии гуногунро ташкил намуда ва гузаронида, дар сатҳи берун аз Ширкат амалӣ гардонем. Мо самимона ба ҳамаи дастаҳо боварӣ ба иқтидор ва имкониятҳои худ, ва инчунин муваффақият ва ғолибиятро орзу менамоем! Сафар ба Сочи ҷамъбасти беҳтарини ин чорабиниҳои варзишӣ мегардад, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ хеле муҳим мебошанд, – мегӯяд Сардори кулли «МЛТ», – Қаюмов Г.А. 

Маҳз бо ҳамин мақсади рушди малака ва сифати варзишӣ, рушди иқтидори ҷисмонӣ ва устувор намудани саломатӣ, Ширкат чунин мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронад. Ҳар як шахси ҳозиразамон бояд пайваста ба варзиш машғул шавад, ва бо ҳамин барои ташкил намудани тарзи ҳаёти солим, устувории ҷисмонӣ ва маънавӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Кӯдакон арзандаи чизҳои беҳтарин мебошанд, бинобар ин, «МЛТ» дастгирии насли наврасро вазифаи граждании худ меҳисобад!     

Advertisements