Голи Манучеҳр Ҷалилов барои пирӯзӣ кифоя накард


“Локомотив-2”-и Маскав дар бозии навбатияш дар Дивизиони дуввуми Русия барои нахустин бор дар мавсими нав дар майдони худ ғолиб наомад.

Ин бор меҳмони маскавиҳо дастаи «Днепр» аз шаҳри Смоленск буд ва бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом пазируфт.

Дар қисми аввал дастаҳо натавонистанд мухлисонро бо гол шод бикнуанд ва дар қисми дуввум Евгений Харлачев, собиқ бозигари маъруфи рус ва сармураббии феълии “Локо-2” ба майдон Манучеҳр Ҷалиловро даровард.

Ҳамагӣ пас аз ду дақиқаи ба майдон омадан, дар дақиқаи 71-ум, Ману ҳисобро кушод ва ба назар мерасид, ин гол ягона дар бозӣ боқӣ хоҳад монд. Аммо меҳмонон дар дақиқаҳои иловагии бозӣ тавонистанд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Пас аз ин бозӣ “Локо-2” бо 21 хол дар минтақаи “Ғарб”-и Дивизиони дуввуми Русия дар ҷойи саввум аст. “Торпедо”-и Владимир аз Ману ва компания як хол бештар ва “Торпедо-ЗИЛ”-и Маскав (дастаи маъруфи миёнаҳои навадум) бо 24 хол, вале ду бозии бештар дар садри ҷадвали ин минтақа мебошад.  Танҳо ғолиби ҷойи аввал ба Дивизиони аввал роҳхат мегирад.

Барои Манучеҳр Ҷалилов бошад, ин голаш дар сабқати имсолаи Дивизиони дуввум голи дуввумин мебошад. Қаблан, ӯ дарвозабони дастаи “Север”-и Мурманск, бале ҳамонеро, ки бо “Истиқлол” бозии дӯстона анҷом дода буд, ношод карда буд.

“Локомотив-2” дар ин миён, воқеан, аз идомаи мубориза барои Ҷоми Русия-2011 маҳрум шуд. Маскавиҳо дар даври 128 ниҳоӣ “Торпедо-ЗИЛ”-ро шикаст доданд, вале дар даври 64 ниҳоӣ аз “Истра” шикаст хӯрданд.

One thought on “Голи Манучеҳр Ҷалилов барои пирӯзӣ кифоя накард

  1. Манучехр чаро дар тими Точикистон бози намекуни?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s