Мусовии “Регар” ТадАЗ бо “Истиқлол” ба нафъи “Вахш”


Фардо, рӯзи шанбе, 1-уми май, ду дастаи заифтарини ҷадвали феълии Лигаи Олӣ бозиҳои даври 5-умро идома хоҳанд дод. Даври 5-ум бо бозии миёни «Хуҷанд» – «Энергетик» анҷом хоҳад шуд.

Вале бозиҳои асосии ин давр рӯзи 29-уми апрел, дирӯз, баргузор гардиданд. Дар Қурғонтеппа қаҳрамони феълӣ бозӣ дошт ва дар Турсунзода ду таҳамтани футболи имсолаи тоҷик ва ду муддаии асосии унвони қаҳрамонӣ дар соли ҷорӣ ба муҳориба пардохта буданд.

Дар Қурғонтеппа «Вахш» барои нахустин бор дар мавсими имсола бозии қаҳрамонӣ нишон дод. Тавре вебблоги расмии ин даста менависад, аллакай дар дақиқаи 7-уми бозӣ Рустам Усмонов ҳисобро боз кард. Дар қисми дуввум, дар дақиқаи 72-юм Маҳмадалӣ Содиқов ҳисобро дучанд кард ва шонсҳои ССКА «Помир»-ро барои мусовӣ коҳиш дод. Дар охирин дақиқаи бозӣ Нӯъмон Ҳакимов, ки боз ба оҳистагӣ бозии худро дарёб карда истодааст, ҳамаи ин шонсҳоро ба гӯр бурд. Се бар сифр ва дуввумин бохт бо ҳисоби калони Ҳикмат Фузайлов.

АКСҲО аз бозии «Вахш» – ССКА «Помир»

Таваҷҷӯҳи ҳама, ва аммо, ба бозии «Регар» ТадАЗ – «Истиқлол» ҷалб шуда буд.

Торнамои расмии дастаи шаҳри Турсунзода менависад, риштаи бозӣ аз аввал дар пойи бозигарони маҳаллӣ баста шуда буд. Вале ҳар боре, ки Оливейра, ё капитан Хуршед, ё голеадор Даврон ва бародарон Рустамовҳо ба ҷаримагоҳ ворид мешуданд, маҳсули корашон бенатиҷа анҷом меёфт. То ним соат Амоншоҳ Саодатсайров, дарвозабони меҳмонон» талош дошт, то голе ҳам сар надиҳад. Вале дар дақиқаи 33-юм як зарба аз кунҷро Жаилтон Оливейра истифода бурд ва ҳисоби ин бозиро боз кард.

Дар қисми дуввум сенарияи бозӣ баръакс буд ва аллакай даҳ дақиқа пас аз оғози қисми дуввум нахустин бор дар имсол Алишер Додов тӯбро аз тӯри дарвозааш берун баровард. Юсуф Рабиев муаллифи нахустин гол ба дарвозаи «Регар» ТадАЗ дар мавсими 2010 гардид.

Ҳисоб дигар тағйир наёфт ва натиҷаи бозии «Регар» ТадАЗ – «Истиқлол» ба нафъи «Вахш» анҷом пазируфт.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 1-уми май 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 5 4 1 0 17-1 13
2.  «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 4 0 1 6-2 12
3. «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 10-3 10
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 4-7 5
5. «Энергетик» (Душанбе) 4 1 1 2 5-4 4
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 4 1 1 2 4-5 4
7. ССКА«Помир» (Душанбе) 5 0 2 3 1-11 2
8. «Хайр» (Ваҳдат) 3 0 1 2 1-6 1
9. «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 1 3 1-10 1

Даври 5-ум
1-уми май (шанбе)
«Хайр» – «Равшан»
2-уми май (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Энергетик»

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s