Қаҳрамони Туркманистон, МТТУ, дар бозии гурӯҳи «С»-и марҳилаи интихобии Ҷоми президенти АФК бо мизбон – «Яданарбон»-и Мянмар мусовии бидуни гол кард ва дар гурӯҳи худ ҷойи дуввумро гирифт.

Ҳамин гуна, нахустин роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми президенти АФК-2010 насиби «Яданарбон» гардид. Дар бозӣ бо туркманҳо барои қаҳрамони Мянмар танҳо мусовӣ кофӣ буд, зеро онҳо ба дарвозаи дастаи дигари ин гурӯҳ аз Бутан 11 гол зада буданд ва туркманҳо ба он даста танҳо 8 гол зада буданду халос.

Ҳарчанд, аллакай дар дақиқаи 29-уми бозӣ мизбонон – мянмариҳо дар бозӣ бо туркманҳо як нафар кам монданд, вале туркманҳо аз ин бартарият то ба охир истифода бурда натавонистанд. Сифр бар сифр ва «Яданарбон» дар ҷойи аввалу МТТУ дар ҷойи дуввум. Роҳхат аз «Яданарбон» ва туркманҳо акнун интизори натиҷаҳои гурӯҳҳои дигар.

Бо назардошти он ки Мянмар дар сатҳи хуб бозиҳои интихобии ду гурӯҳро доир карда истодааст, аз эҳтимол дур нест, ки мизбонии марҳилаи ниҳоӣ низ ба ин кишвар супурда шавад.

Агар чунин шавад, пас «Вахш» эҳтимол дорад дар тирамоҳ боз ба Мянмар сафар бикунад.

Вале барои ин ҳақро ба даст овардан қаҳрамони Тоҷикистон бояд имрӯз дар гурӯҳаш ҷойи аввалро бигирад.

Феҳрасти голзанҳо:

  • Рустам Усмонов (“Вахш”), Бердӣ Шамуратов (МТТУ) ва Пай Сое («Яданарбон»)–  4 голӣ
  • Ватанак Тиаб («Нагакорп») ва Ян Пейнг («Яданарбон») – 3 голӣ
  • Арсланмурат Аманов (МТТУ), Калимуллоҳ (КРЛ), Илдар Амиров ва Давид Тетте (Ҳар ду аз «Дордой»), Муҳаммад Инамул Ҳақ («Абахани») – 2 голӣ
  • Давид Саркисов, Пирмурат Газаков (ҳар ду аз МТТУ), Чий Чам (“Нагакорп”), Алексей Неъматов, Нӯъмон Ҳакимов ва Аҳтам Ҳамроқулов (ҳама аз “Вахш”), Аунг Кяв Мо, Йе Зоу Ҳтет Аунг, Айе Мо ва Тҳет Нейнг (ҳама аз «Яданарбон»), Артём Муллоҷонов («Дордой»), Чим Самбо («Нагакорп»), Муҳаммад Иззатул Анам ва Шанмугараҷа Санҷив (ҳар ду аз «Ренаун Спортс Клаб») – 1 голӣ.

Тақвими пурраи бозиҳо:

Гурӯҳи “А”:

  • 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) 5:0 «Ҳасус» (Тайван)
  • 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) 2:0 «Ню Роуд Тим» (Непал)
  • 14-уми май: «Ню Роуд Тим» – «Дордой» (Қирғизистон)
  • 14-уми май: «Ҳасус» – «Абаҳани Лимитед»
  • 16-уми май: «Ҳасус» – «Ню Роуд Тим»
  • 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» – «Дордой»

Гурӯҳи “Б”:

  • 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) 1:2 «КРЛ» (Покистон)
  • 10-уми май: «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
  • 12-уми май: «КРЛ» 0:1 «Вахш»
  • 12-уми май: «Ренаун Спортс» 2:4 «Нагакорп»
  • 14-уми май: «Вахш» – «Нагакорп»
  • 14-уми май: «КРЛ» – «Ренаун Спортс»

Гурӯҳи “С”:

  • 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
  • 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) 11:0 «Дракстерс» (Бутан)
  • 13-уми май: МТТУ 0:0 «Яданарбон»
Даста Б П М Ш T/T Х
«Яданарбон» 2 1 1 0 11-0 4
МТТУ 2 1 1 0 8-0 4
«Дракстарз» 2 0 0 2 0-19 0

 

Advertisements