Понздаҳ гол ба дарвозаи «Равшан»


Вахшклаб хабар медиҳад, ки имрӯз, дар бозии дигари даври панҷум дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз омад ва дар ҷадвал ду зина боло рафт.

Нахустин ғалабаи «Хайр» дар таърихи даста дар Лигаи Олӣ дар таърихи ин даста бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд, ҳарчанд рақибаш ҳам на он қадар нерӯманд буд, вале даста тавонист ба дарвозаи рақиб панҷ гол бизанад.

Ин саввумин бохти «Равшан» бо ҳисоби бузург мебошад, қаблан ин даста дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар шаҳри Мирзо Турсунзода се голу панҷ гол сар дода буд.

Пас аз бозӣ бо «Хайр» кӯлобиҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ бор таъми ғалабаро начашидаанд, дар ботлоқи ҷадвал жарфтар ғӯтиданд ва дар панҷ бозӣ танҳо як гол задаву, панҷ голи дигар сар додаанд.

Даври панҷум рӯзи якшанбе бо бозии «Хуҷанд» – «Энергетик» ба анҷом мерасад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 2-юми май 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 5 4 1 0 17-1 13
2.  «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 4 0 1 6-2 12
3. «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 10-3 10
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 2 1 4-7 5
5. «Энергетик» (Душанбе) 4 1 1 2 5-4 4
6. «Хайр» (Ваҳдат) 4 1 1 2 6-6 4
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 4 1 1 2 4-5 4
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 5 0 2 3 1-11 2
9. «Равшан» (Кӯлоб) 5 0 1 4 1-15 1

 

Advertisements

7 thoughts on “Понздаҳ гол ба дарвозаи «Равшан»

  1. Вчерашний матч 5-го тура между «Худжандом» и «Энергетиком» завершился вничью – 1:1.

  2. Агар довар баъди хисоби 1-0 голи Равшанро хисоб мекард он гох бози ранги дигар мегирифт. Асосан он автогол буд. Аммо он руз Хайр “бояд” галаба мекард.

  3. Бозии Хайра аз 8 камера нишон додан. Чаро бозии марказиро 4 руз пас нишон медиханд?

  4. По многочисленным просьбам болельщиков! Администрация блога “Вахш” https://footballtj.wordpress.com/ будет вести онлайн-трансляцию домашнего матча 9-го тура чемпионата РТ между «Вахшем» и «Худжандом», который состоится 29 мая, прямо со стадиона.

  5. ПО МНОГОЧИСЛЕННЫМ ПРОСЬБАМ БОЛЕЛЬЩИКОВ!
    К ВАШЕМУ СВЕДЕНИЮ!!! Администрация интернет-блога трехкратного чемпиона Таджикистана футбольного клуба «Вахш» (Курган-Тюбе) http://vakhshclub.wordpress.com/ будет вести онлайн-трансляцию матчей 8-го (23 мая, воскресенье, начало – 17.00, «Парвоз» – «Вахш») и 9-го (29 мая, суббота, начало – 17.00, «Вахш» – «Худжанд») туров чемпионата Таджикистана по футболу, прямо со стадиона!!! Будьте с нами!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s