ДИЛи рекордОВАР (Ҷамъбасти боз ду даври «ФУТБОЛДОН»)


ДАВРИ ШАШУМ – ДАВРИ ЭЪТИРОЗҲО

Даври эътирозҳо

Даври шашум омехта аз бозиҳои сабқатҳои дастаии Аврупо ва дохилии кишварҳои аврупоӣ бо шумули бозии абардастаҳои тоҷикии «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» иборат буд. Аввалин нафаре, ки ба ин давр пешгӯи гузошту ҳамон замон аз он норизоӣ баён кард, «идейшик»-и «Футболдон», Мақсудҷон Иброҳим буд. Норизоии Мақсудҷонро чанде аз футболдонҳои дигар низ дастгирӣ кардан, зеро онҳо мехостанд, ки бозиҳои танҳо 1-2 рӯз интихоб шаванд.

Бар болои ин ҳама акаи Рустам низ қариб буд Фолловерро аз 3 хол маҳрум кунад. Ҳол он ки Фолловер худаш он қадар холи бисёр ҳам надорад.

Навҳо ва кӯҳнаҳо

Дар ин давр ҳамчунин Мустангер ва Али бо ре-брендинги исми худ ба Алиҷон бе ҳеҷ эътирозе ба озмун баргаштанд, вале Афандӣ, ВС, Ҷумъахони Кӯлобӣ дар ин давр хоб рафтанд. Ба ҷойи онҳо Вахшклуб, модератори фаъолтарин вебблоги футболии имрӯз дар Тоҷикистон, ва Тинҳо, бародари бишкекии Умедҷон Юсуфов, яке аз содиқтарин хонандаҳои «Футболи Тоҷикистон» ба озмун ворид шуданд.

Ҳосили кам

Аввалин иштироки Тинҳо дар «Футболдон» ноком буд, чун ӯ аз ҳама камтар хол гирифт. Вале шояд як сабабаш ҳам дар он буд, ки асосан аз сабқатҳои дохилии аврупоӣ бозиҳоро интихоб карда будем ва аз 5 бозии сабқатҳои дохилии аврупоӣ бештар аз ҳама Бобош танҳо 5 хол гирифту халос. Панҷ нафари дигар бошанд аз ин панҷ бозӣ ягон хол нагирифтанд.

Чун навбати бозиҳои ҷомҳои аврупоӣ даррасид, шумори холҳои футболдонҳо зиёдтар шуд, ғолиби давр барои аввалин бор Эрикссон117 гардид, вале ба ӯ танҳо ду хол камӣ кард, то рекорди Бештарин холи як даврро такрор бикунад.

Ин рекорд (16 хол) моли Ману (даври дуввум) ва Афандӣ (даври 6-ум) буд. Ману пас аз даври шашум дар феҳрасти асосӣ низ дар садри аввал аст. Аз паси ӯ панҷ футболдони дигар бо бештар аз 5- холӣ шапошап доранд. Гурӯҳи «середнячки» бошад якуякбора аз 13 бозигар иборат аст. Аҷобат ин ки яке аз пешсафҳои мавсими гузашта Рустам низ дар ҳамин гурӯҳ қарор дорад.

ДАВРИ ҲАФТУМ  – ДИЛи рекордОВАР

Бандагони Зевс

Дар даври 7-ум талабҳои мӯътаризонро ба инобат гирифтем ва бозиҳои танҳо ду рӯзро воридаш кардем. Ҳамаи бозиҳо низ аз сабқатҳои дохилӣ гирифта шуда буданд – аз Тоҷикистон сар карда, то ба Шотландияву Украинаву Юнон. Воқеан, ба ҳама тавсия медиҳам – шарҳҳои Мундуқбой ба ин бозиҳоро бихонед, ман хеле хандидам. Вале Юнон, ин кишвар бо бӯҳрони молиявияш боз ин даврро ба ҳам зад ва бозии ду пешсафи сабқати қаҳрамонияш ба сабаби митингбозиҳои бандагони Зевс чанд рӯз ақиб партофта шуд.

Хайрият, ки ақиб партофта шуд, зеро, азбаски шумори бозиҳои як рӯз хеле зиёд буд, дар ҳисоби холҳо мушкил мекашидем. Ташаккур ба Эрикссон117, ки дар ҳисоби холҳо ёрӣ дод.

Хоби акаи Рустам

Эрикссон117 аз ягона бозии тоҷикии ин давр миёни «Истиқлол» ва «Вахш» ягон хол нагирифт ба мисли ҳамаи футболдонҳои дигар, ба ҷузъ акаи Рустам. Танҳо акаи Рустам хоб дида буд, ки ин ду таҳамтан дасти ҳамдигарро ба нишони сулҳ мефишоранд. Бозии дигаре, ки ҳамаро, ҳатто акаи Рустамро фиреб дод, «Локомотив» бо «Сатурн» буд, ки ҳеҷ кас ягон хол аз он нагирифт.

Ҳиммати «Лион» ва рекорди Диловар

Вале бачаҳо аз бозизҳои дигарон холи зиёд гирифтанд ва бисёре аз бозиҳоро ҳатто ҳисобашро дуруст дарёфтанд. Масалан, ҳисоби «Лион» 2:1 «Осер»-ро якуякбора 7 нафар дарёфтанд. Диловар ҳам аз ҷумлаи ин ҳафт нафар буд, ва дар бозии мавқуфмондаи юнониҳо танҳо ӯву Мундуқбой боварӣ доштанд, ки ПАОК ба дарвозаи Олимпиакос як гол мезанаду халос.

Мундуқбой, ки дар ҳама бозиҳо ҳамин ҳисоб медиҳад, вале Диловарро бовраӣ ба ПАОК ба садри яке аз бахшҳои «Футболдон» – Бештарин холи як давр – баровард. Диловар дар маҷмӯъ 17 хол касб кард ва рекорди Ману (16 хол, даври 2-юм) ва Афандӣ (16 хол, даври 6-ум)-ро шикаст.

Ҳушдор ба ВС ва Ҷумъахони Кӯлобӣ

Ин пирӯзӣ Диловарро ба он панҷгонае, ки дар ҷадвали умумӣ аз паси Ману медавад ворид кард ва акнун панҷгона ба шашгона мубаддал шудааст. «Середнячки» ҳам ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд – нӯҳгона ва панҷгона.

Ва дар охир «аутсайдерҳо» ҷой ёфтаанд, ки миёнашон Парвиз Н – бозигари нав ворид шудааст ва бо нахустин вурудаш 12 хол гирифтааст, ки маънои онро дорад, ки ба зудӣ бо ин хел холгирӣ ба болоҳо хоҳад рафт. Илҳом, ҳам ки аз Парвиз як баробар камтар хол гирифтааст, дар ҳамин давр ба мо пайваст, Афандӣ пас аз як гурез ба мо баргашт, вале Бобош ва Тинҳо иштирок дар даври 7-умро фаромӯш карданд. Иштирок дар ин даврро ВС ва Ҷумъахони Кӯлобӣ (умедворам, сел  ба ӯ зарар нарасонида бошад) низ фаромӯш карданд ва ин дуввумин бор пайидарҳам аст, ки ин ду нафар қоидаро мешикананд. Агар дар даври 8-ум низ хобашон бурда монад, аз озмун хориҷ мешаванд ва холҳояшонро аз даст хоҳанд дод.

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД:

СЕ ИСТГОҲИ АВВАЛИ “ФУТБОЛДОН”

АФАНДӢ РЕКОРДРО ТАКРОР КАРД

Advertisements

20 thoughts on “ДИЛи рекордОВАР (Ҷамъбасти боз ду даври «ФУТБОЛДОН»)

  1. Мехостам ба озмун таъгирот дарорам ё ин ки илова. Камина орзу доштам, ки хар як давр бозии бонусдор барпо гардад. Яъне аз дах бозии интихобгашта, як бозии марказиро мегирем ва агар касе хамин бозиро аник ёфт сохиби 4 хол не сохиби 6 хол гардад. Боз пешниход дорам, ки бозихои гурухии Чоми чахонро аз хозир сар карда ба даврхо таксим намуда нашр намоед. Мисол 10бозии аввалро як давр, 10 бозии минбаъдаро даври навбати ва 10 бозии ояндаро боз як даври дигар ва хамин давом меёбад то плей – офф.

    • Дар бораи бонус – нисбат ба 7 даври гузашта ноадолати мешавад.

      Масалан. бонус метавонад чунин бошад – агар касе дар як давр натичаи 5 бозиро пурра ефт, холхои хамон панч бозияш якбаробар зиед мешавад.

      Вале ин холхо дар мачмуъ зиед мешавад,в але на дар он давр.

      Дар бораи се давр аз бозихои гурухии чемпионати чахон – рози хастам. Се даври пайихам метавонад аз он бозихо бошад. Дар гурух дар мачмуъ чанд бози мешуда бошад? 30-40?

  2. Мархамат карда даври навбатиро нашр кунед акаи Фолловер!!!

    29.05.10 Slovakia Cameroon
    29.05.10 New Zealand Serbia
    29.05.10 Spain Saudi Arabia
    29.05.10 USA Turkey
    29.05.10 Hungary Germany
    ——————————————————–
    30.05.10 Tunisia France
    30.05.10 Japan England
    30.05.10 Nigeria Colombia
    30.05.10 Paraguay Côte d’Ivoire
    30.05.10 Belarus Korea Republic
    _____________________________________

  3. 02.06.10 Greece Paraguay
    ——————————————————————

    03.06.10 Spain Korea Republic
    03.06.10 Germany Bosnia-Herzegovina

    04.06.10 Slovenia New Zealand
    04.06.10 France China PR
    04.06.10 Japan Côte d’Ivoire
    05.06.10 USA Australia
    05.06.10 Slovakia Costa Rica
    05.06.10 Switzerland Italy
    05.06.10 Serbia Cameroon
    05.06.10 South Africa Denmark
    —————————————————————

    06.06.10 Nigeria Korea DPR

    • Бмон ака мон! Мада фарк надора, любой чемпионати медонум. Чемпионати кишлоки мора мон, мешава – ку. Мода командахо бисёрай просто бози камай. Командахои Хочи Катаган (стадионаш 22-юмин сезди КПСС), Миршинокоро Юнайтед (Стадионаш Хирмангала), Коки Дароз (стадионаш Каландар Алянс Арена)
      Мон охир хаму бозихора.

      29.05.10 Slovakia Cameroon
      29.05.10 New Zealand Serbia
      29.05.10 Spain Saudi Arabia
      29.05.10 USA Turkey
      29.05.10 Hungary Germany
      ——————————————————–
      30.05.10 Tunisia France
      30.05.10 Japan England
      30.05.10 Nigeria Colombia
      30.05.10 Paraguay Côte d’Ivoire
      30.05.10 Belarus Korea Republic

      Анахамин списка мада маъкулай. Бозихо ништягай.

      Хамин бозихо ништякай.

  4. Дигарон чи фикр доранд?

    Пешниход дорам, Футболдонро дигар то ҶОми Ҷаҳон ба истироҳат фирситем в аз бозиҳои гурӯҳии ҶОмиҶаҳон якуякбора се давр созем.

  5. Бале дустонаанд,

    Истирохати бисёр хам ба дили кас мезанад.

    Яку як бора се давро созем ин фикро бад не, лекин агар аз ин бозихои контроли як давро пеш аз Чоми чахон гузаронем ва хама огох мешуд, ки кадом тим дар кадом холат мебошад ва ба се даври дар пеш истода хуб омода мешудем ( яъне мо низ як даври контроли мегузаронем пеш аз Чоми Чахон)!!!

  6. Намешавад ки Чоми Чахонро отделний турнир кунем ,масалан ман 250сомон мемонам,мумкин дигар бачахоям монанд ,чои якум 150, дувум100,севум 50

  7. Фолловер -Братан товаришеские игры это не серезно. Там больше шоу чем борбы. Поэтому если выбераете какуб-либо игру то она должна имет серезный характер. Ещё до чемпионата мира больше 20 дней и пауза в турнире “Футболдон” скажется на “физическую готовность” участников. Нужна “практика”. Если есть возможность найдите другие матчи и продолжите турнир без остановки.
    Участники могут и не ждать. Начинается пора отпусков и многие уйдут на природу. Например алафдарав. Максудчон намерен посешать замок “Иф”. По его словам там ему удобно угадать результаты матчей. ПРИВЕТ ИСФАРЕ!!!!!!!!!!!

    • Фолловер -Братан товаришеские игры это не серезно
      —————-

      ман рози, вале кани хамон бози?

      якуякбора се даври Лигаи олиро монем чи?

  8. Фолловер, мы поддерживаем инициативу Рустама, нам тоже нужна игровая практика. Лично мое предложение до чемпионата мира провести еще один спарринг.
    Вот эти матчи:
    29.05 – «Вахш» – «Худжанд»
    30.05 – «Хайр» – «Парвоз»
    И еще 8 товар. игр

  9. Что касается предложения Эмиля, то я поддерживаю, но сумма 250 сомони большая для простых болельщиков, не у всех есть такая сумма. Может быть скинемся по 30-40 сомони и разыграем общий приз. Сделаем так: кто угадает пару финалистов, с каким счетом завершится финал, то приз пусть выигрывает он.

  10. Ку пеш ай ЧМ як давр бурорен охир. Ку ягон хисоб ёбем. Мара ягон кас дарёв мекуна ё не? Ку бачахо харакат кунен охир. Ман як худам тока зик шидам лидербуданда.

  11. Pingback: Даври саиди Саид ва back-up аз Ману (Ҷамъбасти даврҳои 8, 9, 10 ва 11) « Футболи Тоҷикистон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s