Кортҳои сурхи Ҷалиловҳо


Даври нӯҳуми Премйер-Лигаи Русия миёни дастаҳои дубл бо ду корти сурх ду бозигари тоҷик бо номи Ҷалиловҳо дар ёдҳо боқӣ мемонад.

Аввал, Алишер Ҷалилови қазонӣ аллакай дар дақиқаи дуввуми қисми дуввуми бозии дастааш алайҳи «Сибир» корти сурх гирифт. Аммо, ҷавонони қазонӣ, барандагони Ҷоми Иттиҳод-2010, даҳкаса монда, баръакс ҳаво гирифтанд. То корти сурхи Алишер онҳо 0:1 мебохтанд, вале бозиро бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд. Дар мусовӣ саҳми Парвиз Умарбоев ҳам ҳаст, голи дуввумашонро даҳ дақиқа баъд аз омадани ӯ ба майдон, дар дақиқаи 85-ум, заданд.

Ҷалилови дигар, Искандар, бо ССКА ва бе Муҳаммад Султонов ба «Ростов» рафта буд. Мизбонон дар даҳ дақиқаи аввал уд гол ба дарвозаи маскавиҳо заданд. Дар дақиқаи 14-ум метавонистанд голи саввумро ҳам зананд, вале Искандар худро зери пойи муҳоҷими рақиб партофт ва корти сурх гирифта, азм айдон берун рафт. Ин бозӣ бо ҳисоби 4:3 ба нафъи «Ростов» анҷом ёфт.

«Локомотив» бе Наим Шарифӣ дар ин давр «Сатурн»-и бе Фарҳод Восиевро 2:0 шикаст дод.

Худи Фарҳод бошад, ки дигар «Сатурн» барояш ҳеҷ аҳаммияте надорад, як қисм дар дастаи ҷавононаи «Криля Советов» бар зидди «Алания» бозӣ кард ва дар ғалаба (261) саҳми худро гузошту, дар бозии ҳайъатҳои асосӣ аз курсии эҳтиётӣ нахест.

Ҷавонони «Криля Советов» дар ҷадвал дар ҷойи нӯҳум қарор гирифтаанд ва дар аз онҳо болотар дар ҷойи ҳаштум «Локомотив» истодаасту дар ҷойи ҳафтум «Рубин». ССКА-и Искандару Муҳаммад дар ҷойи охирин аст.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s