Фарангии тоҷики «Локомотив»-и Маскав Наим Шарифӣ бо дастаи Лигаи Олии Австрия шартнома бастааст.

Ин хабарро падари бозигар Маҳмадкарим Шарифов ба хабарнигори «Азия-Плюс» Даврон Ғуфронов таъйид кардааст.

Ҳамин гуна, бино бар ин хабар, муҳофизи дубли «Локомотив»-и Маскав ба «Суперфунд»-и Австрия хоҳад рафт. Мақарри ин даста шаҳри Капфенберг будааст. Ҳокии ин хабар менависад, Наим рӯзи 7-уми июн дар аввалин тамриноти «Суперфунд» хоҳад пайванд.

Дастаи «Суперфунд» дар мавсими охирини Бундеслигаи Австрия дар миёни даҳ даста ҷойи 9-умро гирифтааст.

Даста дар соли 1919 ҳамчун «Капфенбергер» таъсис ёфтааст ва танҳо пас азм авсими 2007-2008 ғолиби Лигаи аввали Австрия шуда, ба Бундеслигааш роҳ ёфтааст.

Cитораи нави футболи тоҷик – Наим Шарифӣ?

Наим Шарифӣ – исме, ки дар як моҳ маъруф шуд

Наим: Дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳам, вале…

Наим Шарифӣ: Мунтахаби Русияро мехоҳам…

Падари Наим: Ӯ фарзанди Тоҷикистон аст

Наим Шарифӣ: Миёни обу оташ

Advertisements