Эмомалӣ Раҳмон мухлиси кадом даста аст?


Бознашр аз “Гол” 

Чемпионати Ҷаҳон

Даври навбатии сабқати ҷаҳонии футбол, ки ин дафъа дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мегузарад, оғоз шуд. Чаҳор соли омодабошӣ, тамрину санҷиш ва умеду орзуҳои миллионҳо футболбозону мухлисон, ки то дирўз аз натиҷаҳои ҶҶ-2006 гап мезаданд, гўё ба як мижжа задан, паси сар шуд. Маросими кушодашавии нўздаҳумин чемпионати ҷаҳон рўзи 11-уми июн ифтитоҳ гардид. То имрўз анқариб дар ҳамаи гурўҳҳо бозиҳои аввалин шуда, гузашт. Дар ин бора тафсилоти муфассал доданӣ нестам, пайиҳам намоиш додани бозиҳо аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ аллакай ҳоҷати гузориш доданро аз байн мебарад. Танҳо чанд мушоҳидае дорам ва мехоҳам сари ин мавзўъ ҳарф занам.

Футбол натанҳо бозист….

Бале, замоне ки футбол танҳо тўбронӣ ё варзиши оддӣ буд, гузаштааст. Аллакай дар нимаҳои асри гузашта, қисмате аз соҳибқиронҳои вақт ин бозиро чун аслиҳа, баҳри намоиш додани бартарии хеш ба ҳарифон истифода мебурданд. Мисоли ин гуфтаҳо талош баҳри қаҳрамонӣ миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Англия шуда метавонанд. Ва ҳатто дар сабқати ҷаҳони соли 1998, вақте дастаи Эрон бар ҳарифи идеологии худ тими ИМА ғалаба кард, ҳангомае шуд, ки ҷилои сиёсӣ гирифта буд. Аммо футбол ба истиснои омезиши сиёсӣ ёфтан боз ба тиҷорат низ табдил ёфт. Он намуди варзишие гашт, ки даромади молӣ меорад.

Албатта танҳо бо хоҳиши касе дастаи мунтахабро қаҳрамон карда наметавон, барои ин боз маҳорату чолокии бозигарони хоса лозим. Аз ин рў, аз нимаи дуюми асри 20 соҳибқиронҳо баҳри қаноатмандии армонҳои хеш ба клубҳои футбол диққат медодагӣ шуданд. Инро мисол дастаҳои «Реал», «Интер», «Манчестер Юнайтед», «Арсенал» ва ғ. ҳ. шуда метавонанд. Ё боз ҳам агар соддатар карда гўем, «Милан»-и Берлускони, «Челси»-и Абрамович, «Зенит»-и Путин, «Бунёдкор»-и Гулнора Каримова ва «Истиқлол»-е, ки писари Эмомалӣ Раҳмон бозӣ мекунад. Ва ҳатто «Помир»-и давраи Мақсуд Икромов низ натанҳо бозӣ, балки боз нишондиҳандаи бартарияти сиёсати варзишии замонааш буд.

Баъдан, агарчанде кишварҳое мунтахаби пурқуввати миллӣ надошта бошанд ҳам, будани як ё чанд клуби хуби футболӣ кофӣ аст, ки қисмати асосии диққати ҷомеаро ба бозиҳои онҳо банд кунад. Ва умуман бе сиёсат ҳам, агар дастае ё варзишгаре бошад, ки насли наврасро мояи ифтихор бошаду аз паси худ барад, аллакай сабабгори ба саломатӣ рў овардани ҷомеа мебошад. Ё будани чанд бозигари моҳири хориҷӣ дар дастаҳои ватанӣ сафи мухлисону тамошобинонро низ зиёд мекунад, ки метавонад, аз қадамҳои нахустини пул кардани ин намуди варзиш гардад. Пас футбол на танҳо бозӣ буда, балки боз паҳлўҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ доштааст…

Бозии нахустини Ҷоми Ҷаҳон 2010-ро ўзбекон доварӣ карданд

Довари марказии нахустин бозии чемпионати ҷаҳон-2010 Равшан Ирматови ўзбекистонӣ шуд. Ёрдамчиёни ў Баҳодур Қучқоров аз Қирғизистон, Субҳиддин Моҳд Солеҳ аз Малазия ва Рафаел Илёсов аз Ўзбекистон буданд. Албатта ҳакамии довари ҷавони 32 сола барои бисёриҳо писанд набуд, вале ду карат унвондори «Беҳтарин довари Осиё», вохўрӣ миёни дастаи мизбон ҶАҶ ва Мексикаро доварӣ кард. Ва боиси хушнудист, ки дебюти худро Равшан Ирматов бе ягон камбудӣ гузаронд. Сифати ҳакамии ўро ВАОи дунё баҳои олӣ дод. Дирўз вай дар бозии дастаҳои Новая Зеландия-Словакия довари эҳтиётӣ буд, рўзи 18 июн бошад, ба вохўрии Англия-Алҷазоир довари асосӣ таъин гаштааст. Қисса кутоҳ, гўё дар ФИФА аллакай ба мо осиёгиҳо инак бовар мекунанд. Албатта, доварии ўзбекон ба қадре фаҳмо аст. Ўзбекистон солҳои охир ба пешрафти ин намуди варзиш дар кишвараш диққати ҷиддӣ медиҳад. Гузаронидани мусобиқоту семинар ва форумҳои зиёду гуногун ба маҳорати касбии бозигарону мутахассисони ин касбу кор бенатиҷа намемонанд. Аммо ширкати довари қирғизистонӣ дар сабқати 2010-ро шарҳ дода наметавонам. Шояд чемпионати ин кишвар аз мо дида беҳтар бошад, ё доварони қирғиз аз тоҷикистониён беҳтару одилонатар доварӣ мекарда бошанд? Вагарна Ориф Ҷураев&Со-и ФФТ дар куҷоянд? Табиист, ки ҳоло эшон шояд ҷавоб диҳанд, ки мо дар дигар бозиҳои минтақавӣ доварӣ мекунем, ин бас нест? Аммо тавре президенти ФФТ Сўҳроб Қосимов баъзан мегўяд, ҷамъият инро талаб дорад.

Ҷойҳои нишасти холӣ ба чашм мерасанд

Бо вуҷуди он ки кумитаи тадорукот баҳри тамошобоб гузаронидани сабқати ҷаҳонӣ барои мухлисон омодагии зиёд диданд, вале дар толори варзишгоҳҳо ҷойҳои нишасти холӣ зиёд ба чашм мерасанд, ки инро чанд сабаб аст:

1. Аз нисф зиёди аҳолии ҶАҶ дорои вируси касалии СПИД мебошанд. Ин монеи сафари як қатор мухлисон ба ин кишвар гашт.

2. Теъдоди зиёди ҷинояткорӣ ва авбошӣ дар ҶАҶ. Аллакай дар давоми як ҳафтаи оғози сабқат хабарнигорони португалӣ, испанӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва уругвайӣ мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтанд. Дар бораи мухлисони оддӣ ҳарфе намезанем. Пулиси кишвар дар ин бобат кўмаке карда натавонистааст, агарчи барои таъмини амният бештар аз 40 ҳазор пулис вобаста шудаанд. Ҳарчанд эълонҳои «Эҳтиёт бошед!» ва «Дар як ҷо наистед!» сари ҳар гардиш барои туристон чун огоҳнома овехта шудааст.

3. Хавфи мавриди ҳамлаи хазандаҳои заҳролуд гаштан. Дар баробари он ки роҳзанӣ дарди сари меҳмонони сабқат гаштааст, эшон боз бояд дар ҳама ҳолат эҳтиёткор бошанд. Африқои Ҷанубӣ кишвари хазандаҳои заҳрнок, аз ҷумла мамбаи сиёҳ мебошад, ки заҳраш аз дигар морҳо 25 карат пурзўртар аст. Тими мунтахаби Англия бо вуҷуди гарон будани позаҳр (вактсина) барои заҳри ин намуди мор аз он харидорӣ кардааст, хабар медиҳад, расонаи «soccer.ru».

Вале як чизро бояд қайд кард, ки ғунҷоиши майдонҳои футболи ҶАҶ зиёдтар аст. Агар дар сабқати соли 2006 дар Олмон ширкати мухлисон дар як бозӣ 52 ҳазор нафар омор бошад, то имрўз омори чанд бозии гузашта, зиёда аз 54 ҳазор нафар мебошад.

Путин мухлиси Франсия ҳаст?

Аз рўи маълумоти расонаи «rbc.ru» 51 % аҳолии дунё аз ҷараёни бозиҳои ҶҶ-2010 дидан намуда, сарварони 24 давлати дунё бозиҳои дастаҳои мунтахаби кишвари худро бевосита тамошо мекунанд. Аз ҷумла, президенти ИМА Барак Обама бо бозигарони дастаи мунтахаби кишвараш вохўрда, ваъда додааст, ки аз рафти бозиҳои мунтахаби кишвараш ба воситаи телевизор аз утоқи кории хеш мухлисӣ мекунад. Ноиби президенти ИМА Ҷо Байден бошад, ваъда кард, ки дар бозии аввалини ИМА бо Англия иштирок хоҳад кард.

Намояндагони воломақоми Русия дар як бозпурсӣ изҳор доштаанд, ки дар ҶҶ-2010 дастаи славянитабори Сербияро мухлисӣ хоҳанд кард. То чӣ андоза ин ҳақиқат аст, албатта гуфтан душвор аст, вале сарвазири Русия Владимир Путин ба саволи хабарнигорони фаронсавӣ оиди мухлиси кадом даста будан дар ҶҶ-2010, ҷавоб дод, ки бешубҳа мухлисӣ дастаи мунтахаби Франсия ҳаст. Албатта, дастгирӣ ва мухлисии роҳбарияти сатҳи олии кишварҳо аз даври ¼ финал бештар эҳсос мешавад. Барои ман танҳо ҳамин муаммо мемонад, ки Путин ҳамчун мухлис ҷавоб дод ё сиёсатмадор?

Навгониҳо дар КФО

Ҳаштуми июн дар шаҳри Йоханнесбурги ҶАҶ Конгресси фавқулодаи КФО гузашт. Аз 46 давлати аъзои КФО намояндагони 45 асотсиатсияву федератсияҳо ширкат доштанд, ба истиснои намояндагии давлати Бруней. Дар Конгресси фавқуллода Тоҷикистонро дабири кулли ФФТ Шералӣ Давлатов ва ноиби президенти ФФТ Валерий Турсунов намояндагӣ карданд.

Мавзўи ҷаласа даровардани як қатор тағйирот ва тасдиқи Низомномаи ягонаи ташкилот ба ҳисоб мерафт. Ва чӣ хеле аллакай пай бурдед, аъзои КФО чун оилаи ягона якдилона барои ин дигаргуниҳо овоз доданд. Мақсад аз тағйирот даровардан якранг сохтани талаботи низомномаи КФО бо ФИФА ба ҳисоб мерафт, чунки аз соли 1954 ин ҷониб яке аз талабҳои ФИФА ҳамин буд, ки низомномаи ташкилоти осиёӣ бо ҷаҳонӣ мутобиқ бошад.

Ҳамзамон, президенти КФО Муҳаммад бинни Ҳаммом дар баромади худ қайд намуд, ки «Мо баҳри гузаштани ин сабқати бонуфуз дар Африқо минтақаро дастгирӣ карда будем ва имрўз хушнудем, ки ин чорабинӣ ба онҳо даст додааст. Ва тавре ки замоне Африқоро дастгирӣ карда будем, имрўз ман аз номи садорати КФО ба Аврупо кафолат медиҳам, ки дархости қабули мизбонии ҶҶ-2018-и онҳоро мо дастгирӣ мекунем». Баъдан, президенти КФО изҳор кард, ки умед дорад, Осиё соли 2022 мизбони сабқати ҷаҳонӣ мешавад. Барои ин аллакай чор давлат Япония, Куриёи Ҷанубӣ, Қатар ва Австралия омодагӣ хешро баён кардаанд.

Доҳии африқоиҳо мотам дорад

Аз рўйи нақшаи кашидашудаи кумитаи тадорукотии ҶҶ-2010, дар маросими ифтитоҳӣ ва бозии аввалин доҳии сиёҳпўстон Нелсон Манделаи 92 сола бояд дар назди ҳозирин суханронӣ мекард. Аммо чанд соат пеш аз ин, вақти бозгашт аз консерти ба оғози сабқати ҷаҳонӣ бахшидашуда, набераи доҳии сиёҳпустон Зенона Манделаи 13 сола, дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашт. Ин воқеа сабаб гашт, ки Нелсон Мандела натавонист, меҳмонони кишварашро пазироӣ намояд.

Раиси кумитаи тадорукотии мусобиқа Ирвин Хоза дар номаи тасаллияташ ба Мандела гуфтааст: «Хабари ҳалок гаштани Зенона моро ниҳоят маъюс гардонд. Аз номи тамоми ҳайати тадорукотӣ ман ҳамдардии худро ба шумо баён мекунам. Ёди ў дар хотираҳои мо як умр мемонад». Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта дар маросими тўҳфасупорӣ дар сабқати Ҷоми Конфедератсияҳо, дар варзишгоҳи «Эллис Парк» Зенона Мандела дар баровардани ҷоиза ширкат дошт, хабар медиҳад, “The Telegraph”.

Хулоса

Хулоса, шаш рўзи аввали сабқат паси сар шуд. Натиҷаҳо гуногунанд, аммо таассурот ҷолибтар аст: дастаи футболи ҶАҶ заиф нест, Фаронса бе Зидан гуё нест, дар баробари иқтисодиёташ футболи Юнон низ инқироз дорад, дастаи Марадона бо вуҷуди «тентакии» сармураббиаш хуштолеъ аст, аспи амрикоиҳо аллакай чун аспи англисӣ метозад, тезии арабони Алҷазоир пеши оромии Словения шикаст хўрд, мошини олмонӣ аробаи австралиягиҳоро таги чанг мононд, ҳолландиҳо бо тамкини хоссаи худ исбот карданд, ки яке довталабони асосии қаҳрамонианд, пас аз мағлуб кардани камеруниҳои азимҷусса дигар касе ҷопониҳоро «япончик» намегўяд, дар гумон аст, ки Итолиё қаҳрамониашро имсол нигоҳ дорад, кореягиҳо дар ҳақиқат дар Осиё беҳтаринанд ва садои вувузели африқоӣ ба ҷонам зад.

Advertisements

3 thoughts on “Эмомалӣ Раҳмон мухлиси кадом даста аст?

  1. “1. Аз нисф зиёди аҳолии ҶАҶ дорои вируси касалии СПИД мебошанд. Ин монеи сафари як қатор мухлисон ба ин кишвар гашт.” – носахех аст.

    аниктараш 18% – ахоли. Ба торномаи ишорашуда нохун занед(манбаъ).

  2. “1. Аз нисф зиёди аҳолии ҶАҶ дорои вируси касалии СПИД мебошанд. Ин монеи сафари як қатор мухлисон ба ин кишвар гашт.” – носахех аст.

    аниктараш 18% – ахолии маризи чахон. 11,5% ахолии Африкои чануби. Ба торномаи ишорашуда нохун занед(манбаъ).

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s