Сармураббии нав дар «Энергетик»


Ибодулло Қаюмов аз вазифаи сармураббигии «Энергетик» истеъфо дод ва ҷойи ӯро дар ин курсӣ Алиёр Ашӯрмамадов гирифт.

Ҳотам Холмуродов, президенти даста, ба хабаргузории «Варзиш-Спорт» гуфтааст, Ибодулло Қаюмов вазифаро бо хоҳиши худаш тарк кардааст. Президенти даста гуфтааст, ӯ аз кори сармураббӣ розӣ буд.

Ибодулло Қаюмов дар моҳи апрели соли гузашта сармураббии «Энергетик» таъин гардид ва дастаашро дарҷ адвалим авсими соли гузашта дар ҷойи панҷум қарор дод. Дар 25 бозии расмие, ки даста зери раҳбарии ӯ доир кард, «Варзиш-Спорт» ҳисоб кардааст, «Энергетик» 11 ғалаба ва 5 мусовӣ ба даст оварда, 9 бор шикаст хӯрдааст.

Сармураббии нави «Энергетик» Алиёр Ашӯрмамадов таъин шудааст, ки ҳамзамон сармураббии мунтахаби ҷавононаи Тоҷикистон мебошад. Охирин ҷойи кори дастаии ҷаноби Ашӯрмамадов ССКА «Помир» буд.

Истеъфои ҷаноби Қаюмов нахустин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсола мебошад.

Дар ҳамин ҳол, сафи дастаи барқгаронро як бозигари ҳайати асосӣ низ тарк гуфт. Фарангии олмонии даста, Александр Франк, фарзанди Александр Азимов, боизагри саршиноси «Помир»-и Шӯравӣ, имрӯзҳо бо «Истиқлол» тамрин дорад.

Ҳокии ин хабар низ «Варзиш-Спорт» мебошад ва ин хабаргузорӣ бо такя ба Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии «Истиқлол», навиштааст, ҳама масоили марбут ба харидории бозигари 27-сола ҳал шудааст.

Аз рӯи низомномаи Лигаи Олӣ ба феҳрасти бозигарон илова намудани онҳое, ки аллакай аз номи дигар даста бозӣ кардаанд, танҳо пас аз анҷоми марҳилаи дуввум иҷоза ҳаст. Марҳилаи дуввум ҳамин ҳафта оғоз хоҳад шуд ва интизор меравад, дар аввали моҳи август ба анҷом бирасад. Вале, «ВС» ҳадс задааст, ки эҳтимол дорад, Федеросюни футболи Тоҷикистон барои «Истиқлол» аз қоида сарфи назар бикунад ва Александр Франк дар наздиктарин бозиҳо пероҳани футболии «Истиқлол»-ро бипӯшад.

Чунин қазия аллакай як бор рух дода буд ва Одил Эргашев дар давоми марҳилаи аввал пероҳани «Регар» ТадАЗ-ро ба «Истиқлол»иваз намуда буд.

Advertisements

5 thoughts on “Сармураббии нав дар «Энергетик»

  1. Ваууу Александр Азимовро мешиносед?!!!!

    Хатто Виктор Чанов аз зарбахои у мехаросид!!!
    Холо дар кучо бошад? Аз Олмон омада бошад ё…
    Писараш кай дар футболи мо пайдо шуд?

  2. pisarash chand sol boz dar tjk bozi mekunad, bozigari khub ast, manba’i zindagiyash business ast va shahrvandiyash az olmon ast. Alexandr azimovro tanho nomashro shunidaam, man ba tamoshoi futbol pas az soli 1994 oghoz kardaam, pas az jomi jahoni amriko…sobikai mukhlisiyam 16 sol /waw/ meboshad…vale jomi jahon-2006 va jomi aurupo-2008-ro tamosho nakardaam…imsol niz ba ehtimoli kavi hej boziero tamosho karda nakhoham tavonist, afsus….

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s