Алексей Евстафйев, сармураббии мунтахаби 16-солаҳои Узбакистон, гуфтааст, аз қуръаи кашидашуда дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасони Осиё хушҳол аст.

Узбакистон, ки мизбони ин сабқат дар тирамоҳ хоҳад буд, дар як гурӯҳ бо мо – Тоҷикистон ва ҳамчунин бо Урдун ва Индонезия бозӣ хоҳад кард.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасони зери 16-сола аз 24-уми октябр то 7-уми ноябр дар Тошкант баргузор мегардад.

Group A
A1. Uzbekistan
A2. Tajikistan
A3. Jordan
A4. Indonesia
Group B
B1. Iran
B2. Syria
B3. DPR Korea
B4. Oman
Group C
C1. Japan
C2. Australia
C3. Timor Leste
C4. Vietnam
Group D
D1. UAE
D2. Iraq
D3. China
D4. Kuwait

Мунтахаби Зоир Бобоев рӯзи 24-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор» сабқатро бо бозӣ алайҳи Урдун оғоз мекунад. Бозии мо пас аз бозии Узбакистону Индонезия дуввуми бозии оғози сабқат хоҳад буд.

Рӯзи 26-уми октябр боз ҳам дар «Пахтакор» Акмал Холматов аз голҳои ҳамватанонаш ба дарвозаи Индонезия каф хоҳад кӯбид ва баъдан, рӯзи 28-уми октябр боз ҳам дар ҳамон варзишгоҳ мунтахаби Зоир Бобоев даҳони ҳазорҳо мухлиси Узбакистонро воз хоҳад мононд.

То он ки мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон барои дуввумин бор дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии ин сабқатҳо роҳ ёбад, дар марҳилаи интихобӣ шохи арабҳои Баҳрайну Лубнон, камбағалҳои Непал ва такаббури Эронро шикаста буданд.

Advertisements