Субҳи имрӯз, 4-уми май, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, барои иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ба Мянмар раҳсипор гардид.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфтааст, субҳи 4-уми май бо мошин ба пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд меравем. Сипас ба воситаи тайёра ба Тайланд ва аз он ҷо ба Мянмар парвоз мекунем. Дастаи мо дар сабқати гурӯҳи «В», ки дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешавад, 10-уми май бо дастаи «Ринаун»-и Шри-Ланка, 12-уми май бо тими «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон ва 14-уми май бо дастаи «Нагакорп»-и Камбоҷа қувваозмоӣ хоҳад кард. Вазифаи аслии мо ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё мебошад».

Дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат меварзанд. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи «А» «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Абахан»-и Бангладеш, «Йоеди»-и Тайван ва қаҳрамони Непал дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 12-ум то 16-уми май дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка барпо мегарданд.

Ба гурӯҳи «С» се даста – «Яданарбон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон ва «Друкстарс»-и Бутан шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Мянмар аз 9-ум то 13-уми май баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳарсе гурӯҳ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё моҳи сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Advertisements