Даври кортҳои сурх


Нарзуллоҳи Латиф, бознашр аз Радиои Озодӣ

Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми июн бозиҳои даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров дастаи мизбон – «Парвоз» дар ҳузури 3500 тамошобин аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Фарҳод Ҳикматуллоев, бозигари «Парвоз», дар дақиқаи 13-ум тӯби аз кунҷи майдон ба ҷаримагоҳ задаро бо сараш вориди дарвоза намуд ва ҳисобро боз кард. Пас аз 7 дақиқа Низом Раҳимов, ҳамлагари «Хайр», бо зарбаи сахту нишонрас ҳисобро баробар намуд. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 35-уми бозӣ голи дуввуми «Хайр»-ро ба самар расонд.

Футболбозони ҳарду даста ҳарчанд дар нимаи дуввуми дидор бисёр вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, ҳисоб тағйир наёфт. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ сардовар Олим Норбоев (Душанбе) се бозигарро аз майдон пеш кард. Дар дақиқаи 53-юм Исроил Идиев, капитани «Хайр», ва Фарҳод Ҳикматуллоев, нимҳимоятгари «Парвоз», ки ба ҳар кадом ду корти зард нишон дода шуд, аз бозӣ хориҷ гаштанд. Дар дақиқаи 79-ум, инчунин, Мирзобек Мирзоев, аз дастаи «Хайр», барои ду корти зард маҷбур шуд, ки майдонро тарк намояд.  

Бозии дигари даври 10-ум рӯзи 5-уми июн дар варзишгоҳи «Спартак»-пойтахти кишвар байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳузури 700 тамошобин баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 4: 1 ба фоидаи душанбегиҳо хотима ёфт. Голҳоро аз дастаи мизбон – «Энергетик» Алишер Ӯлмасов (дақиқаи 15-ум), Пирмурод Бурҳонов –(28), Акмалҷон Авазов (41) ва Азим Юнусзода (89) заданд. Як голи «Равшан»-ро Фаридун Рустамов (32) ба самар расонд. Дар ин бозӣ дарвозабони «Энергетик» Сӯҳроб Баротов дар дақиқаи 2-юми бозӣ барои берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кардан корти сурх гирифта, майдонро тарк кард.

Ду бозии охирини даври 9-ум рӯзи якшанбеи 6-уми июн барпо гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, дар варзишгоҳи нави шаҳри Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад, бо дастаи мизбон – «Хуҷанд» қувваозмоӣ кард. Ин бозиро, ки хеле тезу тунд сурат гирифт, 4500 нафар мухлисон тамошо карданд. Ҳамин ки бозӣ шурӯъ шуд, мизбонон ба ҳуҷум гузаштанд. Ба бозигари «Хуҷанд» Муҳаммадҷон Умматқулов дар дақиқаи аввали дидор муяссар шуд, ки тӯбро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро кушояд. 10-15 дақиқаи нимаи аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои пасиҳами «Хуҷанд» ҷараён дошт. Вале баъдан меҳмонон ташаббусро ба даст гирифтанд, вале баробар кардани ҳисоб дар қисми аввал ба онҳо муяссар нашуд. Пас аз танаффус дар ҳайати «Вахш» ба ҷои легионер Элайҷо Арийе (аз Гана) ҳамлагари моҳир Нӯъмонҷон Ҳакимов баромад. Бозӣ ранги дигар гирифт ва футболбозони «Вахш» пайваста ҳуҷум мекарданд. Маҳмадалӣ Содиқов дар дақиқаи 57-ум тӯби ҳавододаи Нӯмонҷон Ҳакимовро бо сар ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард. Баъди 25 дақиқа Нӯъмонҷон Ҳакимов тӯбро бо сар вориди дарвоза нумуд ва дастаашро пеш баровард. Дар дақиқаи 84-ум Зокир Бердиқулов, бозигари «Хуҷанд», тӯбро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд ва бозӣ бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.

Вале, мутаассифона, ин бозии рақибони аслӣ бо айби мудири бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷамшед Марофиев ва як нафари дигар, ки аз ӯ Неъмат ном мебурданд ва бар хилофи низомномаи мусобиқа дар паҳлӯи раҳбарону мураббиёни даста менишаст, табъи меҳмононро хира кард.

Ҳарду бо дашномҳои қабеҳ ба мураббиёну футболбозони дастаи меҳмон ҳуҷум карда, бо ин рафтори ношоямашон миёни футболбозон низоъ бармеангехтанд.

Аз ҷониби баъзе аз мухлисон низ беҳурматӣ нисбати меҳмонон ба назар мерасид ва онҳо буталҳои пластикиро сӯи онҳо ҳаво медоданд. Танҳо бо дахолати кормандони милиса кашмакашиҳои тӯлонии  мизбонон бо меҳмонон фурӯкаш шуда, бозӣ бо мушкилоти зиёд то охир расонда шуд.

«Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Агар нозирони тартибот ва нозири доварон Мӯъмин Ҳамидов (чаро кумитаи нозирони Федеросиюни футболи кишвар нозирро аз шаҳри Хуҷанд таъин кардааст?) саривақт пеши ин гуна корҳоро мегирифтанд ва сардовар Рустам Холов (Душанбе) ба онҳо ҷазо медод, ин амали ношоиста то анҷоми бозӣ давом намекард.

Воқеъан, сардовар Рустам Холов ба чаҳор бозигари «Вахш»  ва се бозигари «Хуҷанд» корти зард нишон дод, яъне ба онҳо огоҳӣ дод. Ба ду бозигари «Вахш» Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 88-ум барои суханҳои қабеҳ нисбат ба раҳбарони тими рақиб ва Субҳон Хоҷамов барои зарб додани рақиб баъди анҷоми бозӣ корти сурх нишон дод.

Инчунин, сардовар бозигари «Хуҷанд» Искандар Гадоевро, ки дар вақти изофӣ (90+5) рақибашро зарба зад, аз майдон пеш кард.   

Мубин Эргашев, мураббии калони дастаи «Вахш», аз чунин «меҳмоннавозӣ»-и мизбонон изҳори нигаронӣ карда, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳеҷ гумон надоштем, ки моро дастаи «Хуҷанд» бо чунин рафтору кирдори ношоям истиқбол мекунад. Бозии мо як ҳафта пеш, 29-уми май дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа хеле шавқангезу одилона баргузор шуда буд, ки аз натоиҷи он меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Вале дар Хуҷанд нисбати мо хеле беҳурматӣ карданд. Мо аз болои раҳбарони даста ба Федеросиюни футболи Тоҷикистон шикоят бурдем. Ва ин шикояти худро бо аксҳову наворҳо пешниҳод намудаем ва умедворем, ки кумитаи интизоми Федеросиюн ин масъаларо мунсифона баррасӣ хоҳад кард».

Ба иттилоъи Сафар Каримов, раиси кумитаи интизоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон шикояти дастаи «Вахш» рӯзи 8-уми июн мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Бозии охирини даври 10-ум, ки рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист» -и Душанбе, байни дастаи мизбон – «Истиқлол» ва ССКА «Помир»-и Душанбе доир шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поин расид.

Бояд зикр намуд, ки дар нимаи дуввуми дидор сардовар Ориф Ҷӯраев, барои дар ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кардани узви дастаи ССКА «Помир» пенолти таъин карда буд.  Вале  Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», аз имтиёзи хуби голзанӣ истифода карда натавонист.

Ба ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки аз бозии даври 10-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дар ҷои аввал мебошад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ 18 имтиёз дорад, вале бо дар назардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 9-уми июн 

Ҷой  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/T И
1. «Регар»ТадАЗ 8 7 1 0 29-3 22
2 «Истиқлол» (Душанбе) 8 5 3 0 15-4 18
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 5 3 1 12-7 18
4. «Хайр» (Ваҳдат) 9 4 2 3 14-13 14
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 13-13 11
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров 9 2 2 5 11-16 8
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 1 4 4 11-19 7
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 9 1 4 4 5-16 7
9. «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 4-23 1

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бозигарони «Регар» ТадАЗ Давронҷон Тухтасунов бо 10 гол дар ҷои аввал, Жаилтон Оливейра бо 8 гол дар ҷои дуввум ва Юсуф Рабиев бо 6 гол дар ҷои севум мебошанд.

 Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» 9-уми июн баргузор хоҳад шуд.

Даври 11-ум
12-уми июн (шанбе)
«Хайр» – «Энергетик»

«Регар» ТадАЗ – «Хуҷанд»

13-уми июн (якшанбе)
«Равшан» – «Истиқлол»
«Вахш» – «Парвоз»

Advertisements

10 thoughts on “Даври кортҳои сурх

  1. Раддия ба “Даври кортҳои сурх”-2

    Чаноби Нарзуллои Латиф каме нопурра ва яктарафа холатхоро ба калам оварданд нагуфтанд, ки аз сабаби чи ин кашмакашихо ба амал омад. Шояд бо дастаи Вахш ошноги карданашон бошад, дар муддати як мох дар Мянмар буданашон бо хамин даста ин ба мо маълум нест ): хамаи ин кашмакашихо аз чи сар шуд нагуфтанд!
    “Бой без правил” аз задани голи дуюми дастаи Хучанд огоз ёфт ва аз даст додани рафти бози аз тарафи сардовар, дар кунчи рости майдони дастаи Хучанд бозингари Хучанд коидаи бозиро Вайрон кард, довар зарбаи чаримави нишон дод “и правильно” хеч кас норозиги баён накард, ЛЕКИН бозингари Вахш раками 11 чун «герой», ба чои капитан давон – давон омада даштномдихиро ОГОЗ кард ва дастро ба тарафи бозингар ва тренерони дастаи Хучанд- «Fuck»-ро нишон дод, ин беодоби нест магар ё ин, Ки Чаноби Нарзуллои Латиф надида бошанд ин дар гумон Чаноби Нарзуллои Латиф хамаашро диданд, «лекин чи хел мешавад ман нону намаки дастаи Вахш дар мухлати як мох ё зиёд Будам инро намегуям» гуфта яктарафа руи когаз оварданд.
    Хуллас Чамшед Марофиев хам давон-давон омаду гапхои «ззззеееббббооо» зад ва Сар шуд….. баъд дигарон давиданд аз ду даста «Итог» корти сурх ба раками 11, боз норозиги баён кардан аз тарафи мехмонон, доварро задан,,,,, «Итог» корти сурх ба Субхон Хочамов ва Искандар Гадоев…

    Ва даст бардори ба мухлисон аз тарафи мехмонон «Fuck».

    Аз гуфтахои Чаноби Нарзуллои Латиф
    «Аз ҷониби баъзе аз мухлисон низ беҳурматӣ нисбати меҳмонон ба назар мерасид ва онҳо буталҳои пластикиро сӯи онҳо ҳаво медоданд.» БЕАСОС НЕСТ.

    Аз гуфтахои Чаноби Нарзуллои Латиф
    «Ҳарду бо дашномҳои қабеҳ ба мураббиёну футболбозони дастаи меҳмон ҳуҷум карда, бо ин рафтори ношоямашон миёни футболбозон низоъ бармеангехтанд.»
    Чаноби Нарзуллои Латиф шумо дар назди бошгохи дастаи мехмонон будед магар нашунидед! ДАШТНОМХОИ бошгохи Вахшро?
    Хулоса аз кумитаи интизоми Федеросиюн хохиш мекунам, Ки одилона хулоса бароранд.

  2. Ба follower!!!
    Аз Шумо хохиш менамоям ки дар сайт дастаи беинтизомтарини лигаи олиро кайд кунед (Аз руи шумораи кортхои сурх ва зард).

  3. FAIR PLAY – СПРАВЕДЛИВАЯ ИГРА
    После 9-го тура
    Команды
    Предупреждения
    Удаления
    Штрафные очки

    1
    «Вахш» (Курган-Тюбе)
    8
    0
    8

    2-3
    «Хайр» (Вахдат)
    10
    1
    15

    2-3
    «Равшан» (Куляб)
    15
    0
    15

    4-5
    ЦСКА «Памир» (Душанбе)
    16
    0
    16

    4-5
    «Регар» (Турсунзаде)
    11
    1
    16

    6
    «Истиклол» (Душанбе)
    12
    1
    17

    7
    «Парвоз» (Б. Гафуров)
    15
    1
    20

    8
    «Худжанд» (Худжанд)
    16
    1
    21

    9
    «Энергетик» (Душанбе)
    17
    1
    22

    ВСЕГО
    120
    6
    150

    Примечание: за предупреждение начисляется 1 штрафной балл, за удаление – 5.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s