«Энергетик» – «Равшан» – 4:1
«Парвоз» – «Хайр» – 1:2

Муаллиф: Б. Ф. Махсус барои «Футболи Тоҷикистон». Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров.

Намози ҷумъа бо пероҳанҳои «Хайр»

Як рӯз пеш аз бозӣ дар намози ҷумъа ашхосеро дидам, ки бо футболкаи кабуд дар пасаш «ХАЙР» навишта, дар намоз буданд. Баъди намоз ба калонтаринашон вохӯрдам, гуфт, ки сармураббии «Хайр» мебошад.

Аввал аз сарпарасташон пурсон шудам, гуфт, ки ҳукумати Ваҳдат, (илова аз «ФТ»: Браво, ҳукумати Ваҳдат!), баъд хууууууууууууууббббб бизнесменҳои он ҷо ёрӣ медиҳанд. (боз ҳам браво!). Алҳол,  проблема нашудааст.

Дар бораи дастаашон гуфт, азбаски соли аввали иштирок дар Лигаи олист, мақсад доранд, ки дар нимаи аввали ҷадвал ҷой бигиранд. (Ҷойҳои 3-5). Вале дар соли оянда бошад, нақшаҳои калооооон!

Сармураббии «Хайр» «Регар» ТадАЗ-ро довталаби асосии унвони қаҳрамонӣ дар имсол медонад ва «Истиқлол»-ро низ таъриф кард. Боз гуфт, бозии «Хуҷанд» имсол аз ҳама бадтарин аст. Аз «Вахш» умеди калон дорад ва ин дастаро имрӯз чеҳраи футболи тоҷик дар миқёси осиёӣ медонад. Умедвор аст, ки «Вахш» Ҷомро бигирад. Боз гуфт, футболи тоҷик сол аз сол пеш рафта истодааст.

Дигар вақт нашуд, то ягон чизи дигар пурсам, зеро вақти рафтанашон буд.

Рӯзе, ки болҳои «Парвоз» шикаста буд

Ҳавои хуби рўзи бозӣ айни муддаъо барои футбол буд. Мухлисони зиёд ҳам ҷамъ омада буданд, то бозии дастаи дўстдоштаашонро тамошо кунанду, ғалабаашро қайд. Аммо…

Агар аз таърихи «Парвоз» бигӯем, дар ин даста падари футболи тоҷик – худи Шариф Назаров кор кардааст. Даста дар Лигаи Олӣ нав нест ва собиқадор аст. Аммо дастаи «Хайр» ба мухлисони шимоли кишвар ношинос аст. Бозии «Хайр» бо «Истиқлол»-ро тариқи телевизион дида будем. Аз бозӣ мухлисони қатории футбол ба худ қайдҳои зарурӣ карда буданд. Масалан, ҷои заъфи ин даста дарвозабони он мебошад. Тўбҳои ҳавоӣ ва аз дур задашударо ё дошта наметавонад ё дуруст баргардонида наметавонад. Азбаски чеҳрааш дар ёдам нест, намедонам ҳамон дарвозабон буд ё дигар. Аммо тахмин мекунам, ки ҳамон, чун бозиаш ҳам ҳамон буд.

«Парвоз» аз аввалҳои бозӣ нишон дод, ки кӣ соҳибмайдон аст. Ҳанўз дар оғози бозӣ бозигари рақами 11 аз лаҳзаи хуби голзанӣ истифода бурда натавонист. Аммо «Хайр» ҳам аз бозии ҳайати дуюмаш гўё илҳом гирифта, ба «Парвоз» нишон доданӣ буд, ки дар Лигаи Олӣ худро кўдак ҳис намекунад… Ин буд, ки дар ҳуҷуми ҷавобӣ аз лаҳзаи қулайи голзанӣ бозигари (хато накунам) рақами 27 ба сўи дарвозаи халабонон зарба зад, вале зарбааш каме нодуруст буд.

Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сар шуд. Дар дақиқаҳои даҳум «Парвоз» ҳаққи задани тўби кунҷиро ба даст овард. Дар натиҷаи он тўби ҳавоӣ омада, зебоякак ба тӯри дарвозаи меҳмонон ворид шуд. Як бар сифр.

«Хайр»-ро назари ҳеҷ кас намегирифт. Албатта, даста дирўзакак ба Лигаи Олӣ омадааст ва ин болоравиаш дар ҷадвал лаҳзагӣ аст, бояд дер ё зуд нуқтаи худро ёбад. Парвозиҳо имрўз ба ҳамаи вергулҳои «Хайр» нуқтаи калон монданӣ буданд. Оғози бозӣ аз ин дарак медод. Зеро хатти ҳимояи «Парвоз» аз се нафар иборат буд. Яқин, «Парвоз» тактикаи ҳуҷумиро пеш гирифта буд…

Садамаи рейси «Парвоз»-05.06.2010

Баъди сар додани гол «Хайр» ягон зарра рўҳафтода нашуд, балки аҳён-аҳён бозии комбинатсиониро пеш мегирифт. Он проблемаҳое, ки қаблан гуфта будем, аҷиб, ки дар бозии меҳмонон тамоман дида намешуд. Якдигарфаҳмӣ, идрок, ҳаракат, ҷои холӣ ёфта пешкаш намудан, як расиш, деворча ва ғ. – ана ин ҳамаро ба ҷиҳатҳои мусбии «Хайр» медарорем.

Вале нақши ҳалкунандаро дар ин бозӣ, ба назари банда, ҳуҷумҳои ҷавобии меҳмонон бозӣ кард, ки дили мухлисонро ва дарвозаи соҳибони майдонро як-як сих задан гирифт. Баъди ин сар шуд, хатогию бесарусомониҳо дар хатти ҳимояи «Парвоз». «Хайр» чунон як комбинатсияи зеборо иҷро кард, ки намегўӣ, ки ин бачаҳо дар Лигаи Олӣ нав бозӣ мекарда бошанд. Дар натиҷаи он ҳуҷумкунанда тўбро дар майдончаи ҷаримавӣ соҳиб шуда, бо як хунсардии хоси Лигаи Олӣ тубро вориди дарвозаи соҳибони майдон кард. Як бар як!

Ана, баҳои назарногирӣ, ана баҳои баландҳавоӣ! Нақшаи пешгирифтаи «Парвоз» вайрон шуд. Бозиаш ҳам гум шуд. Дирўз бо «Вахш»-и пурталотум чӣ тавр бозӣ карда буду, имрўз «Хайр»-и миёна…

Ҳуҷумҳои «Парвоз» самара намедоданд. Аммо як ҳуҷуми дигари «Хайр» даҳони ҳамаро воз кард. Баъди комбинатсияи навбатӣ ҳуҷумкунанда тўбро дар наздикии ҷаримагоҳ соҳиб шуд ва саросема нашуда, онро коркард карду, рост ба тўри дарвозаи «Парвоз» зад!!! Як бар ду. Рўҳи «Парвоз» пурра шикаст. Бозиаш тамоман гум шуд.

Бо ҳамин ҳисоб ба танаффус баромаданд.

Ҷангали дурушту дағали футболи тоҷик

Аз рўи тактика, «Парвоз» бо ду ҳуҷумгар бозӣ мекард, тахмин мекардем, ки дар қисми дуюм бояд зиёд шавад. Хуб, шоҳид шудем, ки дар оғози қисми дуюми бозӣ хатти пеши «Парвоз» аз се ҳамлагар иборат буд. Аммо, ба ин сегона ёвар, яъне, ҳимоятгари хатти ҳуҷум (ё ҳуҷумкунандаи қафокашида, ҳуҷумкунандаи хатти ҳимоя) дида нашуд, боз ҳуҷумаш бебарор монд. Хуб, дигар аз таҳлили тактика даст кашидем. Зеро баҳри рафтори ғайриварзишӣ (!) ду нафар бозигарон аз бозӣ ронда шуданд.

Ё тавба, дидӣ, ки тўбро соҳиб шуда наметавонӣ, о, чаро пои худ ё рафиқатро шикастанӣ мешавӣ-а? Бозиҳои дағалу беасосу фач дар хуни бисёр футболбозони мо ҷой гирифтааст. Мутаассифона. Баъдтар шоҳиди як ҳодисаи безебе шудем. Аслан, аз гуфтани он шарм медорам, аммо чӣ кунам, ки гўям, даҳон месўзад, нагўям мағзи устухон…

Вақте, бозигари дуюми «Хайр»-ро аз бозӣ пеш карданд (!), вай бо як нозу карашма аз майдон берун шуданӣ буд, ки ғазаби мухлисонро овард. Хайр, ин ҳеҷ гап не, футбол бо мухлисаш футбол аст. Аммо ин футболбози бефаросат (!!) ба сари мухлисон ҳақорату дашном кард. Ана, сар шуд «разбор» байни мухлисону он шахси бетарбия.

Лоақал ҳурмати Устод Нарзуллоҳи Латифро накард, ки ҳамагӣ панҷ-шаш қадам онсӯтар аз ў нишаста буд. Мехоҳам, ки бо ҳамин суханон хонандагонро даъват кунам, ки бо хатти кушод муроҷиат намоем, то Федератсияи футбол нисбат ба чунин ашхоси бевиҷдон чораҳо андешад. Ягон зеб надорад, бовар кунед, аз фаҳмиши инсонӣ берун аст.

Хайр, бало ба паси ҳамон рафтору кирдори баъзеҳо, аммо сари роҳи инро нагирем, мо пеш намеравем. Ба ҳар ҳол, кайфамонро парронд, беадаб!

Хуб, бас аст ба эҳсосот дода шудан, бозиро давом медиҳем. Хатти ҳимояи «Парвоз» чунон ба ларза даромада будааст, ки дигар ба ҳуҷум пайваст намешуд. Масалан, дар вақти иҷрои зарбаҳои стандартӣ ҳимоятгарон аз ҷаримагоҳи ҳариф хееееееееле дурӣ меҷустанд.

Гапро хеле кашол додем, аммо мехоҳам ду лаҳзаро ба хонандагон бигӯям. Охирҳои бозӣ барои «Парвоз» ҳисоби 1-2 ё 1 – «кимчанд» дигар маъно надорад, ҳама бояд ба пеш равад. Аммо, ин назари мо – мухлисон, на футболбозон. Ё ки дар вақти дар назди дарвозаи меҳмонон иҷрои стандартҳо хатти ҳимояи «Парвоз» ҳанўз аз пайвастшавӣ ба ҳуҷумкунандагон канорӣ меҷуст. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ ҳимоятгари марказӣ яккаву танҳо дар назди давраи миёни майдон меистод, ки ба ягон мантиқи бозӣ рост намеояд.

Лаҳзаи дигар – пайвастшавии ҳимоятгарони «Хайр» ба ҳуҷум аст. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ бозигари ришдор, ки исмашонро мухлисон Ҳазрат мегуфтанд (худам аслан кайҳо бо ин лақаб дар дил мешинохтам) ба ҳуҷум баромада то майдончаи дарвоза(!)-и «Парвоз» рафта, қариб голи сеюмро мезаданд. Ана ин ҷасорат, Ҳазрат қоил кард.

Хулоса, назарногирӣ ба чӣ оварда мерасонад, мо шоҳид гаштем. Ба фикрам, аз ин бозӣ «Парвоз» бояд бисёр хулосаҳо барорад.

Аҷиб, то ин лаҳза ягон тайёра напаррид, шояд сабаби бохти Парвоз дар ин буд?..

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 6-уми июн 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 8 7 1 0 29-3 22
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 7 5 2 0 15-4 17
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 5 2 1 10-5 17
4. «Хайр» (Ваҳдат) 9 4 2 3 14-13 14
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 13-13 11
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров 9 2 2 5 11-16 8
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 1 3 4 9-17 6
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 8 1 3 4 5-16 6
9. «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 423 1

 

Advertisements