Ҷамшед Марофиев ба варзишгоҳ соли 2011 хоҳад даромад


Нарзуллоҳи Латиф. Бознашр аз Радиои Озодӣ

Кумитаи интизоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ, ки 10-уми июн баргузор шуд, гунаҳкорони бозии дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро дар даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ ҷазо дод.

Ёдовар мешавем, ин бозии рақибони аслӣ, ки рӯзи 6-уми июн дар варзишгоҳи нави Хуҷанд – «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» – баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 2-2 ба анҷом расида буд. Вале охири бозӣ бо ҷанҷолу кашмакашҳои мизбонону меҳмонон сурат гирифт.

Ин ҳама бо айби мудири бошгоҳи футболи «Хуҷанд» Ҷамшед Марофиев ва як нафари дигар, ки аз ӯ Неъмат ном мебурданд ва бар хилофи низомномаи мусобиқа дар паҳлӯи раҳбарону мураббиёни даста менишаст, сар зад. Ҳарду бо рафтори ношоямашон миёни футболбозон низоъ бармеангехтанд.

Дастаи «Вахш» аз болои раҳбарони «Хуҷанд» ба Федеросиюни футболи Тоҷикистон шикоят бурд ва ин шикояти худро бо аксҳову наворҳо пешниҳод намуд. Дар навбати худ мизбонон низ ба эътирози меҳмонон далелҳо пешкаш карданд.

Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ, гуфт: «Кумитаи интизоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кард ва чунин тасмим гирифт:

Ҷамшед Марофиев, мудири бошгоҳи футболи «Хуҷанд», барои рафтори ғайриварзишию ғайриахлоқӣ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта, то охири сол дар ҷараёни бозиҳо аз ҳузур дар минтақаи техникӣ ва нишаст дар курсиҳои раҳбарону мураббиён ва футболбозони эҳтиётии даста маҳрум карда шавад,

раҳбарияти бошгоҳи футболи «Хуҷанд» барои талаботу шароити баргузории мусобиқаро таъмин накардан ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима андохта шавад,

Гадоев Искандар, бозигари «Хуҷанд», ва Субҳон Хоҷамов, бозигари «Вахш», ки ҳарду корти сурх гирифтаанд, аз ду бозии оянда маҳрум карда, ҳар кадом ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима андохта шаванд,

Абдусаттор Қаландаров, духтури дастаи «Вахш», барои рафтори ғайриварзишӣ ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима андохта шавад».

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s