Аввалин пирӯзии «Помир» дар Восеъ ба даст омад


Манбаъ: Вахшклуб

Бозии даври 7-ум: 1-уми июн:

«Равшан» 2:3 ССКА «Помир»

Дар бозии мавқуфмонда аз даври 7-ум «Равшан»-и Кӯлоб дар ноҳияи Восеъ мизбони ССКА «Помир» буд. Ин дуввумин даста аз Душанбест, ки дар ин ҳафта ба Восеъ меравад ва мардуми он ноҳияро бо футболи калон хушҳол мекунад.

Дар ин бозӣ бачаҳои Ҳикмат Фузайлов бо ҳисоби 3:2 бар мизбонони шартӣ ғолиб омаданд. Голҳои ғолибонро Сӯҳроб Ашӯров, Ҷонибек Ғаффоров (додари Шодибек) ва Чарлз Накутӣ заданд. Ин аввалин голи Накутӣ дар сабқати имсола аст. Ҳамватан ва ҳамдастаи ӯ – Габриэл Донтох нахустин голи ССКА «Помир» дар мавсими имсоларо зада буд.

Муаллифони голҳои кӯлобиҳо Исмоил Шонов ва Фаридун Наврӯзов мебошанд.

Охирин бозӣ аз марҳилаи аввал рӯзи 9-уми июн дар Душанбе бо иштироки дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор хоҳад шуд ва ҳамин гуна, метавон хулоса кард, ки «Равшан» дар марҳилаи аввал шаҳди ҳеҷ пирӯзиро нахоҳад чашид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 5-уми июн 

Ҷой  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/T И
1. «Регар»ТадАЗ 8 7 1 0 29-3 22
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 7 5 2 0 15-4 17
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 5 2 1 10-5 17
4. «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 2 3 12-12 11
5. «Энергетик» (Душанбе) 8 2 2 4 9-12 8
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров 8 2 2 4 10-14 8
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 1 3 4 9-17 6
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 8 1 3 4 5-16 6
9. «Равшан» (Кӯлоб) 7 0 1 6 3-19 1

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бозигарони «Регар» ТадАЗ Давронҷон Тухтасунов бо 10 гол дар ҷои аввал, Жаилтон Оливейра бо 8 гол дар ҷои дуввум ва Юсуф Рабиев бо 6 гол дар ҷои севум мебошанд.

Advertisements

2 thoughts on “Аввалин пирӯзии «Помир» дар Восеъ ба даст омад

    • Аз ҳама бештар ба фикрам шумо хушҳолед, ки дастаи дӯстдоштаатон як ғалаба ба даст овард а

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s