Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз се пирӯзии пасиҳам дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Мянмар ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

“Вахш” нахуст бар тими “Ренаун Спортс Клаб”- и Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 6-0 ғолиб омад. Футболбозони тоҷик баъдан дастаи “Озмоишгоҳи Хон”-и Покистонро бо ҳисоби 1-0 мағлуб карданд. “Вахш” дар бозии севумаш бар тими қаҳрамони Камбоҷа – «Нагакорп» бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи «Вахш» бо 9 хол ва беҳтарин таносуби тӯбҳо – 10-0 дар сабқати гурӯҳи «В» ғолиб шуд.

Шореҳи маъруфи варзиш Нарзулло Латифов, ки ҳамроҳи дастаи «Вахш» ба Мянмар сафар карда буд, сабти навори ҳар се бозии қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба Телевизиони «Сафина» пешниҳод намуд. Ба иттилоъи коргардони ТВ «Сафина» Музаффар Раҳматов, сабти навори бозиҳои «Вахш» ба тамошобинон пешкаш мешавад. Замони пахши гузоришҳо чунин аст:

  • рӯзи ҷумъаи 28-уми май, соати 11.10 – «Вахш» – «Ренаун Спортс Клаб» (Шри-Ланка),
  • рӯзи шанбеи 29-уми май, соати 11.10 – «Вахш» – «Озмоишгоҳи Хон» (KRL, Покистон),
  • рӯзи якшанбеи 30-юми май, соати 11.10 – «Вахш» – «Нагакорп» (Камбоҷа).

Бозиҳоро шореҳ Нарзулло Латифов шарҳ медиҳад.

Advertisements