Ten Goals in Dushanbe

Дар рӯзи аввали давр дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, борон борид. Борони голҳо. Душанбегиҳо панҷ гол заданд ва панҷ гол хӯрданд.

  • «Истиқлол» 5:0 «Хуҷанд»
  • ССКА «Помир» 0:5 «Регар» ТадАЗ

Ҳар ду ҳисоб низ ғайримунтазира буд. Агар ба ғалабаҳои «Истиқлол» ва «Регар» ТадАЗ шубҳа кардан душвор буд, вале кам касе интизор дошт, ки ин ғалабаҳо бо чунин ҳисоб хоҳанд буд.

Дар замоне, ки Юсуф Рабиев дар бозӣ бо хуҷандиҳо ҳисобро боз кард, ССКА «Помир» бозии баробар бо қаҳрамони 7-каратаро пеш мебурд. Ва замоне, ки қисми аввалро «Истиқлол» бо ҳамон як голи капитанаш ба анҷом расонид, дар бозии дигари шаҳри Душанбе ҳеҷ касе ҳеҷ голе назада буд.

Ана дар қисми дуввум баъд сар шуде. Дар «Автомобилист» Самад Шоҳзуҳуров, Дилшод Восиев, Анвар Норқулов ва Фарҳод Тоҳиров «Хуҷанд»-ро ба нокаут фиристоданд.  Боиси хушҳолист, ки се голи ин бозиро бозигарони ҷавони мунтахаби Тоҷикистон задаанд.

Боиси хушҳолии бештар гуруснагии Даврон Тухтасунов аст, ки ҳеҷ аз гол дар ин апрел сер шуданӣ надорад. Муддаии дигари унвони қаҳрамонии имсол – дастаи шаҳри Турсунзода низ кӣ буданашро дар қисми дуввум нишон дод. Даврон Тухтасунов се гол ва Комил Саидов ду гол ба дарвозаи ССКА «Помир» заданд. Аввал, дар дақиқаи 61-ум ва 65-ум Комил, ки дар қисми дуввум ба майдон баромада буд, табъи Ҳикмат Фузайловро хира кард. Барои хет-трик ба Даврон Тухтасунов бошад ҳамагӣ 7 дақиқа кофӣ буд.

  • «Равшан» 0:1 «Вахш»
  • «Энергетик» 3:0 «Парвоз»

Даҳ голи рӯзи аввали даври чаҳорум Душанберо сер накард ва дар рӯзи дуввуми давр низ мухлисони футбол шоҳиди се голи дигар шуданд. Ба хушҳолияшон, ин навбат низ дастаи пойтахтӣ ғалаба ба даст овард. Ва ин навбат низ голҳо дар қисми дуввум зада шуданд. Александр Франк, Исломиддин Қурбонов, Пирмурод Бурҳонов рӯҳи Устод Бобоҷон Ғафуровро ношод сохтанд.

Дар бозии дигар дар Кӯлоб мухлисон танҳо як гол диданд. Нӯъмон Ҳакимов, боз ҳам қисми дуввум, ва се холи навбатии «Вахш», ки боз ҳам бо азобе ба даст омадааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 29-уми апрел 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 4 4 0 0 16-0 12
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 9-2 9
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 4 3 0 1 3-2 9
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 4-7 5
5. «Энергетик» (Душанбе) 4 1 1 2 5-4 4
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 4 1 1 2 4-5 4
7. ССКА«Помир» (Душанбе) 4 0 2 2 1-8 2
8. «Хайр» (Ваҳдат) 3 0 1 2 1-6 1
9. «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 1 3 1-10 1

Голзанҳо:

  • Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 7 гол
  • Комил Саидов – 3 гол
     

    Даври 5-ум
    29-уми апрел (панҷшанбе)
    «Регар» ТадАЗ – «Истиқлол»
    «Вахш» – ССКА «Помир»
    1-уми май (шанбе)
    «Хайр» – «Равшан»
    2-уми май (якшанбе)
    «Хуҷанд» – «Энергетик»

Advertisements