Ҷоми президенти АФК -2010 имрӯз пас аз зӯҳр бо бозии миёни қаҳрамони Туркманистон, дастаи МТТУ, ва қаҳрамони Бутан, дастаи «Дракстерс», оғоз шуд.

Ин бозӣ дар шаҳри Янгони Мянмар сурат гирифт.

Дар бист дақиқаи аввал чандин ҳамлаи туркманҳо ноком анҷом ёфтанд, то замоне,к и дар дақиқаи 20-ум Давид Саркисов ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 40-ум нимҳимоятгар Арсланмурат Аманов голи дуввумро ба тӯри дарвозаи бутаниҳо даровард. Бердӣ Шамурадов дар дақиқаи 56-ум аз ҷаримаи 11-метра голи саввумро зад.

Сипас, каме бештар аз бист дақиқаи дигар туркманҳо истироҳат карданду, боз дар даҳ дақиқаи охир ба дарвозаи қаҳрамони Бутан сели голи туркманӣ омад. Дақиқаи 81-ум Арсланмурат Аманов голи дуввуми худашро зад. Бердӣ Шамурадов дар дақиқаи 87 низ шумори голҳои худро дар ин бозӣ ба ду расонид. Дар дақиқаи 88-ум Пирмурат Газаков таъми гол заданро чашид. Дар дақиқаи 89-ум Бердӣ Шамурадов хет-трик намуд ва дар дақиқаи 90-ум аз ҷаримаи 11-метраи дигар покер кард. Чаҳор гол дар чаҳор дақиқа. Нам б такая результативность.

Ин ду даста дар гурӯҳи С ҳунарнамоӣ мекнуанд ва дар ин гурӯҳ бар иловаи ин ду даста ҳамчунин дастаи мизбон – «Яданарбон» низ шомил аст. Мянмариҳо рӯзи 11-уми май талош мекнуанд, то ба дарвозаи бутаниҳо бештар аз туркманҳо гол зананд ва сипас рӯзи 13-уми май кӯшиш хоҳанд кард, то бо туркманҳом усовӣ карда, дар майдони худ ҷойи аввалро бигиранд.

Мянмар мизбони на танҳо гурӯҳи худ, балки гурӯҳи Б, гурӯҳи мо низ ҳаст. Бозиҳои гурӯҳи мо рӯзи 10-уми май, фардо, оғоз хоҳанд шуд. Аввал, ба майдон «Нагакорп»-и Камбоҷа дар «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон санҷида хоҳад шуд. Сипас, «Вахш» каллаи «Ренаун Спортс»-и Шри-Ланкаро хоҳад канд.

Тақвими пурраи бозиҳои гурӯҳи «Б»:

  • 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) – «КРЛ» (Покистон)
  • 10-уми май: «Вахш» – «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
  • 12-уми май: «КРЛ» – «Вахш»
  • 12-уми май: «Ренаун Спортс» – «Нагакорп»
  • 14-уми май: «Вахш» – «Нагакорп»
  • 14-уми май: «КРЛ» – «Ренаун Спортс»

Ҳамроҳ бо даври дуввуми бозиҳои гурӯҳи мо, гурӯҳи «А» низ талош барои роҳхатро оғоз хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Дакка, Бангладеш доир хоҳанд шуд. Тақвимашон ҳам ин гуна аст:

  • 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) – «Ҳасус» (Тайван)
  • 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) – «Ню Роуд Тим» (Непал)
  • 14-уми май: «Ню Роуд Тим» – «Дордой» (Қирғизистон)
  • 14-уми май: «Ҳасус» – «Абаҳани Лимитед»
  • 16-уми май: «Ҳасус» – «Ню Роуд Тим»
  • 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» – «Дордой»

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин гурӯҳ дар ин миён қаҳрамони Тайван исми худро аз «Йеодӣ» ба «Ҳасус» иваз кард. Дар ин гурӯҳ чанде пеш «Дордой-Динамо» низ калимаи «Динамо»-ро аз номи худ ҳазф карда, макони стиқоматашро аз шаҳри Норин ба Бишкек тағйир дода буд.

Advertisements