Саиди Регарӣ, махсус барои «Футболи Тоҷикистон»

3-уми май (душанбе)
«Истиқлол» – «Вахш» Пешгӯии натиҷа: 2:1

Ин бозии марказии даври шашум хоҳад шуд. Тими қаҳрамоншаванда ва қаҳрамони амалкунанда ба майдон мебароянд. Соҳибони майдон имконият доранд, ки ташаббусро ба даст гирифта, кушиш ба харҷ диҳанд ва голи бармаҳалро офаранд. Агар ин амалиётро дар вақташ иҷро накунанд, дарвозаи «Вахш»-ро ишғол намудан хеле мушкил мебошад. Қувваҳо баробаранд, аммо аз ҷиҳати тактика ду дастаи мазкур аз як дигар хеле фарқ мекунанд. «Истиқлол» дастаи ҳуҷум аст. «Вахш» баръакс, толеъи худашро, мисли «Интер»-и Моуринйо, асосан аз ҳимоя меҷӯяд. Барои ғолибияти Душанбе ба Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев лозим меояд, ки тамоми истеъдоди худашонро истифода намоянд. Агар меҳмонон ин ду бозигарро маҳкам карда тавонанд, бози мусовӣ анҷом меёбад.

8-уми май (шанбе)
ССКА «Помир» – «Хайр»
Пешгӯии натиҷа: 1:1

ССКА «Помир» заифтарин дастаи чемпионати мо аст. Як худи Донтох ба муқобили 11 Донтохи маҳаллӣ бозӣ карда метавонад? Агар малакаи Фузайлов ва дигар бозигароне, ки ҳоло ҳам аз хоб бедор нашудаанд, ба кор равад, дуранг натиҷаи хуб аст.

9-уми май (якшанбе)
«Энергетик» – «Регар» ТадАЗ
Пешгӯии натиҷа: 1:3

Барои «Регар»  ТадАЗ ин дастаи Душанбе рақиби ноқулай мебошад. Аз тарафи дигар барои «Регар» «сайру гашти лолазор» тамом шуд. Рақибони минбаъда «Равшан» ё ССКА нестанд. Аммо «Энергетик» имсол сусттар метобад… Барои металлургон ин ғалаба баъди мусовӣ бо «Истиқлол» мисли кислород зарур аст. Барои «Энергетик» бошад ин дафъа ҳавои сунъӣ кофист.

«Парвоз» – «Хуҷанд» Пешгӯии натиҷа: 1:2

«Дербии» Шимол гумон мебарам, ки ба фоидаи маркази вилоят ҳал мешавад. Агар худи хуҷандиҳо ба хато роҳ надиҳанд. «Парвоз» имсол мақсадҳои наполеонӣ надорад, аммо «Хуҷанд»… Агар даста ба муваффақият ноил нагардад, «фанҳо» Тӯрақуловро намебахшанд. Баъди бохти шармовар аз «Истиқлол» бо натиҷаи 0:5 дар миёни мухлисон норозигиҳо зиёданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 3-юми май 

Ҷой  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/T И
1. «Регар»ТадАЗ 5 4 1 0 17-1 13
2.  «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 4 0 1 6-2 12
3. «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 10-3 10
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 1 3 1 5-8 6
5. «Энергетик» (Душанбе) 5 1 2 2 6-5 5
6. «Хайр» (Ваҳдат) 4 1 1 2 6-6 4
7. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 4 1 1 2 4-5 4
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 5 0 2 3 1-11 2
9. «Равшан» (Кӯлоб) 5 0 1 4 1-15 1

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 7 гол дар ҷои аввал аст.

Даври 6-ум
3-уми май (душанбе)
«Истиқлол» – «Вахш»
8-уми май (шанбе)
С
СКА «Помир» – «Хайр»
9-уми май (якшанбе)
«Энергетик» – «Регар» ТадАЗ
«Парвоз» – «Хуҷанд»

Advertisements