Дилшоди Абдулмаҷид ва Ганҷина Собирова. Бознашр аз «Гол».

Қадами аввал

Соли гузашта дар бисёр маврид мураббиён бохти дастаҳои хешро аз яктарафа ҳакамӣ намудани доварон меҳисобиданд. Яке аз навовариҳое, ки имсол дар кори федератсияи футболи Тоҷикистон дида мешавад, интихоби доварони бозӣ аз тарафи намояндагони дастаҳо бо роҳи қуръакашӣ мебошад. Ин қарор дар маҷлиси пеш аз саршавии мавсими соли 2010, пас аз пешниҳоди президенти клуби «РегарТадАЗ» Шариф Назаров қабул гашт. Агарчи ин таклиф ба раиси кумитаи доварон Ориф Ҷўраев хуш наомад, вале аҳли маҷлис онро бо хушӣ пазируфтанд. Пас аз андаке баҳс, президенти ФФТ Сўҳроб Қосимов пешниҳодро дастгирӣ намуда, фармон дод, то доварони бозӣ бо роҳи қуръакашӣ интихоб шаванд. Шарти қуръакашӣ чунин мебошад: яъне қуръакашӣ дар ҳузури панҷ нафар аъзои ФФТ ва намояндагони нўҳ дастаи лигаи олӣ барои ҳар ду давр аз нав гузаронида мешавад. Намояндагони дастаҳои мизбон, пас аз эълони номи дастаи худ, аз миёни картаҳои чаппагашта якеро интихоб мекунанд. Номи кадом ҳакаме агар дар қарта навишта шуда бошад, ҳамон нафар бозиро доварӣ мекунад. Новобаста аз он ки қисмате аз доварони кишвар дар баъзе рўзҳо метавонанд, бо сабабҳои гуногун дар кишвар набошанд, қарор гашт, ки дар асоси ҳамон ҳайате, ки дар ҳамон замон дар ҷумҳурӣ мебошанд, қуръакашӣ сурат гирад.

Сармураббиён чӣ мегўянд?

Чун аллакай даври сеюми чемпионат низ паси сар гашт, хостем фикру андешаҳои сармураббиён ва намояндаҳои дастаро дар ин бора фаҳмем:

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар ТадАЗ»: – Умуман, барои он ки гап камтар шавад, ин пешниҳоди хуб аст. Боре хондам, ки мухлиси «Вахш» гуфтааст, ки чаро вохўриҳои дастаҳои «Вахш»-у «Регар ТадАЗ»-ро ҳамеша Ориф Ҷўраев ҳакамӣ мекунад? Тарафдори он ҳастам, ки ба тарзи қуръапартоӣ довари бозӣ муайян шавад.

Шамсиддини Ҳикматулло, сардори дастаи «Вахш»: – Ба дастаи мо фарқ надорад, ки доваронро чӣ гуна дар бозиҳо интихоб мекунанд. Мо медонем, ки кадом довар дар кадом сатҳ бозиҳоро ҳакамӣ мекунад. Мо танҳо аз доварон як чизро талаб мекунем, аз рўи виҷдон ҳакамӣ кунанд.

Юсуфҷон Абдуллоев, сармураббии дастаи «Хайр»: – Ҳангоме ин пешниҳод шуд, намояндаҳои даста фикр карданд, ки дар масъалаи доварон беҳбудӣ мешавад. Вале ба фикри ман, чӣ ба тарзи қуръакашӣ ва чӣ бо шакли таъин намудан, натиҷа ҳамон мешавад.

Ҳомид Каримов, сармураббии дастаи «Парвоз»: – Рости гап, бо тарзи қуръакашӣ интихоб кардани доварон шояд дуруст бошад. Онҳо бригадаи муайяни худро доранд, барои ҳамин ақаллан довари асосӣ бояд ба тарзи қуръакашӣ интихоб гардад. Барои он ки гапи зиёд нашавад, ин беҳтарин роҳи ҳалли масъала мебошад.

Ибодулло Қаюмов, сармураббии дастаи «Энергетик»: – Ин пешниҳодро 100% қабул дорем. Баъди қабули ин пешниҳод, касе шикоят карда наметавонад, ки довар ин ё он дастаро дастгирӣ кард. Мехостам, нозирони бозӣ низ ба таври қуръакашӣ интихоб шаванд. Ду-се нозири хубе, ки дорем, ба бозиҳои асосӣ мераванд. Хулоса, ба тарзи қуръакашӣ интихоб шудани доварон, сабаби ранҷиши касе бояд нашавад.

Ўраз Тўрақулов, сармураббии дастаи «Хуҷанд»: – Ба фикри ман ин кор нодуруст аст ва ба тарзи қуръакашӣ интихоб намудани доварон умуман мумкин нест.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан»: – Ташаббуси хуб аст ва агар онро дуруст истифода барем. Пештар касе ба кадом бозие мехост, ба ҳамон мерафт, яъне ба бозиҳои асосӣ. Ба дигар бозиҳо камтар аҳамият медоданд, акнун ин тавр намешавад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол»: – Ин иқдоми хуб аст ва мо онро қабул мекунем. Зеро бештар вақт дастаи маѓлуб бохтро аз ҳакамии доварон дида, эътирози зиёд мекарданд. Акнун бошад, касе гуфта наметавонад, ки довар аз ҷонибдори ин ё он даста буд.

Ҳикмат Фузайлов, сармураббии КМВА «Помир»: – Албатта, мушкилиҳо шояд шаванд. Яъне довари ҷавон ва камтаҷриба ба бозии ҳалкунандае шояд интихоб шаваду ё баръакс ба бозии миёнаи давр довари таҷрибадоре рост ояд. Аммо дар ҳар сурат, ҳам барои доварон ва ҳам барои мо ин навоварӣ таҷриба медиҳад.

Президенти клуби «РегарТадАЗ» Шариф Назаров, нафаре ки ин пешниҳодро карда буд, сабаби ин пешниҳодро чунин шарҳ дод: -Аввалан, фикр мекунам, муайян кардани доварон ба тарзи қуръакашӣ дар пеши ҳама ин нишони шафофияти кори соҳа аст. Баъдан, чун намояндаи ҳар даста худ доварро муайян мекунанд, дар сурати ба хатоӣ роҳ додани довар набояд ба эҳсосот дода шуда, фикрҳои ѓалат баён кунанд. Агар гапе дошта бошанд, пас бояд онро дар протоколи вохўрӣ қайд карда, дар ФФТ аз рўи қоидаи зарурӣ муҳокима намоянд. Сониян, соли гузашта баъзе доварон ба бозии як даста чанд дафъа баромаданд, ки андешаҳои гуногунро ба миён овард. Дар сурати бо қуръакашӣ ҳал шудани ин масъала, ин гуна фикрҳо гум мешаванд.

….ҳамааш «каша» мешавад?

Тавре мебинем, қариб кулли сармураббиён ин иқдомро хуш пазируфтаанд. Аммо чӣ хеле дар боло гуфта гузаштем, қисмате аз доварони марказии кишвар баъзан аз паси сафарҳои хизматӣ берун аз кишвар мегарданд. Дар ин ҳолат шумораи ҳакамон дар вақти қуръакашӣ маҳдуд гашта, эҳтимолияти ба бозии як даста чанд бор афтидани як довар рост меояд, агарчи аз ин ҳолат то ҳанўз намояндаи ягон даста шикоят накардааст.

Дар федератсия бо даровардани ин навоварӣ чунин андешаҳо вуҷуд доранд:

Сафар Каримов, раиси кумитаи интизомиву назоратӣ: – Худи намояндаҳои даста ин пешниҳодро кардаанд, яъне онҳо ҳаминро мехостанд. Ба ин пешниҳод ман на тарафдорам ва на зид.

Мирзо Маҳмадҷонов, раиси шўъбаи техникӣ дар ФФТ: – Намояндагони дастаҳо ҷонибдори ин пешниҳод буданд. Бигзор чунин бошад, дар оянда мебинем, ки ин система чӣ гуна ба кор меравад.

Ориф Ҷўраев, раиси Кумитаи доварони ФФТ: – Ман тасдиқ мекунам, ки дар ягон ҷойи футболи ҷаҳон ин гуна кор намекунанд. Вале аз сабаби он ки роҳбарияти ФФТ ин қарорро қабул кард, мо ҳамчун зердаст онро иҷро мекунем. Мебинем, ки дар оянда чӣ мешавад. Аммо ман фикр мекунам, ки аллакай дар марҳилаи 3-4 ҳамааш «каша» мешавад. Масалан, агар дастаҳои пойтахт ба Суғд сафар кунанду, ҳангоми қуръакашӣ ягон довари душанбегӣ ба бозӣ рост ояд, мегўянд, ки дастаи пойтахт ҳамроҳи худ довар овард ва ё баръакс. Кори доварӣ дар майдон маълум мешавад, агар касе халал нарасонад, аммо ҳамавақт дастае, ки мағлуб мешавад, ҳатман аз доварон шикоят мекунад.

Доварро намояндаи даста муайян мекунад

Ҳарчанд Шариф Назаров паиҳам ба чанд бозии як даста афтидани як доварро мисол овард, вале зикр кардан зарур аст, ки тибқи қуръапартоӣ низ эҳтимоли рух додани ин ҳолат истисно нест. Масалан, довари бозии «Хайр»-«РегарТадАЗ» (даври дуюм) Рустам Холов, бозии даври сеюм миёни дастаҳои «РегарТадАЗ»-«Равшан»-ро низ ҳакамӣ намуд. Ё довари бозии даври дуюм «Равшан»-«Хуҷанд» Диловар Орзуев бозии даври чорум байни дастаҳои «Равшан»-«Вахш»-ро низ ҳакамӣ хоҳад кард. Котиби генералии ФФТ Шералӣ Давлатов рўх додани ин ҳолатро чунин шарҳ дод: – Аслан, даровардани таѓйирот дар интихоби доварон аз тарафи федератсия як навъ дастгирии пешниҳоди дастаҳои футболи кишвар буд. Аммо ба чанд бозии як даста интихоб шудани доварон кори мо нест. Онҳоро худи намояндагони дастаҳо дар шоҳидии якдигарӣ бо роҳи қуръакашӣ муайян мекунанд. Айни замон, мо дар кишвар ҳафт реферии сатҳи олӣ дорем, вале баъзан ду то се нафари онҳо берун аз ҷумҳурӣ дар мусобиқоти КФО дар сафарҳои хизматӣ мешаванд. Аз ин рў, дар вақти қуръа номи чор ё панҷ нафари дар кишвар ҳузур дошта, ба қарта навишта мешавад. Бинобар ин, касе барои паси ҳам чанд дафъа интихоб шудани кадом доваре аз мо бояд хафа нашавад. Доваронро худи намояндагони дастаҳо давоми ҳар ду ҳафта барои ду даври навбатӣ муайян мекунанд.

Қоидаи кўҳнаи навшуда

Ҳарчанд ин қоида дар регламентҳои пешинаи ФФТ низ буд, вале бо ба роҳ мондани як қатор ислоҳот дар кори федератсия, ФФТ тасмим гирифтааст, ки риояи қоидаҳои регламенти навро пурзўр созад. Чун гап дар бораи доварон рафт, мисол меорем. Моддаи 14,банди 5.6 регламенти гузаронидани мусобиқоти футболи ФФТ чунин ҳукм дорад: «За публичные критические высказывание в адрес судей, в средствах массовой информации, если в протоколе матча не было сделано отметок о подаче жалобы на судейство штраф 1000 сомони». Дар асоси ҳамин қоида, рўзи 13 апрел, сармураббии дастаи «Вахш» Аслиддин Ҳабибуллоев барои танқиди довари бозӣ бе ягон исбот ба муҷозот кашида шуд. Мавсуф баъди бозӣ ба хабарнигорон шикоят аз ҳакамии довар карда буд, ҳарчанд дар протоколи бозӣ эътироз қайд нашуда буд. Вале қайд кардани эътироз дар протоколи бозӣ аз рўи регламент вазифадор месозад, ки даъво исбот шавад. Чунин қисмат дигар мураббиёнро низ шояд интизор бошад, агар….. Чунки барои баён кардани андешаҳои эътирозӣ аз ин баъд, ФФТ исбот талаб мекунад. Барои исботи гуфтаҳо тарафи эътирозкунанда бояд аввал 500 сомонӣ ба ҳисоби ФФТ супорида, пас аз он бояд навори видеоии исботи гуфтаҳои худро пешниҳод кунад. Дар сурати мусбӣ ҳал шудани масъала, пули пардохташуда баргардонида мешавад. Аммо дар сурати дарҳол баъди бозӣ, пеши хабарнигорон эътироз кардани мураббиён, маълум мешавад, ки бояд ҷавоб диҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи ҳашти банди 2.3 регламент омадааст, ки «эътирозҳо нисбати сифати ҳакамӣ қабул намешаванд». Пас инро чӣ хел бояд фаҳмид? Дар федератсияи футбол мегўянд, ки бештари вақт эътирози мураббиён ҳамчун як навъ худсафедкунии хеш дар пеши сарпарастон мебошад.

– Ҳолатҳое мешаванд, ки даста паси ҳам чанд бозиро бой медиҳад ва барои худсафедкунӣ пеши роҳбарияту сарпарастон сармураббиён аз ин усул истифода мебаранд, – гуфт дар сўҳбат сардори шўъбаи гузаронидани мусобиқаҳои ФФТ Шавкат Аҳмедов. Номбурда илова кард, ки ин қоидаҳо дар регламенти солҳои пешина низ буд, вале сахтгирӣ намешуд. Аммо соли равон, ФФТ тасмим гирифтааст, ки аз болои риояи қоидаҳои регламенти мусобиқа назорати сахт барад.

Аммо президенти клуби «РегарТадАЗ» Шариф Назаров чунин андеша дорад: – Дар бораи ҷарима бастани мураббиён тибқи регламент ҳаминро гуфтаниам, ки агар кори доварон ба ман писанд набошад ва ман дар ин бора гап занам, ин маънои онро надорад, ки барои ин бояд ҷазо диҳанд. Чи магар аз ин баъд хомўш истода, фикрамонро озод баён накунем? Баъдан, албатта баъзе мураббиёне ки ба эҳсосот дода шуда, нисбати доварон гапи нолозим мезананд, бояд ҷазо гиранд. Мураббиён низ бояд дар протоколи бозӣ норозигии худро қайд намуда, ҳамаи далелҳоро пешниҳод намоянд. Аммо мутахассисон метавонанд, озод фикру андешаи худро нисбати бозӣ ба ВАО ва рўзноманигорон гўянд. Масалан, агар аз ман ё ягон нафари дигар пурсанд, ки шумо ба бозӣ чӣ гуна баҳо медиҳед, мо бояд хомўш истем? Агар бад бошад, мегўям, ки баъзе камбудиҳо буданд, агар хуб бошад, пас мегўям хуб буд. Умуман ман ҳуқуқ дорам, берун аз майдони футбол, фикрамро ба рўзноманигорон гўям. Ин ки дар регламент қоидаи нав дохил кардаанд, фикр мекунам ин қонун зидди тамоми дигар қонунҳо мебошад. Мутахассис дар ҳама сурат метавонад, ба ҳакамии доварон баҳо диҳад, лекин мураббиён то далелҳои норозигиро пешниҳод накунанд, ҳуқуқи гап задан надоранд.

P.S.: Инак, хонандагони азиз тавре бо гуфтаҳои мутахассисон шинос шудед, андешаҳо гуногунанд. ФФТ пешниҳоди дастаҳоро қабул кард, вале талаб мекунад, ки қоидаҳои регламенти бозӣ риоя шуда, барои исботи даъво ба доварон далел пешниҳод шавад. Дар навбати худ аз ин баъд намояндагони дастаҳо дар сурати қайд накардани эътироз дар протоколи бозӣ, ҳуқуқи гап задан надоранд. Баъдан барои исботи даъвои хеш онҳоро сабти видеоӣ лозим аст, ки на ҳама вақт барои тимҳо даст медиҳад. Ҳарчанд даъвоҳо нисбати сифати ҳакамии доварон мувофиқи регламент баррасӣ намешаванд.

Қисмати ин пешниҳод ва ин талаб бо чӣ меанҷомад, вақт нишон медиҳад.

Advertisements