Моҳи май марҳилаи аввали Лигаи Олӣ анҷом ёфт ва «Вахш» ҳам дар марҳилаи интихобии Ҷоми раиси КФО иштирок дошт. Бубинем, ки дар феҳрасти номзадҳо ба беҳтаринҳои сол чӣ тағйироте ворид шуд.

Бозигари сол Номзадҳои чаҳор моҳи аввал ба унвони Беҳтарин Бозигари Соли 2010 Юсуф Рабиев, Дилшод Восиев, Хуршед Маҳмудов, Даврон Тухтасунов, Жаилтон Оливейра, Рустам Усмонов ва Мирзобек Мирзоев мебошанд. Исми Комил Саидов ва Нӯъмон Ҳакимов аз ин феҳраст уфтод ва Рустам Усмонов ба он бозгашту Мирзобек Мирзоев ба тозагӣ ворид гашт.

Юсуф Рабиев дар ҳайъати мунтахаб дар Шри-Ланка (2 гол) фаъол буд ва ҳамроҳ бо «Истиқлол» дар Туркия (2 гол) низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Дар пирӯзии «Истиқлол» дар Абарҷом низ нақши калидиро дошт, чун ҳар ду голи он бозиро дар коса тайёр карда оварда, ба Дилшод дода буд, то ӯ бихӯрад. Юсуф ҳамчунин дар моҳҳои апрел ва май (3 голӣ) низ яке аз чеҳраҳои калидии дастааш (3 гол) буд, бозии дастаро пеш мебурд. Собиқа: феврал, март, апрел, май – фаъол.

Дилшод Восиев низ аз чеҳраҳои фарқкунандаи футболи Тоҷикистон дар ин муддат буд. Маҳорати Дилшодро асосан дар бозиҳои дастааш дар тамриноти Туркия ва дар бозии Абарҷом дидем. Дилшод низ ба мисли Юсуф дар Туркия ду гол зад ва аммо ду голи аз ҳама муҳимтаринаш дар ин се моҳро дар бозии Абарҷом бо «Вахш» зад, дар вақти иловагӣ! Дар Лигаи Олӣ низ моҳирона бозӣ кард. (2 гол). Собиқа: март, апрел – фаъол, май – нимафаъол.

Бисёре аз голҳои мунтахаб дар Шри-Ланка ва голҳои дастааш дар Лигаи Олӣ бо талошу ранҷҳои Хуршед Маҳмудов капитани дубанда зада шудаанд ва Хуршед талош дорад, ки аз ҷавонҳо камтар набошад. Собиқа: феврал – фаъол, апрел ва май– нимафаъол.

Номзадони дигари Беҳтарин Бозигари 2010 асосан ба ин феҳраст ба хотири бозиҳояшон дар моҳи апрел ва май афтидаанд ва ҳамагӣ аз дастаи Хуршед Маҳмудов мебошанд. Даврон Тухтасунов гӯиё дасти пири Пелеро гирифта бошад, дар ду моҳ аллакай 10 гол задааст, браво, Даврон. Оливейра бар иловаи 8 голаш, дар ғалабаҳои дастааш заҳмати зиёд кашидааст. Ҳар ду якгуна собиқа доранд: апрел ва май– фаъол.

Рустам Усмонов дар сабқатҳои Маскав ва Ишқобод яке аз ангуштшумор бозигарони қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки талош мекард, то ба бозии дастааш ранге бахшад. «Вахш» чӣ дар Маскав ва чӣ дар Ишқобод танҳо як голӣ зада буд ва муаллифони ҳар дуи ин гол низ Рустам Усмонов мебошад. Ветерани қаҳрамон дар Лигаи Олӣ низ яке аз бозигарони аслии даста буд (3 гол дар марҳилаи аввал) ва дар Мянмар бошад, умуман, беҳтарин бозигари марҳилаи интихобӣ ва беҳтарин голзан ( 5 гол) гардид. Январ, феврал – фаъол, март, апрел – нимафаъол, май – фаъол.

Мирзобек Мирзоев, бозигари «Хайр», низ ин навбат ба феҳрасти номзадон уфтод. Дастаи ӯ ғайримунтазира дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтааст ва дар ин натиҷа талошу ранҷҳои Мирзобек Мирзоев низ кам нест. Сеяки голҳои даста низ ба пои ӯ тааллуқ дорад. Апрел, май – нимафаъол.

Мураббии сол – Феълан мешавад исми Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро (апрел, май – фаъол) вориди ин феҳраст кард, ки дастааш хеле рангин чемпионатро оғоз намуд ва ҳамон гуна рангин марҳилаи аввалро ба анҷом расонид. Салоҳиддин Ғафуровро (март, апрел, май – фаъол) низ метавон шомили феҳраст донист, чун дастааш дар Туркия натиҷаҳои бад нишон надод, Абарҷомро соҳиб шуд ва дар Лигаи Олӣ низ ҳанӯз пешпо нахӯрдааст. Метавон ҳамчунин аз Тоҳир Мӯъминов, (апрел, май – фаъол) мураббии калони «Хайр» ном бурд, ки тавонистааст аз дастаи тозабунёд дар Лигаи Олӣ «крепкий орешек»-ро ташкил бидиҳад.

Тими сол«Истиқлол» яке аз номзадон аст, ки дар ин байн тамринҳои хуб доир кард, аз ҷумла дар Туркия, сарпарастони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст, Абарҷомро соҳиб шуд, дар бозори бозигарон фаъол буд, Лигаи Олиро хуб оғоз намуд. Дар бозори бозигарон, дар мавзӯъи тамриноти хориҷӣ ва дар Лигаи Олӣ ҳамчунин «Регар» ТадАЗ низ фаъол аст.  Собиқаи ҳар ду ҳам: март, апрел, май – фаъол. Ба ин бахш дар ин моҳ ду номзади дигар илова шуданд – яке, «Вахш», ки дар Лигаи Олӣ то андозае мавқеяшро беҳтар гардонид ва ҳатто тавонист, ки дар Душанбе аз «Истиқлол» хол биситонад ва дар Мянмар ҳамаро титу пора бикунад, ва дигаре «Хайр», ки ғайримунтазира марҳилаи аввалро бо ҷойи чаҳорум ба анҷом бирасонид. Собиқаи ин ду тим: апрел – нимафаъол, май – фаъол.

Ҳодисаи солАз ҳодисаҳое, ки метавонанд ба беҳтарин ҳодисаи сол будан номзад шаванд, метавон оғоз ба фаъолият кардани торнамои расмии дастаи «Хуҷанд», торнамои расмии «Регар» ТадАЗ ва торнигори расмии «Вахш»-ро номид. Дуи ахирӣ хабарҳои ҷолибу хубу шуниданиву хонданӣ бароямон омода мекунанд. Аммо агар дар ин бахш ҳадди ақал ду номзад пайдо нашавад то охири сол, шояд маҷбур ба бастани ин бахш бишавем.

Пирӯзии сол – Се номзад бояд интихоб кунем? Се пирӯзӣ ёфтан душвор аст… Тоҷикистон 3:0 Мянмар, бозии гурӯҳии Ҷоми чолиш. «Истиқлол» 5:0 «Хуҷанд», даври 4-уми Лигаи Олӣ. «Вахш» 6:0 «Ренаун СК» (Шри-Ланка), бозии гурӯҳии Ҷоми раиси КФО.

Бозигари ҷавони сол Метавон аз Парвиз Умарбоев ном бурд, ки ҳамроҳ бо «Рубин»-аш дар моҳи январ соҳиби Ҷоми Иттиҳод гардид, ҳарчанд Парвиз асосан дар таъвизҳо ба майдон мебаромад ва дар моҳи май бошад дар як бозӣ ду пеналтиро ба ӯ вогузоштанд ва ӯ умедҳоро нашикаст. Метавон аз Алишер Ҷалилов ном бурд, ки барои «Рубин»-аш аллакай як гол задааст ва ба яке аз бозигарони калидии дастаи ҷавононаи «Рубин» табдил ёфтааст.

Фарангии сол – Ҳар ду нафари боло.

….ба ҳар ҳол, ин фарзияи Фолловер буд, ва агар хонандагони гиромӣ, пешниҳодҳои дигаре дошта бошанд, хеле хушҳол хоҳем шуд.