Бозии «Вахш» – «КРЛ» рӯзи 12-уми май соати 14:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

KHAN RESEARCH LABORATORIES (ПОКИСТОН) 

KRL яке аз се дастаи беҳтарини Покистон номида мешавад, вале унвонҳояш камтар аз ду дастаи беҳтарини дигари Покистон – ВАПДА ва Пакистан Арми мебошад. КРЛ ду бор Ҷоми миллии чолиши Покистонро дар солҳои 2009 ва 2010 ба даст оварда, дар охирин сабқати Покистон барои нахустин бор дар таърихаш қаҳрамон шудааст. Ин қаҳрамонӣ низ барои даста бо азобе даст додааст, чун дар охир шумори холҳояш баробар бо Пакистан Арми (60 холӣ) буд ва даста танҳо аз рӯи таносӯби беҳтари голҳо (таносӯб 10 гол бештар аз рақиб) унвонро ба даст овард. Дастаи ВАПДА аз ин дугона ҳамагӣ се хол камтар ба даст овард.

Даста дар соли 2001 ҷойи дуввумро гирифтааст ва дар солҳои 2004, 2005, мавсимҳои 2006-2007 ва 2007-2008 ҷойи саввумро соҳиб шудааст.

Дар соли 2001 дар Ҷоми ҷомдорони Осиё аллакай дар нахустин давра аз рақиби таиландии худ бо ҳисоби маҷмӯъии 1:7 шикаст хӯрд.

Варзишгоҳи хонаии даста дар шаҳри Равалпиндӣ мебошад. Даста аз шаҳраки Каҳута, аз вилояти Панҷоби Покистон мебошад. Аз ин рӯ, дастаро ҳамчун Kahuta Research Laboratories низ мешиносанд. Исми Khan Research Laboratories ба ифтихори доктор Абдул Қодир Хон гузоштаанд. Ин мард яке аз олимони сатҳи ҷаҳонии олами ҳастаӣ мебошад ва падари барномаи ҳастаии Покистон аст.

Озмоишгоҳе, ки сарпарасти даста аст, низ ба номи ҳамин мард гузошта шудааст вадар ин озмоишгоҳ аслиҳаи замонавитарини ҳастаиро месанҷанд ва ҳам уранро коркард мекунанд.

ДАСТАҲОИ ПОКИСТОН ДАР ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТ

Ин рақиби қаҳрамони Тоҷикистон барои аввалин бор дар Ҷоми Президент бозӣ мекунад. То имрӯз ин кишварро танҳо Пакистан Армӣ ва ВАПДА намояндагӣ мекарданд. Дастовардаи бузургтаринашон ҳам нимниҳоии ВАПДА дар Турсунзода аст, ки қариб буд, «Регар» ТадАЗ-и воҳимаро аз ҳам бипошад. Он бозӣ, мутмаинам, аз хотири бисёриҳо нарафтааст.

  • 2005 – ВАПДА: Дастовард: Ҷойи саввум дар гурӯҳ. Бозиҳо: 3 ( 1 пирӯзӣ ва 2 бохт). Голҳо: 2-3.
  • 2006 – Пакистан Армӣ. Дастовард: Ҷойи чаҳорум дар гурӯҳ. Бозиҳо: 3 (1 мусовӣ ва 2 бохт). Голҳо: 2-6.
  • 2007 – Пакистан Арми. Дастовард: Ҷойи чаҳорум дар гурӯҳ. Бозиҳо: 3 (1 мусовӣ ва 2 бохт). Голҳо: 6-8.
  • 2008 – ВАПДА. Дастовард: Ҷойи 4-уми гурӯҳи интихоботӣ. Бозиҳо: 3 (1 мусовӣ ва 2 бохт). Голҳо: 2-4.
  • 2009 – ВАПДА. Дастовард: Ниманиҳоӣ. Бозиҳо: 4 (1 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 1 бохт). Голҳо: 6-5.

Бузургтарин пирӯзии худро дастаи покистонӣ дар ин сабқат соли 2009 бар Тайван Пауэр Компанӣ бо ҳисоби 3:1 ба даст овардааст ва нокомтарин шикасташ дар соли 2006 аз Татунги боз ҳам тайванӣ будааст.

ДАСТАҲОИ ПОКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

  • 2007 – Пакистан Арми 1:2 «Регар» ТадАЗ (Аббос Абдуллоев 65, Мансур Ҳакимов 68)
  • 2008 – ВАПДА 1:2 «Регар» ТадАЗ (Бахтиёр Ҳасанов 17, Даврон Тухтасунов 76)
  • 2009 – ВАПДА 0:0 «Регар» ТадАЗ
  • 2009 – ВАПДА 3:4 «Регар» ТадАЗ (вақти иловагӣ). (Иброҳим Рабимов 74, Маъруф Рустамов 90+1, 118, Ҳасан Рустамов 106)
Advertisements