Номзадон ба унвони Беҳтаринҳои Сол


Моҳи апрел барои Тоҷикистон оғози мавсими футболиро овард ва дар ин моҳ дастаҳои Лигаи Олӣ 4-5 бозигӣ анҷом доданд. Бубине6м, ки дар феҳрасти номзадҳо ба беҳтаринҳои сол чӣ тағйироте ворид шуд.

Бозигари сол – Номзадҳои чаҳор моҳи аввал ба унвони Беҳтарин Бозигари Соли 2010 Юсуф Рабиев, Дилшод Восиев, Нӯъмон Ҳакимов, Хуршед Маҳмудов, Даврон Тухтасунов, Жаилтон Оливейра ва Комил Саидов мебошанд. Се турсунзодагии ахирӣ нав акнун ба рӯйхат ворид шуданд ва аз ин феҳраст исми Рустам Усмонов, Иброҳим Рабимов ва Фатҳулло Фатҳуллоев афтид.

Юсуф Рабиев дар ҳайъати мунтахаб дар Шри-Ланка (2 гол) фаъол буд ва ҳамроҳ бо «Истиқлол» дар Туркия (2 гол) низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Дар пирӯзии «Истиқлол» дар Абарҷом низ нақши калидиро дошт, чун ҳар ду голи он бозиро дар коса тайёр карда оварда, ба Дилшод дода буд, то ӯ бихӯрад. Юсуф ҳамчунин дар моҳи апрел яке аз чеҳраҳои калидии дастааш (3 гол) буд, бозии дастаро пеш мебурд. Собиқа: феврал, март, апрел – фаъол.

Дилшод Восиев низ аз чеҳраҳои фарқкунандаи футболи Тоҷикистон дар ин муддат буд. Маҳорати Дилшодро асосан дар бозиҳои дастааш дар тамриноти Туркия ва дар бозии Абарҷом дидем. Дилшод низ ба мисли Юсуф дар Туркия ду гол зад ва аммо ду голи аз ҳама муҳимтаринаш дар ин се моҳро дар бозии Абарҷом бо «Вахш» зад, дар вақти иловагӣ! Дар Лигаи Олӣ низ моҳирона бозӣ кард. (2 гол). Собиқа: март, апрел – фаъол.

Нӯъмон Ҳакимов дар Шри-Ланка моҳир буд (2 гол) ва Лигаи Олиро низ бад сар накард (3 гол). Собиқа: феврал, апрел – фаъол.

Бисёре аз голҳои мунтахаб дар Шри-Ланка ва голҳои дастааш дар Лигаи Олӣ бо талошу ранҷҳои Хуршед Маҳмудов капитани дубанда зада шудаанд ва Хуршед талош дорад, ки аз ҷавонҳо камтар набошад. Собиқа: феврал – фаъол, апрел – нимафаъол.

Номзадони дигари Беҳтарин Бозигари 2010 асосан ба ин феҳраст ба хотири бозиҳояшон дар моҳи апрел афтидаанд ва ҳамагӣ аз дастаи Хуршед Маҳмудов мебошанд. Даврон Тухтасунов гӯиё дасти пири Пелеро гирифта бошад, дар як моҳ аллакай 7 гол задааст, браво, Даврон. Комил Саидов ва Оливейра ҳарчанд се голӣ задаанду ва брозилиягӣ боз дуголашро аз пеналтӣ задааст, вале заҳмати онҳо дар ғалабаҳои дастаашон камназир нест. Ҳар се якгуна собиқа доранд: апрел – фаъол.

Мураббии сол – Феълан мешавад исми Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро (апрел – фаъол)вориди ин феҳраст кард, ки дастааш хеле рангин чемпионатро оғоз намудааст. Салоҳиддин Ғафуровро (март, апрел – фаъол) низ метавон шомили феҳраст донист, чун дастааш дар Туркия натиҷаҳои бад нишон надод, Абарҷомро соҳиб шуд ва дар Лигаи Олӣ низ ҳанӯз пешпо нахӯрдааст.

Тими сол «Истиқлол» яке аз номзадон аст, ки дар ин байн тамринҳои хуб доир карда истодааст, аз ҷумла дар Туркия, сарпарастони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст, Абарҷомро соҳиб шуд, дар бозори бозигарон фаъол буд, Лигаи Олиро хуб оғоз намуд. Дар бозори бозигарон, дар мавзӯъи тамриноти хориҷӣ ва дар Лигаи Олӣ ҳамчунин «Регар» ТадАЗ низ фаъол аст ва феълан танҳо ҳамин ду дастаро метавон номзад ба Беҳтарин Тими Сол номид. Собиқаи ҳар ду ҳам: март, апрел – фаъол.

Ҳодисаи солАз ҳодисаҳое, ки метавонанд ба беҳтарин ҳодисаи сол будан номзад шаванд, метавон болоравиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА-ро номид. Ёдовар мешавам, дар моҳи феврал мо якуякбора 17 зина боло рафтем, дар моҳи март бошад, 20 зина боло рафтем. Аз номзадҳои беҳтарин ҳодисаи сол будан ҳамчунин метавон оғоз ба фаъолият кардани торнамои расмии дастаи «Хуҷанд», торнамои расмии «Регар» ТадАЗ ва торнигори расмии «Вахш»-ро номид. Дуи ахирӣ хабарҳои ҷолибу хубу шуниданиву хонданӣ бароямон омода мекунанд.

Пирӯзии сол Се номзад бояд интихоб кунем? Се пирӯзӣ ёфтан душвор аст… Тоҷикистон 3:0 Мянмар, бозии гурӯҳии Ҷоми чолиш. Тоҷикистон 1:0 Мянмар, бозӣ барои ҷойи саввуми Ҷоми чолиш. «Истиқлол» 5:0 «Хуҷанд», даври 4-уми Лигаи Олӣ.

Бозигари ҷавони сол – Метавон аз Парвиз Умарбоев ном бурд, ки ҳамроҳ бо «Рубин»-аш дар моҳи январ соҳиби Ҷоми Иттиҳод гардид, ҳарчанд Парвиз асосан дар таъвизҳо ба майдон мебаромад. Метавон аз Алишер Ҷалилов ном бурд, ки барои «Рубин»-аш аллакай як гол зад ва ба яке аз бозигарони калидии дастаи ҷавононаи «Рубин» табдил ёфтааст.

Фарангии сол – Ҳар ду нафари боло.

….ба ҳар ҳол, ин фарзияи Фолловер буд, ва агар хонандагони гиромӣ, пешниҳодҳои дигаре дошта бошанд, хеле хушҳол хоҳем шуд. 

Advertisements

2 thoughts on “Номзадон ба унвони Беҳтаринҳои Сол

  1. Pingback: WaZup! Asia | Blog | Номзадон ба унвони Беҳтаринҳои Сол

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s