Кадом даста қаҳрамони соли 2010 мешавад?


Бознашр аз торнигори “Андешаҳо”-и Шӯҳрат

Тобистони соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Мусобиқоти ҷаҳонии футбол баргузон мешавад, ки дар он 32 дастаи пурқуввати дунё ширкат меварзанд. Дар зер шарҳи шореҳи моро оид ба имкони аз даври аввал баромадани дастаҳо дар гўрўҳҳояшон мутолиа кунед.

Дар “ФУТБОЛДОН” иштирок бикун!

Даври 10-ум

Даври 11-ум

Даври 12-ум

Гурўҳи А:
ҶАҶ, Месика, Уругвай, Фаронса
– Ин гурўҳи махсус аст, зеро соҳибони майдон бе бозӣ ба он дохил мешаванд. Онҳоро тамоми мамлакат мухлисӣ мекунад, ки ин нақши калонро мебозад. Ба хотир оред, Мусобиқоти соли 2002-ро, ки Корея дар майдони худ то ба нимфинал расид. Ин дафъа чӣ мешавад, пешгўӣ кардан мушкил аст, аммо соҳибони майдон ба ёрие умед баста метавонанд – ақалан ба кўмаки доварон.
Дар ин гурўҳ фаворит Фаронса аст. Фаронсавиҳо ҳам ҳамон дастае нестанд, ки дар МҶ-2006 то ба финал расида буданд, аммо аз онҳо ҳам ҳамеша дурахшеро интизор шудан мумкин аст. Роҳхати дуюм шояд ба Мексика расад. Ин дастаи пурқуввату мутташаккил аст, ки дар мусобиқаҳои калон ба асаби азимдастаҳо мерасад. Онҳо дар ҶАҶ барои ҷойи дуюм дар гурўҳ мубориза хоҳанд бурд. Ба Уругвай боварӣ камтар аст, аммо дастае, ки дар Америкаи Ҷанубӣ ҷойи панҷумро гирифтааст, камқувват нест. Бисёр гуфтан чӣ лозим, гурўҳи аҷоиб созмон ёфтааст.

Гурўҳи В:
Аргентина, Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ, Юнон
– Дар ин гурўҳ фаворити асосӣ маълум аст – аргентинагиҳо. Дигарҳо муаммоянд. Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ ва Юнон қариб, ки имкони якхелаи баромадан ба 1/8 финалро доранд. Юнониҳо дар соли 2004 қаҳрамони Аврупо шуданд, аммо бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳодисаи ногаҳонӣ буд ва дар ояндаи наздик онҳо имкони ба чунин муваффақият ноил шуданро надоранд.
Кореягиҳо бо нигоҳ доштани тартибот ба пеш мераванд, аммо бо чунин роҳ дур нахоҳанд рафт. Фақат дар сурати дар хона барпо кардани мусобиқа ягон имкон хоҳанд ёфт. Нигериҳо бошанд, метавонанд барои ҷойи дуюм дар гурўҳ мубориза баранд. Рост, ки «суперуқобҳо» ҳоло он паррандаҳои баландпарвоз нестанд, ки пештар буданд. Лекин онҳо дар қитъаи худ бадвоҳима хоҳанд буд ва метавонанд, ки ягон дастаи фаворитро дар плей-офф хомталош кунанд.

Гурўҳи С:
Англия, ИМА, Алҷазоир, Словения
– Боз як гурўҳ бо фаворити мутлақ. Дар гумон аст, ки ягон даста садди роҳи ҷойи якумро гирифтани англисҳо шавад. Ҷойи дуюмро бо боварӣ ба америкоиҳо додан мумкин аст, зеро футбол дар ин мамлакат бо суръат инкишоф меёбад ва чиновникҳо ба варзиш аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳоло дар ин қитъа футбол кам ба назар расад ҳам, аммо мусобиқаи гузаштаи ҷаҳониро дар ёд дорем, ки тими мунтахаби ИМА дар вохўриҳои финалӣ бомуваффақият баромад кард. Футболбозонаш заҳматкаш ва қавииродаанд, ки то охирин лаҳза мубориза мебаранд. Аз онҳо «surprise» интизор шудан мумкин аст. Алҷазоир ва Словения низ мубориза хоҳанд бурд, аммо боварӣ ба комёбии онҳо кам аст. ИМА Русия ё Миср нест, ки худро ба шармандагӣ диҳад.

Гурўҳи D:
Германия, Австралия, Сербия, Гана
– Саволи асосӣ дар ин гурўҳ – кадом даста ҷойи дуюмро мегирад, аст. Тақдири ҷойи аввал ҳалшуда гўем ҳам, хато намекунем ва бо боварӣ онро ба немисҳо медиҳем. Барои ҷойи дуюм «хунхўрӣ» мешавад, ки Сербия бартарии бештар дорад, аммо ду дастаи дигарро сарфи назар кардан нашояд. Барои ганагиҳо осонтар аст, зеро дар наздикии хонаи худ бозӣ мекунанд. Дар маҷмўъ аз дастаҳои африқоӣ дар қитъаи худ ҳангомаро бояд интизор шуд. Кай боз чунин имконият ба даст меояд? Аммо агар маҳорати дастаҳоро ба инобат гирем, сербҳо бояд ҷойи дуюмро гиранд, ҳарчанд тими мунтахаби ҳозираи Германия аз дастаҳои пештара заифтар аст. Клозе ва Гомес на он қувваеанд, ки ба онҳо такя кардан имкон дорад. Рост, ки тартибот ва таҷрибаашон беҳамтост ва ин бартарии асосӣ мебошад.

Гурўҳи Е:
Голландия, Дания, Ҷопон, Камерун
– Гурўҳи мураккаб. Баъди гурўҳи «G» пурқувваттарин ба ҳисоб меравад. Голландиҳо бешубҳа фаворит шуморида мешаванд, ки ин мувофиқи онҳост, зеро даста даври интихобиро бомуваффақият гузашт.
Метавон таваккал карда, Камерунро дар ҷойи дуюм гузошт, зеро боз як дастаи пурқуввати африқоист, ки дар минтақаи худ баромад мекунад. Маротибаи охир ҳамдастаҳои Это’О қариб буд, қаҳрамони минтақаи сиёҳпўстҳо шаванд. Дания ҳам мисли Голландия вохўриҳои интихобиро бобарор пушти сар кард. Даста футболи зебо нишон додан метавонад, аммо ба плей-офф баромаданаш дар гумон аст. Ҷопониҳо вақтҳои охир дар футбол пешравӣ дорад. Футболбозоне доранд, ки дар Аврупо бозӣ мекунанд. Дараҷаи маҳорати онҳоро ҳамин мусобиқа муайян мекунад, лекин аз 1/8 финал боло рафтани онҳо ҳоло барвақт аст.

Гурўҳи F:
Италия, Парагвай, Зеландия Нав, Словения
– Барои фаворитро осон пешгўӣ кардан гурўҳи мувофиқ аст. Зинаи якум бе шаку шубҳа насиби итолёвиҳост. Ҷойи дуюм ба Парагвай. Ин даста дар минтақаи Америкаи Ҷанубӣ зинаи сеюмро касб кардааст ва аз бразилиягиҳо, ки ҷойи якумро гирифтанд, як хол камтар дорад. Ин нишондиҳандаи ҷиддӣ аст!
Чунин ба назар мерасад, ки дастаи Зеландаи Нав ба Афирқои Ҷанубӣ чун сайёҳ меравад, зеро вазифаи дарпешистодаро кайҳо бо сарбаландӣ пушти сар кард. Дар ин байн Словакия мемонад, ки ду маротиба бозиро бар Словения, ки Русияро аз финал маҳрум кард, бохтааст. Чунин ба назар мерасад, ки Италия ва Паргвай барои ба плей-офф баромадан имкони аъло доранд ва ду дастаи дигар ҳеҷ наметавонанд, ки садди роҳи ин дастаҳо шаванд.

Гурўҳи G:
Бразилия, ҶХД Корея, Кот-д’Ивуар, Португалия
– Гурўҳи аз ҳама пурқувват дар ин мусобиқа! «Гурўҳи марг» гуфтан мумкин аст, агар Кореяи Шимолӣ намебуд, аммо ба ҳар ҳол диққати мухлисон аслан ба ҳамин гурўҳ нигаронида мешавад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки Бразилия дар ин гурўҳ фаворит аст, аммо на ҳама вақт назари аввал дуруст мебарояд. Суперситора дар ҳайати ин даста ба ғайр аз Кака дигар ба чашм намерасад. Худи Кака ҳам он бозигаре нест, ки се-чор сол пеш буд. Аз ин рў бо Бразилия сар ба сар шудан мумкин аст. Се дастаи дигар кумирҳои худро доранд, ки метавонанд бо ёри онҳо ба даври дигар гузаранд. Бурди асосии карисҳо тартибот ва ноумед нашудан аст. Пуштибони португалиҳо Криштиану Роналду ба шумор меравад, ки аз вай ҳар вақт қаҳрамонӣ интизор шудан мумкин аст. Кот-д’Ивуар Дрогба дорад, ки ҳама корро дар майдон кардан метавонад ва дар байни ҳамдастаҳояш зўрҳо боз ҳастанд. Аз ин рў мубориза, футболи зебо, комёбӣ, нокомӣ ва ҳатто ҷангу ҷанҷолро дар ҳамин гурўҳ интизор шудан мумкин аст.

Гурўҳи Н:
Испания, Швейсария, Гондурас, Чили
– Вазъият дар ин гурўҳ мисли гурўҳи F аст – аз ҷойи аввал ба даври дигар испаниҳо мебароянд, аз ҷойи дуюм Чили, ки дар вохўриҳои интихобии минтақаи Америкаи Ҷанубӣ бо ишғоли зинаи дуюм ба ҶАҶ роҳхат гирифт. Гондурас мисли Зеландия Нав метавонад, ки аз сайёҳи ин кишвар шуданаш хушҳолӣ кунаду мукофотпулии ба финал расиданро ба ҷайб зада, осуда шавад. Швейсарияҳо бошанд, бояд ноумед нашаванд ва бо Чили барои ҷойи дуюм дастбагиребон шаванд, шояд натиҷае диҳад, аммо ба ин боварӣ кам аст.

Advertisements

2 thoughts on “Кадом даста қаҳрамони соли 2010 мешавад?

  1. Pingback: криштиано рональдо рост « Эхо блогосферы

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s