Бозии «Хуҷанд» – «Бей-Беги»?!


Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои «Футболи Тоҷикистон»

Бозии «Хуҷанд» – «Регар» ТадАЗ-ро дар қисми дуюмаш дарёфтам. Ҳисоб 0-3 буд. Мухлисони зиёде ҳам ҷамъ  омада буданд. Ба майдон дар ин шароити мо сифати аъло додан мумкин аст, ба шарте ки майдончаи дарвозабонро назар нагирем. Ҷойҳои нишаст ҳам бад не. Дар раҳу рӯи варзишгоҳ як норасоии калон дида мешавад, қутти партоб нест. Шояд бароямон хандаовар бошад, лекин, бовар кунед, ин норасоии хеле калон аст. Ин ҳам як намуди тарбияи ҷомеа аст, агар ҳамон қуттиҳо бошанд, шояд мо раҳу рӯро ин қадар ифлос намекардем. Хайр, бало ба паси ҳамон ящику ифлосиҳо. 

Афсӯс, бозии фарангиёни металлургҳоро дида натавонистам, зеро дар қисми дуюми бозӣ «Регар» ТадАЗ қариб ,ки бе форварди асил бозӣ мекард. Ба ҳар ҳол, муҳоҷими комил дида намешуд, муҳоҷим буду, он бештар ба ҳайси нимҳимоятгари ҳамлакунанда бозӣ мекард. 

Хуб, ин тактикаи мураббӣ аст, зеро 3-0 дар қисми аввали бозӣ, ба болои ин дар сафар, боз бо яке аз дастаҳои хуби шимоли мамлакат, ки имрӯз «таъвизи наслҳо»-ро аз сар гузаронида истодааст, аллакай дастоварди хуб ҳам гӯем, хато намекунем.

Дар қисми дуюм, бозии «Хуҷанд»-ро боз хамон бей-беги гуфтан мумкин аст. Дар давоми 49 дақиқа танҳо як партоби диагонали олиҷанобро дидам. «Хуҷанд» дар қафо лидер надорад. Шахсе нест, ки дар байн нақши диспетчерро иҷро кунад. Дар пеш бозигари рақами 40 (Шӯҳрат Шамсиев) лидери даста аст. Голи ягонае, ки ин ветеран ба рақиб зад, хеле «хунсардона» буд. Шояд тариқи телевизор хонандагони ин сомона голи дуюми Истиқлолро ба дарвозаи Хайр дида буданд, он ҷо ку сад дар сад айби дарвозабон, ки тӯбро дуруст гардонида натавонист, баъд байни ҳимоятгарон паника ба вуҷуд омада буд, он бозигар саросема нашуда, тӯбро хуб коркард карду, базебакак вориди дарвоза сохта буд. Дар ин бозӣ низ Шамсиев тӯбро хеле моҳирона кор карда, ду-се ҳимоятгар ва дарвозабони «Регар» ТадАЗ-ро писанд накард. 

Як гол зада шуд. «Хуҷанд» каме зиндатар шуд. Ана, гуфтем интрига. Лек ҳайҳот. Хатти ҳимояи «Хуҷанд» мушкилдортарин хатти бозияш мебошад. Дар ҳуҷуми аввали ҷавобии баъдӣ бозигари меҳмон аз тарафи рост ба ҳамла баромада, як партоби олиҷаноби поёнй (прострел) кард, ки ба он на ҳимоятгарон (4 нафар) расиданду, на дарвозабон; бозигари аз канори чап баромада, дар ҳолати рандеву бо дарвозабон баромад, ва тӯбро ба тӯри дарвозаи муйсафеди хуҷандиҳо ворид кард. Айбро ба гардани ҳимоятгари канори рост бор кардан мумкин аст. Аммо ҳар чӣ буд, гол зада шуд. 1-4 ин аллакай «разгром».

Баъд, дар дақиқаи 63-юм як ҳимоятгари «Регар» ТадАЗ тӯбро қариб аз хатти дарвозааш баргардонд. Боз чанд даъфаи дигар бозии зебои Шамсиевро дидем. 

Футболи тоҷик бо як чизаш номдор аст: «дағалӣ!». Агар мухлисони собиқадор дар хотир дошта бошанд, дағалтарини мо Рашид Раҳимов буд. Ноинсоф, на бачаҳои худиро мешинохту, на бегонаро. Худиҳоро чунон медавонд-ки! Қиссаи, хато накунам, Игор Лагутенкоро дар ёд доред? Бечора аз Помир гурехта рафта буд (ба фикрам ба қирғизҳо), аз пушти хамин акои Рашид-дия. Баъд сулх карда оварда будандаш. 

Агар он дагалихои точикон дар он вакт асос дошта, хатто то як дарачае зебо хам буданд, пас ин дагалие, ки имруз дар бозихои точикон дида мешаванд, ман тамоман бемантик меномам. Масалан, шарт нест, ки дар бози пои худу пои харифатро шикани. Маданияти бози карданро надорем-мо. Бозигар медонад, ки дигар худашро кушад хам сохиби туб шуда наметавонад, ба ин нигох накарда ба пои хариф лагад мезанад…

Дар бози бо ССКА Помир агар дар Хучанд як дисциплинаи оличаноб дида мешуд, пас дар бози бо Регар дар бораи тартиб фаромуш карданд. Хамин буд, ки дар натичаи рафтори гайриварзиши ду як нафар: яке аз Хучанд (№88) ва дигаре аз Регар корти сурх гирифтанд боз як нафари дигари Регар дар хамин «бетартибии гайриварзиши» варакаи зардро дар пеши худ дид. Ана рахмат, ана футбол. Хисоби 4-1 дорию боз бехудаю бедарак дар пешат светофор сурх шавад, ман инро ба номарди нисбати хамкомандахо ва мухлисон мешуморам. Э, дар Киев бозиро тамошо мекунию, як рохат карда мебарои, аммо дар мо ЗИНХОР!

Нисбати тактикаи минбаъдаи Уроз-ака норозиям. Баъди якнафари кам шудан Регар боз ба дарвозаи худ акибнишини карда, як-як ба суи хариф сих мезад. Хучандро мебоист дар фикри хучум бошад. Аммо хамон чахор нафар химоятгар дар чои худ буданд. Ивазшавихо низ дигаргунии куллиеро ба миён наоварданд. Канори рости хучуми Хучанд то карибихои охири бози холи монда буд. Ба фикрам Хучандро мебоист бозиро бо се нафар химоятгар идома дихад ва як нафар ба пеш – ба канори рост бароварда мешуд. Хучумхои чавобии Регарро се нафар химоятгаре ки нисбатан зичтар бози кунанд, бемухобот нейтрал карда метавонистанд. Бар замми ин дигар фикри дарвозаи худ бояд дар мадди дуюм мемонд. Зеро разгром аллакай шуда буд. Хайр, мофикри худро мегуему, Уроз Туракулов донотар аст.

Чаро стили бозиро бей-беги гуфтам:

  1.  Дар бозии Хучанд хамдигарфахми нест (хайр инаш стилро аник намекунад)
  2. Партоби кутох – девор (игра стенкой, короткий пас) дида намешавад.
  3. Як расиш (однокасание) кариб ки тамоман нест.
  4. Баъди ин суханхои болоиро бо як ибораи дигар «бозии бекомбинатсия» поён мерасонем.

Дар наздикии майдончаи чаримавии хариф панч нафар бозигарони сафеду кабуд дар ихотаи се –чор нафар бозигарони Регар хастанд, аммо ба якдигар наметавонанд паси кутох диханд, ё деворча созанд, ба чои ин саросемавор тубро бо шаст ба дигаре медиханд, ки… Хуллас, бозигарони ин даста хануз пурра омухти якдигар нашудаанд…

Бозии Регар дар кисми дуюм аз чихати тактика грамотный! Аммо агар ба ШШ боз ягон нафари дигар хамрох мешуд, пас якин дар пусти металлургхо кох чой мекарданд. 

18 thoughts on “Бозии «Хуҷанд» – «Бей-Беги»?!

  1. Не Бахтиёр, не “бей-беги”, сейчас так говорят: “Бей вперед – игра придет!”

  2. Дар Хучанд мухлисон вакти гусел Оливейраро Дрогба номиданд.

    Дар фурудгох бошад бо кафкубихо:

  3. Кош мухлисони дигар низ ба мисли акаи Бахтиер аз бозихо порахои навор сабт карда, дар ин чо мегузоштанду, бахсхо мекарданд…

  4. Шармандаги !!!

    Таджикистан попал под «каток»
    23.05.2010 20:30
    Ташкент – Начинать второй тайм при счете 8:0 крайне сложно, причем, как для проигрывающих, так и для выигрывающих. В таких случаях для первых практически невозможно рассчитывать на победу, а вторым – настроиться на второй тайм.

    В матче первого тура группы В с участием сборных команд Ирана и Таджикистана на чемпионате Азии по футзалу в Узбекистане в роли ведущих по традиции оказались персы. Но, несмотря на столь уверенное преимущество, и во второй половине встречи подопечные Хоссейна Шамса не стали расслабляться.

    После перерыва они еще 11 раз огорчили соперника своими точными ударами. В свою очередь, игроки сборной Таджикистана сумели дважды поразить цель и уйти от «сухого» поражения. Забили Дильшод Васиев (26) и Фатхуло Фатхуллоев (33).

    Следует отметить, что Мохаммад Тахири в составе сборной Ирана отличился семью голами, которые позволили ему вырваться в безоговорочные лидеры спора бомбардиров.

    • Tashkent: There is just no pleasing Iran coach Hossein Shams. Despite his team beating Tajikistan 19-2 on the opening day of the AFC Futsal Championship 2010, Shams said he was not satisfied with the performance.

      “I would like to congratulate my rival coach from Tajikistan because his team scored two goals against us,” said Shams.

      “That does not happen often and I am not satisfied at how we played. I was expecting more from this team.

      “I want to apologise to the spectators. In the next match, we will be better.”

      As for Tajik coach Damir Kamaletdinov, defending champions Iran proved themselves to be the team to beat.

      “Scoring 19 goals is an amazing achievement,” he said. “But we played the current and future champions of Asia and I am sure they will win it again for the 10th time.

      “We did not set ourselves any targets coming into this game. But it was a good experience for us.”

    • Iran’s merciless demolition of Tajikistan in their AFC Futsal Championship opening game is of a piece with their massive victories in the group stages since the inaugural edition in 1999.

      Statistics reveal that it is something of a habit for the reigning champions, who will be gunning for their 10th title in the 11th instalment currently underway in Tashkent, to notch up double figure winning margins.

      In 1999, Asia were given clear notice of Iran’s unmatched prowess in the shorter version of the game with a 29-0 defeat of Singapore, who failed to score. This is also the all-time record, which stands unmolested till today.

      In the year 2000, Iran whipped Macau 22-0 before going close in the next edition to overtaking their own record when they brushed aside Singapore again 28-0.

      Iran’s facile 17-0 win in 2002 over Malaysia was spectacularly put in the shade by Iraq’s 20-1 outclassing of Brunei.

      It was the turn of Lebanon to taste Iran’s fury in 2003 though the 14-2 victory was a much diminished one by Team Melli’s high-octane standards.

      The next two instalments saw Iran back at their rampaging best as they downed Cambodia 24-1 before making mincemeat of Bhutan 27-2. Again, Iran were two goals away from setting a new record.

      In 2006, the only time when Iran have seen their iron-grip on the title prised open (by Japan), there was no indication that a historic upset was on the cards as Team Melli shredded Indonesia 20-1 in the group action.

      Hapless Malaysia were next in line to get some food for thought in 2007 after succumbing to a 15-1 defeat.

      Tajikistan, just like now, had little answer to Iran’s awesome firepower in 2008, and didn’t even have the consolation of answering back – unlike Sunday’s match when they managed two goals – as the Central Asians went down 14-0.

  5. Аз интервюи Шохрух Саидов:
    ——————-
    Я не только за «Истиклол», буду доволен и за другие душанбинские команды, если смогут опередить всех в итоговой таблице чемпионата.
    ——————–

    Ранги ман будай

  6. Акаи Бахтиер, дар Киев бачахои точик хастанд?
    __________________

    Хо хеле зиёд хастанд. Аз чумла як нафар мухлиси ашадии Вахш. Исмашон Курбон. Чавонмарди асилзодаи точик!! Номбардори точикон!! БОзи чихое гуям кам аст нисбати ин мард.
    Масалан, ин инсон аз хисоби худаш як яхдони гунчоишаш яктоннага харида ба МАсчиди Ар-Рахма (университети исломи) тухфа кардааст. Короче Ютубба дароед, ман чанд навор мондаам дар бораи точикони Киев.
    Чи буд? Яъне чаро чунин суол кардед?

  7. Дар торнигори расмии Хучанд омадааст:

    Ветерани дастаи “Хучанд” Шухрат Умаров мухофизатгари дастаи “Регар”-ро фиреб дода, тубро ба кунчи дарвоза зад ва он вориди дарвоза гардид

    Пас ман хато кардаам?

    • ne, saiti khujandd ishtiboh kardaast…dar borai kiev ba on khotir pursidam, ki mekhoham mohi august on jo tamosho ravam…va albatta agar boz bachahoi khudi boshand, ki dar daryofti hoteli arzontar yo posutochnaya kvartira yori dihand va shahrro ham tamosho dihand, chi kadar khub mebud…

      • Симкортамро дар Зафаробод мондаам. Ин хафтахо равам, раками телефони баъзеашонро медихам. Вакте бачахо аз ТОчикистон омада буданд, мо аз вокзали Киев Пасс квартира ёфта будем. Нархаш, ба рости дар ёдам нест… Аммо назар ба мехмонхона хело арзон буд ва ин бизнес дар он чо расми аст (Дар Минск хам расми буд). Ба хар хол бо точикбачахо тамос гиред хубтар аст. Он чо писари Сталин (Исо Абдурашид) мехонд, раками телефони уро медихам, бо у хатми тамос гиред хуб мешуд…

  8. Акаи Бахтиер, мунтазири чунин таассурот аз бозихои дигар низ хастем.

  9. Симкортамро дар Зафаробод мондаам. Ин хафтахо равам, раками телефони баъзеашонро медихам. Вакте бачахо аз ТОчикистон омада буданд, мо аз вокзали Киев Пасс квартира ёфта будем. Нархаш, ба рости дар ёдам нест… Аммо назар ба мехмонхона хело арзон буд ва ин бизнес дар он чо расми аст (Дар Минск хам расми буд). Ба хар хол бо точикбачахо тамос гиред хубтар аст. Он чо писари Сталин (Исо Абдурашид) мехонд, раками телефони уро медихам, бо у хатми тамос гиред хуб мешуд…

    —————————

    Имейлхояшонро дихед, шояд бехтар бошад. Имейли хамонхоеро ки барояшон кумак кардан ташвиш набошад, зеро намехохам боиси ташвиш гардам бар онхо.

    Эхтимол ба Киев наравам, вале агар равам хуб мешавад, шахри зебо ва кадима будагист…..

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s