Мусовиҳое, ки ба нафъи «Регар» ТадАЗ буд (бо аксҳо)


  • «Хуҷанд» 2:2 «Вахш»
  • «Истиқлол» 0:0 ССКА «Помир»

Муаллифи матлаб ва аксҳо Бахтиёр Файзуллоев мебошад, ки ин матлабро махсус барои «Футболи Тоҷикистон» аз шаҳри Хуҷанд фиристодааст.

Шаҳри офтобии Хуҷанд дар ҳақиқат офтобӣ буд. Ҳарчанд бозӣ соати 17:30 оғоз ёфта бошад ҳам, соати 17:00 ба варзишгоҳ ҳозир шудам ва бо азобе дохил шудам.

Бо ҳамин қадар ҳаракат ҳам аз трибунаи марказӣ бенасиб мондам. Ҷои нишастам офтобӣ ва наздики дарвозаи Вахш дар қисми аввали бозӣ буд. Ба худ гуфтам, ба ҷои нохубе нишастам, зеро бозӣ бояд ба сўи дарвозаи Хуҷанд зиёдтар сурат гирад. Шукрона, ки оғози бозӣ ҷои нишасти мо ҳам соя шуд, кайф чоқ шуд.

Ба майдон аввал бозигарони Хуҷанд баромаданд. Баъди чанд лаҳза аламбардорони футболи тоҷик дар Ҷоми Президенти АФК ҳам ҳозир шуданд. Бозӣ бо саломдиҳӣ ва дастфишурии дўстона оғоз ёфт… Кош чунин анҷомашро медидем.

Пас аз привет 

Бозӣ оғоз ёфт. Вахш дар канори рости нимаи майдони Хуҷанд бозии комбинатсионии худро оғоз намуд. Аммо, ҳимоятгари Хуҷанд тўбро «перехват» карда, ба нимҳимоятгари канори чап, ки аз вай дур набуд, мепартояд. Ў барои оғози ҳуҷум тўбро ба қафо, ба ҳимоятгар мепартояд. Пас вай тўбро ба маркази майдон ба нимҳимоятгар ва ў тўбро ба ҳимоятгари канори рост мепартояд. Ҳамаи ин дар давоми 15 сония ба амал омад. Ҳимоятгар бо як партоби олиҷаноб тўбро ба канори рости назди майдончаи ҷаримавии Вахш партофт, он ҷо ҳимоятгар бо ҳуҷумкунандаи Хуҷанд мубориза мебаранду, ҳар ду аз тўб бе баҳра ҳам мемонанд. Як бозигари дигари Хуҷанд, ки ҳеҷ кас ўро нигоҳ накарда буд, пештар аз ҳама ба тўби аз ҳаво омадаистода расиду бо зарбаи олиҷанобонаи аршавинӣ (яъне аз болои дарвозабон ва ба кунҷи дури дарвоза) вориди дарвозаи дарёи суръатноку пурхурўши меҳмонон кард. Голи хеееееле зебо!

Чемпионати Тоҷикистон дар ҳақиқат дар рушд аст. Дар ин муддати ду рўз чанд голи олиҷаноб дидем. Вале ин голи хеле хушрўтар буд. Воқеан, аз оғози бозӣ ҳанўз 30 сония нагузашта буд. Мухлисони азиз, зудтарин гол дар Чемпионати Тоҷикистон аз ин тезтар зада шуда бошад?

Хуҷанд дорои фанклуб мебошад. Фанҳои Хуҷанд бо «зарб» (ударник), байрақи даста (рангҳои кабуду сафед) ва навиштаҷотҳо мусаллаҳонида шуда буданд. Баъдтар маълум шуд, ки ба арсенали онҳо доира ё таблак ҳам шомил будааст. Футболро бе муболиға зеб медиҳад.

Бей-бегӣ ислоҳ шуда буд

Хуб, мо медонистем, ки бозии Хуҷанд бей-бегӣ асту ба бозии комбинатсионӣ подзаҳр шуда наметавонад. Ва ин гол шояд тамоман нохостакак бошад.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки аз бозии якчандрўз пештар дар Қўрғонтеппа баргузоргардида Ўроз Тўрақулов хулосаҳои ҷиддӣ бароварда будааст:

Аввалан, Хуҷанд баъди задани гол ба муҳофизат нашишт. (Ин дуруст аст, зеро дар давоми 90 дақиқа ҳимоя нишастан, ну уж тем более дар хонаи худ…). Сониян, ҳаракатҳои бемаъно, ки дар бозӣ бо гидрометаллургчиён дида мешуд, дар ин бозӣ ислоҳ шуда буданд.

Бозии Хуҷанд зичтар буд, назар ба бозии Вахш. Яъне бозигарони Вахш кушодтар бозӣ мекарданд ва ин тактикаи пешгирифтаи Хуҷанд дар ин бозӣ самараи хуб дод.

Аммо дар ҳайати Хуҷанд мастерҳое, ки дар Вахш ҳастанд, вуҷуд надошт. Хуб, аз ҷиҳати схемаю тактика Ўроз Тўрақулов бар ҳарифи худ Аслиддин Ҳабибуллоев ғолиб омада буд. Аммо аз ҷиҳати маҳорати инфиродӣ Вахш як сар боло буд.

Қисми аввали бозӣ бо бартарии Хуҷанд оғоз ёфт. Вай назар ба Вахш зуд-зуд ба ҳуҷум мегузашт. Вале дар охир дар куҷое маҳорати шахсӣ мелангиду, дар куҷои дигаре бахт омад намекард. Масалан, баъди панҷ дақиқаи зада шудани гол ё оғози бозӣ Хуҷанд аз канори рост ба ҳуҷум баромад, вале ҳимоятгар дар лаҳзаи охирон тавонист тўбро зада, аз майдон берун созаду, ҳуҷумкунандаро вориди майдончаи ҷаримавӣ шудан намонад. Аммо дар ин лаҳза аз канори рост ҳуҷумгари дигаре суръат гирифта истода буд. Ба ҳар ҳол зарбаи кунҷӣ таъин шуд, вале он онқадар хавфнок набуд. Баъди ду дақиқа Вахш ба ҳуҷуми ҷавобӣ баромад, аз канори рости майдон қурғонтеппагӣ тўбро ба ҷаримагоҳ мепартояд, вале ҳимоятгар пешдастӣ карда, тўбро бо сараш зада аз майдон берун месозад. Тўби аз кунҷи майдон задашударо  хуҷандиҳо аз майдончаи ҷаримавӣ берун сохтанд, вале лаҳзаи дигар ҳимоятгари Хуҷанд тўбро бо сар ба бозигари Вахш партофт. Як ставкаи Вахш ба чунин хатоҳои Хуҷанд гузошта шуда буд, ки аз ин лаҳза бозигари Вахш хуб истифода бурда, тўбро нармакак ба майдончаи ҷаримавӣ мепартояд. Вале дар ин лаҳза ҳимоятгари Хуҷанд саросема нашуда, тўбро бо сараш бармегардонад ва намегузорад, ки ҳуҷумкунандаи Вахш онро соҳиб гардад. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн ҳам гузарад, вале Хуҷанд фаъолтар буду, вазъиятҳои хавфнокро дар назди дарвозаи Вахш бештар месохт.

Дар шикори набераҳои Темурмалик

Воқеан, химоятгарони Хуҷанд дар ин лаҳзаҳо паст намеомаданд. Масалан, дар дақиқаи понздаҳумҳои бозӣ аз нимаҳои майдони Хуҷанд тўби ба ҳуҷумкунандае, ки дар дохили майдончаи ҷаримавӣ дохил шуда буд, партофта шударо ҳимоятгар устокорона зада, аз майдон берун сохта, ба вахшиҳо нишон медод, ки бохт бар Регар бо айби онҳо камтар аст. Зарбаи кунҷии задаи вахшиҳо қариб, ки ба фоидаи Хуҷанд анҷом меёфт, зеро ҳуҷумкунандаи Хуҷанд метавонист бо дарвозабон як ба як барояд. Хуб ин он қадар хавфнок набуд, зеро ҳуҷумкунанада аз ҳама пеш буд ва дар ҳолати ғайрибозӣ ҳам қарор дошта буд.

Дақиқаҳои 25-ум Вахш ба ҳуҷуми позитсионӣ гузашт. Вале дар нимаи майдони худ хуҷандиҳо 10- 15 метр дуртар аз маркази майдон қоидаи бозиро вайрон карданд. Вахш бо қувваи калон ба пеш гузашт. Тўбро ҳимоятгар ба бозӣ медарорад. Бозигаре, ки тўбро ба бозӣ медаровард, шояд надид, ки ба ҳимоятгари хатти пеши худ (ё, ки нимҳимоятгари хатти пушт – опорный полузашитник) ду нафар бозигарони Хуҷанд барои прессинг меоянд, тўбро ба вай партофт. Ин бозигари сиёҳпўст, ки мо дар бозӣ бо Парвоз ҳам шоҳид шуда будем, ки вай нақши нимҳимоятгари қафокашидашударо мебозад, натавонист тўбро ба пеш партояд. Яъне, ин ду нафар хуҷандиҳо перехват карданд ва ба пеш гузаштанд. Як ҳуҷумкунанда зуд ба марказ рафт ва ба пеш даромад. Бозигари соҳиби тўб буда, маълум, ки таҷрибаи кофӣ надорад дурудароз фикр кард (ба ҳисоби манн3 сония. Аммо ин се сония барои футболи имрўз муддати хеееееле дуру дароз ҳисоб мешавад). Ба ҷои тубро зуд ба пеш додан худаш ба пеш баромад. Агар вай тубро зудтар ба рафиқаш мепартофт, шояд ҳуҷумкунанда бо дарвозабон ба рандеву мебаромад. Аммо, ҳар чӣ, ки буд, ҳимоятгарон вазъиятро безарар гардониданд.

Баъди чанд лаҳзаҳо Вахш ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузарад. Ҳуҷумҳои ҷавобии Вахш хело нешдор буданд. Хуллас, хуҷандиҳо дар назди нимдоираи майдончаи ҷаримавӣ қоидаи бозиро вайрон мекунанд ва шанси хуби аламро гирифтан ба Вахш пайдо шуд. Чуноне, ки ин ҷо мухлисони «ветерани» мо ёдовар гаштанд, чунин лаҳзаҳо барои тоҷикон нони хоидашуда ва ба гулў телекардашударо мемонд, ки фурў бару шуд. Хуб, ки бошад, сухан дар бораи Азимову Раҳимову Ширинбеков меравад. Аммо Вахш, ки фабрикаи футболи даврони Шўравии тоҷик буд (бузургтарин футболбозони мо аз мактаби Вахш баромадаанд) ин лаҳзаро бо хаткуркунаки тез аз рўихати лаҳзаи голзании худ тоза кард. Тўби задашуда ба девор бархўрд ва кўшиши минбаъдаи вахшиёнро ҳимоятгарони Хуҷанд ҷонфидоёна бартараф карданд. Зиёда аз ин Хуҷанд ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва фақат бо нархи вайрон кардани қоидаи бозӣ Вахш тавонист бозиро нигоҳ дорад. Дар ин ҳол доварро мебоист ба бозигари меҳмонон корти зард нишон диҳад. Вале ў аз чӣ сабаб бошад худдорӣ намуд. Бозигарон ҳам аз ин рафтори довар илҳом гирифта, ба фачигарӣ сар карданд. Ана акнун футболи тоҷикӣ оғоз шуд…

Хуллас, қисми аввали бозӣ бо бартарии чашмзани Хуҷанд ба анҷом расид, ки ношукрии чандин лаҳзаи голзанӣ карданд. Дар дақиқаҳои охири қисми аввал тўби берун аз майдончаи ҷаримавӣ задаи Хуҷанд ҳамагӣ якчанд сантиметр дуртар аз паҳлўчўби дарвоза гузашта аз майдон берун мешавад. Ба ҳар ҳол, дар ин бозӣ Вахш ба Хуҷанд ба бисёриҳое иҷозат дода буд. Қисми аввал поён ёфт.

Нишонаҳо, нишонаҳо….

Аз хурдӣ мо ба нишонаҳо аҳаммияти ҷиддӣ медодем. Масалан, агар аз дашту саҳро ба тамошои бозӣ бармегаштем, бо он роҳе меомадем, ки дафъаи гузашта Помири ҷоноҷонамон ғолибият ба даст оварда буд. Агар роҳи хубу қулай бошад ҳам, вале қаблан номуродии дастаамонро оварда бошад, зинҳор бо он роҳ барнамегаштем.

Синфҳои 5-6 мехондем. Аз дарвозаи мактаб ҳамаи ҳамсинфон пуштнокӣ ё ба биқин ё давида ё хамшуда… хуллас бо нишонаҳои муайян аз мактаб хориҷ шуда, ба сӯи телевизор мешитобидем, ки дар ҳар куча як ё дутоаш телевизиони Тоҷикистонро нишон медод. Мухлисаҳои Помир (ҳамсинфонамон) бошанд аз ҳама охирон синфро тарк мекарданд ё расо як дақиқа пас аз баромадани бачаҳо ва ғайраву ҳоказо… Хулоса на як хурдсолон, балки, агар хато накунам ҳамаи мухлисон ва шояд футболбозон ҳам чунин рафтор мекарданд. Ба ҳар ҳол бояд аз Устод Нарзулло Латиф дар ин бора пурсон шавем…

Дар ин бозӣ як чиро пайхас кардам. Дар оғоз Вахш ба майдон каме дер баромад. Албатта, онҳо ба ин ҳақ доранд, корнамоиашонро дар мубориза барои Ҷоми Президенти АФК дар назар дорем. (Одатан дар донишгоҳ мо муаллимонро аз рўи унвонашон барои ҳурмат интизорӣ мекашидем: муаллим – 5 дақ., муаллими калон -10 дақ, дотсент – 15. доктору профессор 20-30 дақиқа. Баъди ин дар аудитория ҳеҷ кас намемонд).

Дар оғози қисми дуюми бозӣ ана акнун Вахш Хуҷандро мунтазир шуд. Приметаи қисми аввал дар қисми дуюм такрор ёфт, фақат баръакс.

Дар қисми дуюм сармураббии Вахш сатҳи худро нишон дод. Бо иваз намудани бозигарон ў тавонист ҷараёни бозиро тағйир диҳад. Бовар кунед, на ҳама мураббиён ба ин қодиранд. Масалан, тренери Парвоз натавонист сурати бозиро бо Хайр дигар намояд. Аҳсан ба мураббии Вахш!

Посухи меҳмон

Вахш оҳиста-оҳиста ба ҳуҷумҳои доманадор гузашт. Инро бо руси позиционная атака мегўянд. Воқеан барои таҳлили бозиҳо бо забони тоҷикӣ азоб мекашем, бояд як луғат тартиб дода шавад. Чунин ҳуҷумҳо дар футболи тоҷик имрўзҳо қариб, ки  дида намешавад. Ҳисоб мекунӣ то 3 ва зўраш то 5 партофт ва баъд тўб аз даст дода мешавад.

Аммо ин зеби бозиро дағалии бозигарон вайрон кард. Дигар дили таҳлилкунӣ куҷо шуду!.. Дар як лаҳза довари кунҷӣ дар аввал бо дархост ё талаби мухлисон офсайд эълон карду, баъд қарорашро бо талаби довари асосӣ дигар карда, зарбаи кунҷӣ задани Вахшро нишон дод!!! Ё тавба…!!!

Баъдтар бозигарон ба бозии тоҷикӣ гузаштанд. Задухўрди бемаънӣ, яъне. Он тарафашро қалам намедиҳем, ки аз навиштанаш шармам меояд.

Кўтоҳ карда мегўем, ки Вахш тавонист ду гол занад. Якеаш бо айби Насим-ако. Пир шудааст мардак, ҳар сонияи баъдин гувоҳи он мегарданд, ки анҷоми карйераи мардак хело наздик аст. Барои Хуҷанд хизмати беҳамто кардааст. Ба ҳар ҳол, Хуҷандро мебояд зуд дар ҷустуҷўи дарвозабон бошад. Голи дуюм, аз ҳолати стандартӣ зада шуд.

Қувваи Хуҷанд асосан ба қисми аввал расид. Дар қисми дуюм бачаҳо монда шуда буданд. Танҳо якчанд дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ тавонистанд ҳисобро баробар созанду дуд аз димоғи мураббии Вахш бароранд. Ана марҳамат ба шумо боз як сазои назарногирӣ! Ҳарчанд қабл аз оғоз бозӣ мураббии Вахш Хуҷандро даррандаи захмхўрда номида бошад, ҳам бозигаронаш бар ин ақида набуданд, ки дар натиҷа на як хол ба даст оварданд, балки, ду холи гаронбаҳоро аз даст доданд.

Хулоса

Ин бозиро муҳорибаи ду мураббӣ мегўем, ки дар он Ўроз Тўрақулов ғолиб омад. Чун, дастаи Хуҷанд ҳанўз ба формаи худ надаромадааст, бозии худро надорад. Дар муқобили он корнамоии чемпиони феълии тоҷиконро зикр кардан ҳоҷат нест. Дар ин вохўрӣ Хуҷанд нисбатан зичтар бозӣ кард, ки дар муқобили он Вахш хело кушод ва кушода бозӣ ҳунарнамоӣ намуд. Ба назари банда, нақши муҳимро дар бозӣ ана ҳамин тактикаи мураббӣ бозидааст. Ва голҳои задашуда низ аз бисёрӣ гувоҳ медиҳанд. Ўроз-ако аз бозӣ бо Регар бисёр хулосаҳои муҳим баровардаанд. Аҳсан.

Баъди анҷоми бозӣ Вахш метавонист якбора муфт ба Хуҷанд се хол тўҳфа диҳад. Аз майдон боз як шахс корти сурх гирифт, ба хотири …ммм… дарди имрўзаи футболи тоҷик: дағалии аблаҳона!

Мухлисони азиз, ба мани ҳафтафаҳм фаҳмонед, ки баъди бозӣ бо довар дастбагиребон шудан чӣ маъно дорад?! Довар метавонист боз якчанд бозигари Вахшро аз бозӣ пеш кунад(!!!), намедонам, шояд дар он сурат бозиро бохти фаннӣ эълон мекарданд? Агар хато накунам, агар даста дар як бозӣ зиёда аз чаҳор корти сурх гирад, ба бозӣ нуқта монда мешавад, ё хато кардам?

Дар вақти аз майдон баромадан, бозигари рақами 23 боз як нафари дигар, мутаассифона рақамашро нигоҳ накардам, ин бефаросатҳои бетарбия (хуб, асабам ба ҷояш омаду, ҳаволаи бадашро ба Худо мегўям) бо жестҳои аблаҳона ба сўи мухлисон даст бардоштанд. Пастфитратӣ аз ин зиёд нест.

Ман мехоҳам бо ин мақола ба роҳбарияти клуби Вахш муроҷиат намоям, ки ин бемаданиятҳоро тартиб ёд диҳанд. Магар чунин ашхос метавонад дар хориҷа миллати моро муаррифӣ намояд?! Аз онҳо қатъиян талаб дорам, ки аз мухлисон бахшиш пурсанд!!! Умед дорам, шумо ҳам мухлисони азиз ин талабро дастгирӣ менамоед.

Ва ғайр аз ин онҳо ҳақ надоштанд дар назди устод Нарзулло Латиф чунин рафтор намоянд. Эҳ чи мегўӣ!

Устодро хеле ғамгин дарёфтам. Табъашон хеле хира буд. Ба фикрам таъби Устод аз сафари дар Суғд доштаашон ягон миқдор болида набуд… Афсўс… Ҳайфи қадамҳоятон, ки дар ҳар ду бозӣ шоҳиди бемаданиятии футболбозони тоҷик шудед…

Аммо аз ин лаҳзаҳо ман на як зарари маънавӣ, балки молиявӣ ҳам дидам. Дар вақти сабт як корманди мақомоти ҳуқуқ фотоаппаратамро фишор дод, то ин бесарусомониҳоро сабт накунаму, паҳн нашаванд 🙂 Баъд дар хона бубинам, аппарат аз кор баромадааст. Ҳайфи нишонаи Киев 😦 Касофатии он ду бемаданият ба ман ҳам зад 😦

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 6-уми июн 

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 8 7 1 0 29-3 22
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 8 5 3 0 15-4 18
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 5 3 1 12-7 18
4. «Хайр» (Ваҳдат) 9 4 2 3 14-13 14
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 13-13 11
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров 9 2 2 5 11-16 8
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 1 4 4 11-19 7
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 9 1 4 4 5-16 7
9. «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 423 1
Advertisements

7 thoughts on “Мусовиҳое, ки ба нафъи «Регар» ТадАЗ буд (бо аксҳо)

  1. Перенесенный матч 8-го тура
    Сегодня 9 июня состоялся
    «Истиклол» – «Равшан» – 5:0
    Голы: Фарход Тохиров, Юсуф Рабиев (2 гола), Дилшод Восиев (2 гола).

  2. Сегодняшние матчи чемпионата РТ:
    Регар ТадАЗ – Худжанд – 2:0
    Хайр – Энергетик – 3:0

  3. akai bakhtiyor, ba fikram digar futbol nameraved a?

    bakhshish, hamon ruz ki rakamatonro giriftam chand bor kushish kardam ki zang zanam, vale zang zada nashud, namedonam charo

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s