Акмал Холматов ба “Пахтакор” пирӯзӣ меоварад


Акмал Холматов, собиқ муҳофизи номдори мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар ин рӯзҳо гоҳ-гоҳе дар дастаи «Пахтакор» пайдо мешавад, дар бозии навбатии дастааш гол зад!

Дар бозии навбатии Олий Лигаи Узбакистон «Пахтакор» мизбони дастаи дигари пойтахтӣ – «Локомотив» бозӣ кард. Ҳисобро дар ин бозӣ аллакай дар дақиқаи 4-ум ситораи ҷавон ва тозатулӯъи «Пахтакор» – Шерзодбек Каримов боз кард. Вале ду дақиқа баъд ҳисобро «Локо» баробар кард. Пас аз як дақиқа «Пахтакор» боз ба пеш баромад ва дар ин ҳамла Акмал Холматов низ саҳм дошт. Ӯ аз кунҷи рост тӯбро партоб намуд ва онро Боян Миладинович соҳиб шуда, ба дарвозаи Александр Филимонов, собиқ дарвозабони мунтахаби Русия ва «Спартак»-и Маскав, ворид кард.

Филимонов баъдан як зарбаи хеле ҳам сахти Акмалро баргардонид.  Баъдан, як партоби Акмал ҳам метавонист бо гол анҷомад, вале рафиқи ӯ камтар иштибоҳ кард.

Дар дақиқаи 30-ум ҳисоб боз 2:2 гардид.Вале дар диқаи 57-ум Акмал Холматов ба дастааш пирӯзӣ овард. Се бар ду ва «Пахтакор» баробар бо «Бунёдкор» ба сӯи қаҳрамонӣ мехазад.

Advertisements

2 thoughts on “Акмал Холматов ба “Пахтакор” пирӯзӣ меоварад

  1. Bravo Akmal!

    Follower ba hama az Istanbul merhaba meguyad! Hos geldiniz, teshekkur ediyorim,

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s