“Вахш” омодагиҳо мебинад


«Вахш»-и Қурғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009, пас аз ду рӯзи мусофират ба маҳалли баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми раиси АФК, шаҳри Янгони Мянмар расид.

Нарзулло Латифов, хабарнигори Радиои Озодӣ, аз шаҳри Янгон, пойтахти Мянмар хабар медиҳад, ки «Вахш» аз ҳамаи рақибони худ аввалин шуда, ба маҳалли бозиҳо расидааст ва бозигарони тоҷик аллакай зери сармураббигии Аслиддин Ҳабибуллоев ба тамринот шурӯъ кардаанд. Нарзулло Латифов гуфт, ҳаво дар Янгон хеле гарм аст ва дар нимаи рӯз гармии ҳаво то ба 43-44 дараҷа мерасад.

Исроил Шарифов, раиси дастаи «Вахш», ба Радиои Озодӣ гуфт, бозигарони тоҷик ба сабқат бо рӯҳияи хуб омодагӣ мебинанд. Ӯ гуфт, ба он хотир барвақттар ба Янгон омадаанд, то ба ҳаво беҳтар мутобиқ шаванд. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, барои мутобиқати беҳтар тамринот низ дар вақте гузаронида мешавад, ки бозиҳо сурат хоҳанд гирифт – соати 4-и вақти маҳаллӣ. Исроил Шарифов илова намуд, ки даста танҳо бо як ҳадаф – ҷойи аввал дар гурӯҳ ба Янгон омадааст.

Нарзулло Латифов, хабарнигори Радиои Озодӣ, гуфт, бозии нахустини «Вахш» рӯзи 10-уми май бо қаҳрамони Шри-Ланка, дастаи «Ринаун Спортс Клаб» доир хоҳад шуд. Сипас, қаҳрамони Тоҷикистон бо қаҳрамони Покистон – «Озмоишгоҳи Хон», ва қаҳрамони Камбоҷа – «Нагакорп», нерӯ хоҳад санҷид.

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s