Парвиз Умарбоев, фарангии тоҷики дубли «Рубин», дар бозии дастааш бо ҷавонони ССКА-и Маскав ду гол зад ва ғалабаи ҷавонони қазониро таъмин кард.

Парвиз дар ин бозӣ, ки дар пойтахти Тотористон баргузор шуд, дар диқақаи 32-юм ба майдон даромад.

Ӯ даромаду ҳисоби 1:0 ба нафъи дастааш шуд. Пойи қадами Парвиз муборак омад ва ҳамдастаи ӯ ҳисоби ин бозиро боз кард.

Вале баъдан маскавиҳои ҷавон, ки дар ҳайъаташон на Муҳаммад Султонов ва на Искандар Ҷалиловро роҳ дода буданд, пайи ҳам ду гол зада, ба пеш гузаштанд. Воқеан, яке аз ин голҳоро Томаш Нетсид, аз ҳайъати асосии ССКА ба нишон расонид.

Баъдан, ситораи Парвиз тулӯъ кард. Дар байни 6 дақиқа, дақиқаҳои 71-ум ва 77-ум довар ба дарвозаи ССКА ду пеналти таъин кард ва ҳар дуяшро Парвизи тоҷик ба самар расонид. Се бар ду, ғалабаи «Рубин»-и бо Парвиз ва бе Алишер имрӯз.

Пас аз ин пирӯзӣ «Рубин» дар ҷадвали ҷавононаи Премйер-Лига ба ҷойи шашум баромад. ССКА бошад дар ҷойи 14-ум истодааст.

Аз дастаҳои ҷавонони дигари тоҷик «Локомотив»-и Наим Шарифӣ низ дар ин давр дар майдони худ бар «Амкар» ду голи бепосух зад. Наим то дақиқаи 70-ум дар майдон буд. Ин пирӯзӣ «Локомотив»-ро ба ҷойи чаҳорум бурд.

Фарҳод Восиев дар ин ҳафта дар қисми аввали бозии ҷавонони «Криля Советов» бо «Ростов», ки мусовӣ анҷом ёфт, иштирок дошт ва сипас  дар бозии ҳайъатҳои асосии ин дастаҳо аз дақиқаи 64-ум ба майдон даромад.

Advertisements