Дар рейтинги навбатии ФИФА, ки имрӯз, 28-уми апрел, нашр шуд, Тоҷикистон боз панҷ зина поинтар рафта, то ба ҷои 135-ум фаромадааст. Ҳамакнун, тоҷикон дар рейтинги ФИФА дар байни ду Б, Бермуда ва Барбадос ҷой гирфитаанд. Ҳамсоягии аҷиб. 

Тоҷикистон имсолро дар рейтинги ФИФА хеле хуб оғоз карда ва ду бор бо қадамҳои бузург-бузург ба сӯи пеш ҳаракат карда буд. Вале ҳамакнун боз поинравиҳои мунтахаб оғоз шудааст. 

Руандаро дар назди худ ҳадаф гузоштаем, ки дар ин рейтинг мегузарем, Руанда дар ин моҳ аз ҷой наҷунбида, дар ҷойи 107-уми худ нишастааст баҳузур.

Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА: 

  • 1) Бразил
  • 2) Испониё
  • 3) Португалия 
  • 4) Ҳолланд
  • 5)  Итолиё
  • 6) Олмон
  • 7) Аргентина
  • 8- Инглистон
  • 9) Хорватистон
  • 10) Фаронса

Дар даҳаи аввали ҷаҳонӣ рейтинги ФИФА соҳиби подшоҳи нав шуд. Бразилия Испанияро паси сар гузошт ва ба ҷойи аввал баромад. Португалия низ Ҳолландро паси сар гузошта, ба сегона ворид шудааст. Аргентина ду зина  ва Хорватистон як зина боло рафтаанд ва мутаносибан Инглистону Фаронсаро поин бурдаанд. Аз паси ин даҳгона русҳо дар ҷойи 11-ум истода, нафас кашида истодаанд.

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ): 

  • 1) Австралия (20)
  • 2) Ҷопон (45)
  • 3) Кореяи Ҷанубӣ (47)
  • 4) Эрон (60)
  • 5) Арабистони Саудӣ (66)
  • 6) Баҳрайн (69)
  • 7) Ироқ (82)
  • 8 – Чин (85)  
  • 9) Узбакистон (94)
  • 10) Қатар (95)

Дар даҳгонаи осиёӣ низ тағйирот ба вуҷуд омадааст. Эрон моро хушҳол карда, Саудиро паси сар кардааст ва узбакҳо низ аз арабҳо пеш гузаштаанд, ки табрикашон мегӯем. Кувайт, ки дар ҷойи нуҳум буд, аз даҳгона берун шуд ва ба ҷойи ӯ ба даҳгона Қатар ворид гардид. 

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ як зина поин рафт ва дар ҷойи 22-ум ҳоло мебошад.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА: 

  • 11) Русия
  • 25) Укроин
  • 46) Латвия
  • 48) Литва
  • 81) Беларус
  • 84) Молдова
  • 94) Узбакистон
  • 99) Арманистон
  • 104) Эстония
  • 110) Озарбойҷон
  • 119) Гурҷистон
  • 129) Қазоқистон
  • 135) Тоҷикистон
  • 137) Туркманистон
  • 161) Қирғизистон

Шӯравиён дар рейтинги ҷаҳонӣ кадоме поин, к адоме боло рафтаанд. Ҷаҳиши аз ҳама калонро Литва кардааст, ки даҳ зина боло рафтааст ва аз лағжиши аз ҳама дарднок насиби Қирғизистон шудааст, ки даҳ қадам поин рафтааст. Дар миёни худ арманиҳо ба садаи ҷаҳонӣ ворид шуда, Эстонияро берун афкандаанд.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:

  • 202) Сан-Марино
  • 202) Ангила
  • 202) Монтсеррат
  • 202) Самоаи амрикоӣ
  • 202) Ҷумҳурии Африқои марказӣ
  • 202) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.

Advertisements