Ҳамдардии «Футболи Тоҷикистон» ба мардуми зарардида аз сел


Торнигори «Футболи Тоҷикистон» бо андӯҳи гарон дар дил аз номи муаллиф ва тамоми хонандагони худ ба мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои Хатлон, ки дар натиҷаи сел офатзада ва ғамзада шудаанд, изҳори тасаллият мекунад.

Барои даҳҳо қурбонии ин фоҷеа, занони бечора ва кӯдакони дунёнодида дасти дуо ба сӯи Арши Илоҳӣ мебардорем, то дунёи охираташон обод бошад.

Барои садҳо мардуме, ки дар ҷисму дар равонашон ҷароҳатҳо бардоштаанд, дасти дуо мебардорем, то Парвардигори Меҳрубон захмҳояшонро шифо бахшад.

Имрӯзҳо қалби тамоми мардуми поквиҷдони Тоҷикистон либоси сияҳ пӯшидааст. Тоҷикистон имрӯз сияҳпӯш аст.

Торнигори «Футболи Тоҷикистон» аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, то рӯзи 10-уми мартро дар ҷумҳурӣ Рӯзи Мотами Миллӣ эълон бикунад ва дар саросари кишвар парчамҳо поин афканда шаванд. Ҳамчунин, бо арзи эҳтиром аз ҳукумат хоҳиш мешавад, то вазифаи хидматгузори мардум будани худро ба ҷо оварда, манзилҳои харобро обод бигардонад ва то ҳадди имкон талафоти молии мардумро баргардонад.

Изҳори умедворӣ мекунем, ки саҳлангороне, ки дар ҷилавгирӣ аз офат гунаҳгоранд, ҷазо дода шаванд.

Торнигори «Футболи Тоҷикистон» ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки барои мардуми офатзада ёрие мерасонанд ва ё ҳадди ақал дасти дуо мебардоранд, миннатдории худро изҳор мекунад.

Торнигори «Футболи Тоҷикистон» ҳамчунин бо камоли эҳтиром аз Федеросюни футболи Тоҷикистон хоҳиш мекунад, то ба дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки шанбеи оянда, 15-уми май, бояд дар варзишгоҳи худ бозии навбатии сабқати Лигаи Олиро доир намояд, дар баргузории ин бозӣ дар майдоне дигар ёрӣ бирасонад.

Advertisements

5 thoughts on “Ҳамдардии «Футболи Тоҷикистон» ба мардуми зарардида аз сел

  1. Аз ҳамаи хонандагони Футболи Тоҷикистон хоҳиш мешавад, ки ба аҳмдардии ин торингор нисбат ба ин фоҷеа ҳамроҳ шаванд.

  2. Сегодня состоялись два матча чемпионата РТ:
    “Хайр” – “Истиклол” – 0:2
    “Регар” ТадАЗ – “Парвоз” – 4:1

  3. Хамдардии худро ба мардуми минтакаи Кулоб, ки аз сел зарари молию чони дидаанд изхор медорам.
    Бисёр хам хуб мешуд, ки ФФТ дар баргузории бозихои Равшан ёрии амалии худро мерасонд.(Масалан баргузории бозихо дар варзишгохи н.Восе). Умед аст ки дигар дастахои Лига низ то хадди имкон ёрии худро мерасонанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s