«Вахш» гардани шӯҳрати шерро шикаст (Гузориш аз бозии нахустини «Вахш» дар Мянмар)


10.05.2010. Янгон, Мянмар. «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс Клаб» (Шри-Ланка). Голҳо: Рустам Усмонов 57, 72, 82, Алексей Неъматов 59, Нӯъмон Ҳакимов 60, Аҳтам Ҳамроқулов 75.

«Вахш»: Фарҳод Юлдошев, Субҳон Хӯҷамов, Алексей Неъматов, Асадулло Нуруллоев, Рустам Хоҷаев (корти зард) (Наим Улмасов 80), Умед Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов 68), Акмал Сабуров, Баҳодур Шарифов, Рустам Усмонов, Нӯъмон Ҳакимов (капитан), Маҳмадалӣ Содиқов (Фирдавс Файзуллоев 75).

Гурез аз иштибоҳи мунтахаб

«Вахш» қабл аз ҳар рақиби дигараш ба Мянмар барои иштирок дар ин сабқат сафар кард, то бо ҳавои тасфони маҳаллӣ мутобиқ шавад ва аз иштибоҳи февралии мунтахаби Тоҷикистон дар нибсати боду ҳаво парҳез бикунад.

«Вахш» тамринҳояшро низ дар ҳамон соатҳое доир мекард, ки қарор буд, бозӣ баргузор шавад – 4-и бегоҳ ба вақти Янгон.

Як рӯзи пеш аз оғози бозиҳо, Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Вахш», гуфт, як бор таҷрибаи талхи иштирок дар ин сабқатро дорад, вале он замон аз қирғизҳо шикаст хӯрда буданд. Ҷаноби Ҳабибуллоев гуфт, он замон ӯ дарвозабон буд, ҳамакнун сармураббӣ аст ва ин навбат кӯшиш хоҳад кард, то Ҷомро соҳиб шавад.

2, 5, 13 ва 2

Он ки кӣ дар конфронси матбуотии қабл аз бозӣ чӣ гуфт, ҳамаро ба торнигори расмии «Вахш» устод Нарзуллоҳи Латиф нақл кард.

Аслиддин Ҳабибуллоев, аз ҷумла, гуфт, ки дар мянмар дар ҳайъати дастааш ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон – ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев ва муҳоҷим Нӯъмон Ҳакимов бозӣ мекунанд.

Шумораи мунтахабиҳо дар ҳайъати рақиби имрӯзаи «Вахш» – қаҳрамони Шри-Ланка панҷ нафар будаанд ва ҳамаашон пероҳани мунтахаби Шри-Ланкаро мепӯшидаанд. Сармурабии ин даста ҳамчунин гуфтааст, ба сабқат хуб омодагӣ гирифтаанд ва ба нерӯи худ боварӣ доранд.

Хон Рисеҷ, профессори «Озмоишгоҳи Хон», гуфтааст, қаҳрамони Покистон бо худаш 13 (!) узви мунтахаби Покистонро овардааст, вале сарфи назар аз ин, фикр мекунад, ки муддаии асосии роҳхат тоҷикон мебошанд.

«Нагакорп»-и Камбоҷа ҳам худро муддаии роҳхат ҳисоб мекардааст, тавре гуфтааст сармураббии он даста, ки бо худаш ду узви мунтахаби Камбоҷа ва як фарангӣ аз Нигерияро овардааст. Ин мардак боз бар илвоаи даъвояш гуфтааст, ки дастааш нимакасбӣ мебошад – яъне, нисфи бозигарон маош мегиранд, нисфи дигарашон просто так бозӣ мекунанд. Ба мисли «Равшан» да.

Шӯҳрати шер шикаст

“Renown” аз англисӣ «шӯҳрат» тарҷума мешавад, «шри» бошад дар забони ҳиндӣ маънои «шер»-ро дорад. Дар бораи қаҳрамони Шри-Ланка «Футболи Тоҷикистон» аллакай нақл карда буд ва таъкид карда будем, ки дар бораи ин дастаи «шӯҳратёр»-и Шри-Ланка ҳатто ҷанобон Гугл ва Википедия низ қариб чизе намедонанд.

Чизе донистан дар бораи ин даста он қадар муҳим ҳам набудааст. Ҳарчад, дар қисми аввал бозигарони рақиб мурдаашонро дар ҷаримагоҳи худ партофта, дарвозаашонро аз гол эмин нигоҳ доштанд, вале дар қисми дуввум гурусна ва ташна монда, парчами сафед бардоштанд ва таслим шуданд.

Рустам Усмонов, ки дар оғоз ширкаташ дар бозӣ ба сабаби шаҳрвандии Қазоқистонро пазируфтанаш зери шубҳа буд, дар дақиқаи 57-ум ҳисобро боз кард. Як дақиқа нагузашта Алексей Неъматов голи дуввумро зад. Боз як дақиқаи дигар нагузашта Нӯъмон Ҳакимов, капитани “Вахш”, ҳисобро 3:0 кард. Се гол дар се дақиқа!

То анҷоми бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов як голи дигар ва Рустам Усмонов, ки Ари Элайҷаро аз “списка” барояш шуда хат заданд, ду голи дигар зада, ҳисобро 6:0 карданд. Бо ғалабаи нахустин “Вахш” дар садри ҷадвали гурӯҳаш қарор гирифт ва пасфардо, 12-уми май, бо қаҳрамони Покистон, дастаи “Озмоишгоҳи Хон” бозӣ хоҳад кард.

Ду бомби ҳастаии покӣ

Покистониҳо имрӯз ба Камбоҷа ду бомби ҳастаӣ партофтанд ва озмоиши нахустини ҳастаияшон комгорона анҷом пазируфт.

“Нагакорп” 1:2 “КРЛ” (Чий Чам 9 – Калимуллаҳ 4, 30)

Феҳрасти голзанҳо:

  • Бердӣ Шамуратов (МТТУ)– 4 гол
  • Рустам Усмонов (“Вахш”) – 3 гол
  • Арсланмурат Аманов (МТТУ) ва Калимуллоҳ (КРЛ) – 2 голӣ
  • Давид Саркисов, Пирмурат Газаков (ҳар ду аз МТТУ), Чий Чам (“Нагакорп”), Алексей Неъматов, Нӯъмон Ҳакимов ва Аҳтам Ҳамроқулов (ҳама аз “Вахш”) – 1 голӣ.

Тақвими пурраи бозиҳо:

Гурӯҳи “А”:

  • 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) – «Ҳасус» (Тайван)
  • 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) – «Ню Роуд Тим» (Непал)
  • 14-уми май: «Ню Роуд Тим» – «Дордой» (Қирғизистон)
  • 14-уми май: «Ҳасус» – «Абаҳани Лимитед»
  • 16-уми май: «Ҳасус» – «Ню Роуд Тим»
  • 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» – «Дордой»

Гурӯҳи “Б”:

  • 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) 1:2 «КРЛ» (Покистон)
  • 10-уми май: «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
  • 12-уми май: «КРЛ» – «Вахш»
  • 12-уми май: «Ренаун Спортс» – «Нагакорп»
  • 14-уми май: «Вахш» – «Нагакорп»
  • 14-уми май: «КРЛ» – «Ренаун Спортс»

Гурӯҳи “С”:

  • 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
  • 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) – «Дракстерс» (Бутан)
  • 13-уми май: МТТУ – «Яданарбон»
Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s