Сафорати Тоҷикистон беҳтари дар МГИМО


Шоҳин Самадӣ, Маскав, махсус барои «Футболи Тоҷикистон»

Дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар сабқати Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (МГИМО) пирўз баромада, сазовори ҷои аввал гашт.

Дирўз дар майдони Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва (МГИМО) сабқати X-ум барои дарёфти Ҷоми Ректори ин донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон соҳими ҷоми нобурда гардид.

Баъди пирўзӣ бар тамоми ҳарифон дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон дар майдон бо ҳамтоёни озарии худ вохўрданд, ки дар вақти ҷудошуда натавонистанд муайян кунанд, ки кадом даста пурзўртар аст. Баъди ба анҷом расидани вақти муайяншуда дастаи Тоҷикистон дар задани зарбаҳои 11 метра пурзўртар баромад ва ба бозии ниҳоӣ бо дастаи футболи Сафорати Қазоқистон роҳ ёфт.

Дар тайми аввал дастаи футболи Сафорати Қазоқистон тавонистанд як гол зананд. Дар қисми дуввуми бози футболбозони тоҷик тавонистанд ҳисобро баробар кунанд ва баъди анҷоми вақти муайяншуда бо задани пеналти футболбозони Сафорати Тоҷикистон пирўзиро ба даст оварданд.

Сазовори ҷои дуввум дастаи футболи Сафорати Қазоқистон, ҷои саввумро дастаи футболи Сафорати Озарбойҷон ишѓол намуд.

Баъди гирифтани Ҷоми Пирўзӣ Суруди миллии зери оҳанги мутантан дар иҷрои кормандони Сафорат, ҳаводорон ва донишҷўёни Тоҷикистонии ин Донишгоҳ садо дод.

Ногуфта намонад, ки ин дафъаи чорум ҳаст, ки дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон дар Руссия Ҷоми ғолибиятро ба даст меоваранд. Соли гузашта Сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев беҳтарин аз Сафирони футболбоз эътироф шуда буд.

Advertisements

4 thoughts on “Сафорати Тоҷикистон беҳтари дар МГИМО

  1. Перенесенный матч 8-го тура
    Сегодня 9 июня состоялся
    «Истиклол» – «Равшан» – 5:0
    Голы: Фарход Тохиров, Юсуф Рабиев (2 гола), Дилшод Восиев (2 гола).

  2. Шоҳин, ташаккури зиёд барои хабар! Ғалаба муборак бошад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s