«Дордой», МТТУ ва «Вахш» бар иловаи бегона аз «Яданарбон» – чунин аст чаҳоргонаи дастаҳое, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси КФО роҳхат гирифтанд.

«Яданарбон» ва «Вахш» қаблан ҳамчун ғолибони гурӯҳҳои худ ду роҳхатро ба даст оварда буданд. Дар иня кшанбе «Дордой» мусовии лозима бо «Абаҳани»-ро ба даст овард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳаш роҳхати саввумро гирифт. Ҳама талошҳои мизбонони бангладешӣ барои ғолибият дар ин бозӣ ноком гардид ва як голи онҳо низ ба сабаби хилофи қоида буданаш ҳисоб нашуд.

Роҳхати чаҳорум насиби қаҳрамони Туркманистон ба ҳайси беҳтарин дастаи ҷойи дуввмуи гурӯҳҳо гардид.

Ҳамакнун, тирамоҳ ин чаҳор даста барои унвони беҳтарини бадтаринҳои дастаии Осиё дар майдони яке аз ин кишварҳо талош хоҳанд кард.

Қирғизистон ва Тоҷикистон аллакай як борӣ мизбони ин бозиҳо буданд ва як сабаби он ки мизбонии бозиҳои гурӯҳиро бар дӯш нагирифтанд, дар хоҳишашон барои мизбонии марҳилаи ниҳоӣ буд. Аммо Мянмар ҳам ки якуякбора мизбонии марҳилаи интихобии ду гурӯҳро бар дӯш дошт, шояд бигӯяд, бубинед, ман чӣ гуна мизбони хубам – марҳилаи ниҳоиро низ ба ман диҳед. Туркманистонро фаромӯш накунем, ки ҳеҷ боре мизбон набуд вале майдони хеле олии варзишӣ дорад.

Феҳрасти голзанҳо:

  • Рустам Усмонов (“Вахш”) – 5 гол
  • Бердӣ Шамуратов (МТТУ) ва Пай Сое («Яданарбон»)–  4 голӣ
  • Ватанак Тиаб («Нагакорп»), Ян Пейнг («Яданарбон»), Юрий Волос («Дордой») – 3 голӣ
  • Арсланмурат Аманов (МТТУ), Калимуллоҳ (КРЛ), Илдар Амиров ва Давид Тетте (Ҳар ду аз «Дордой»), Муҳаммад Инамул Ҳақ («Абахани»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Шанмугараҷа Санҷив («Ренаун Спортс Клаб»), Су Де-чай («Ҳасус») – 2 голӣ
  • Давид Саркисов, Пирмурат Газаков (ҳар ду аз МТТУ), Чий Чам (“Нагакорп”), Алексей Неъматов, Маҳмадалӣ Содиқов ва Нӯъмон Ҳакимов (ҳама аз “Вахш”), Аунг Кяв Мо, Йе Зоу Ҳтет Аунг, Айе Мо ва Тҳет Нейнг (ҳама аз «Яданарбон»), Артём Муллоҷонов («Дордой»), Чим Самбо («Нагакорп»), Муҳаммад Иззатул Анам ва Абдулазиз Фазлур Раҳман (ҳар ду аз «Ренаун Спортс Клаб»), Аҳмад Шаҳид (КРЛ), Чен По-лианг («Ҳасус), Ҷиван Синкемана, Ғавғанӣ Мосавӣ-Шаян, Набин Неупане, Ранҷит Шреста (ҳама аз «НРТ»)– 1 голӣ.

Тақвим ва ҷадвали пурраи бозиҳо:

Гурӯҳи “А”:

  • 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) 5:0 «Ҳасус» (Тайван)
  • 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) 2:0 «Ню Роуд Тим» (Непал)
  • 14-уми май: «Ню Роуд Тим» 0:3 «Дордой» (Қирғизистон)
  • 14-уми май: «Ҳасус» 0:0 «Абаҳани Лимитед»
  • 16-уми май: «Ҳасус» 3:4 «Ню Роуд Тим»
  • 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» 0:0 «Дордой»
Даста Б П М Ш Т/Т Х
«Дордой» 3 2 1 0 8-0 7
«Абаҳанӣ» 3 1 2 0 2-0 5
«НРТ» 3 1 0 2 4-8 3
«Ҳасус» 3 0 1 2 3-9 1

Гурӯҳи “Б”:

  • 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) 1:2 «КРЛ» (Покистон)
  • 10-уми май: «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
  • 12-уми май: «КРЛ» 0:1 «Вахш»
  • 12-уми май: «Ренаун Спортс» 2:4 «Нагакорп»
  • 14-уми май: «Вахш» 3:0 «Нагакорп»
  • 14-уми май: «КРЛ» 1:2 «Ренаун Спортс»
Даста Б П М Ш T/T Х
«Вахш» 3 3 0 0 10-0 9
«КРЛ» 3 1 0 2 3-4 3
«Нагакорп» 3 1 0 2 5-7 3
«Ренаун» 3 1 0 2 4-11 3

Гурӯҳи “С”:

  • 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
  • 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) 11:0 «Дракстерс» (Бутан)
  • 13-уми май: МТТУ 0:0 «Яданарбон»
Даста Б П М Ш T/T Х
«Яданарбон» 2 1 1 0 11-0 4
МТТУ 2 1 1 0 8-0 4
«Дракстарз» 2 0 0 2 0-19 0
Advertisements