Муаллиф – Мақсудҷон Иброҳимов

То имрўз танҳо ба ҳафт даста имкон даст додааст, ки чемпиони ҷаҳон гарданд. Имрўз олимон сири ин ғалабаро муайян намуданд. Имсол кадом даста чемпион мешавад, мо аз омори чемпионати ҷаҳон ба шумо якчанд маълумот хоҳем овард.

Дар “ФУТБОЛДОН” иштирок бикун!

Даври 10-ум

Даври 11-ум

Даври 12-ум

Дар яке аз донишгоҳҳои Голландия оид ба ин масъала тадқиқот доир намуданд. Ҳамаи он 32 дастаҳое, ки ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтаанд мавриди ҳаллу фасл қарор доданд. Дар тадқиқот зиёда аз 300 бозии иштирокдорон ҳаллу фасл карда шудааст. Ҳамаи он бозиҳои 20 соли охири иштирокчиёни мусобиқоти бонуфузро дида баромадаанд. Аз чемпионати ҷаҳони соли 1990 сар карда то соли 2006-ум тамоми бозиҳоро мавриди тадқиқот қарор доданд.

Ин аз он нишона аст, ки 5 чемпионати ҷаҳон, тақрибан зиёда аз 3000 соат ва 1 500 000 миллионро футболбозро аз назар гузаронанд.

Худ ба дохили тадқиқот медароем. 8 %-и ҳуҷум бо гол анҷом меёфтааст. Танҳо аз 100 зарбаҳои ҷаримавӣ 5 тояш гол мешудааст. 96 %-и пеналти ба тўри дарвоза медаромадааст. 21 %- и голҳоро муҳофизони ҳуҷумкунанда мезадаанд. 66 %-и зарбаи дарвозабонони Австралия мезада, тўб ба худи футболбозонаш мерасидааст. вале дарвозабони Нигерия бошад, ин нишондодаш ба 0 % баробар аст. Барои тими Олмон аз 34 тўби кунҷӣ яктоаш гол мешудааст.

Дарвозабон: Дарвозабон дар ду ҳолат қарор дорад: дар ҳолати зарбаи ҳариф ва гол. Дарвозабонони тими Фаронса ва Кореяи Шимолӣ аз 100 зарбаи задаи ҳариф 93 тояшро мегардонидаанд. Дарвозабонони тими Италия аз 100 зарба танҳо 6 тўб сар медодаанду халос. Беҳтарин дарвозабони чемпионати ҷаҳон Ҷанлуиҷи Буффон шинохта шуд.

Муҳофиз: Дастаи Юнон ба ҳисоби миёна дар як бозӣ 3,3 гол сар медодааст, ки ин натиҷаи бадтарин байни 32 дастаҳои иштирокуннда будааст. Анлия 0,7 гол дар як бозӣ, Италия 0,5 гол ва Фаронса 0,4 гол.

Дастаи дағал: Дар сегонаи аз ҳама дастаи дағал тими Чили шинохта шудааст. Ба ҳисоби миёна бозингарони қитъаи Америкаи Лотинӣ, яъне Чили 3 корти зард мегирифтаанд. Дар мақоми дуюм тими Португалия меистодааст. Ба ҳисоби ҳамдастагони Криштиану Роналду 3,17 маротиба корти рангаш зардро дар рў ба рўи худ медидаанд. Лидер ва аз ҳама тими дағал ин Гана будааст. Гана ба ҳисоби миёна 3,33 корти зард дар як бозӣ мегирифтааст.

Корти сурх: Зинедин Зидан яке аз ду футболбозоне аст, ки дар рафти чемпионати ҷаҳон ду маротиба корти сурх гирифтааст, нафари дуюми Ригаберг Сонг (Камерун). Тими Дания дар нуҳ бозӣ ду футболбозаш корти сурх гирифтааст. Фаронса аз 18 4 то корти сурх ва аз ҳама дастае, ки бисёр корти сурхро дорост ин тими Камерун . Камерун дар 14 бозӣ 5 корти сурх.

Дастаи тозатарин: Англия дар як бозӣ 14 фол мекардааст. Дар мақоми дуюм тими Гондурас меистад, ки нишондоди фолҳояш дар як дидор ба 13,67 мерасидааст. Аз ҳама дастаи тозатарин Бразилия шинохта шудааст, ки дар як дидор ба ҳисоби миёна 13, 63 то фол мекардааст.

Партофт: Дар мақоми сеюм тими Голландия меистодааст, ки 83,3 %-и партофтҳояшон то шарики худ омада мерасидааст. Тими Португалия дар мақоми дуюм меистодааст. Нишондоди ин даста 83,7 %. Ва дар мақоми аввал тими Бразилия меистад. 84,1 %-и партофти онҳо бомуваффақият меанҷомидааст.

Зарбаи ҷаримавӣ: Тими мунтахаби Италия аз 52 тўби зарбаи ҷаримавӣ ягонтояшро бо гол анҷом надодааст. Аз ин мебарояд, ки ҳангоми итолиявиҳо зарбаи ҷаримавӣ задан, дарвозабони ҳариф инқадар ҳарос надорад. Ҳатто Тоттиву Дел Пиеро низ.

Ҳолати голӣ: Тими Голландия дар мақоми сеюм меистад, Голандиҳо ба ҳисоб миёна дар як дидор то 17,31 ҳолати хавфнок ба вуҷуд меовардаанд. Кот-д-Ивуар дар мақоми дуюм-17,50 ва дар мақоми аввал бошад, Олмон – 18,23.

Голҳо: дар мақоми сеюм тими Бразилия меистодааст. 57 гол дар 30 дидор. Дар мақоми дуюм Олмон 60 гол дар 32 дидор. Испания дар мақоми аввал 43 гол дар 22 дидор.

Аз панҷ бозии даври плей-оффи бо задани ҷаримаи баъди бозигии пеналти анҷом меёфтааст. Агар дар ҳолати бозӣ пеналти таин карда шавад дар он ҳолат 81 %-и он бо гол анҷом меёфтааст, вале дар ҳолати зарбаи 11-метраи баъд аз дидор ҳамагӣ 66%-ро ташкил медодаасту халос. Дар чемпионати ҷаҳони соли 2006-ум ҳангоми дидори финалӣ Буффон тавониста буд, ки ба дастаи Италия ғалаба орад, вале Дэвид Трезеге бошад, бо як зарбаи назадаи худ, антиқаҳрамони дидор муаррифӣ шуда буд.

Ҷаримаи 11-метраи баъд аз дидор: Он дастае, ки аввалин шуда зарба мезанад ҳафт маротиба бештар аз ҳарифе, ки дуюм зарба мезанад ғалабаш бисёр будааст. Агар голкипер футболкаи ранги кабул дошта бошад, 69 %-и зарбаҳоро мегардонида будааст. Агар ранги сиёҳ бошад, 65 % ва агар ранги сабз бошад 62% -и зарбаҳоро медоштааст. Агар дарвозабон футболкаи рангаш сурх ба бар кунад, фаҳмида мон, ки вай даста ба мағлубият дучор гашт. 100% -и зарбаҳо бо гол анҷом меёфтаанд.
Муҳофизон метавонистаанд то 69 % гол зананд. Форвард 74 %. Ниммуҳофизон 58 %. Синну соли футболбоз агар аз 28 боло бошад, 71,1 %-и зарбаи пас ан бозигии пеналтиро ба самар мерасонидааст. Бозингарони аз 23 сола то 28 сола 77,6 %.Ва бозингароне, ки аз 23 поён 85,2 %.

Англия ягон маротиба дар здаи зарбаҳои пеналтии пас аз дидор ғалаба накардааст. Нишонрасии зарбаҳои онҳо ба 50% мерасад. Аз се – се маротиба мағлубият. Агар дастаи дўстдоштаатон бо Англия дар вақти асосӣ ва иловагӣ бозиашро мусовӣ анҷом диҳад, хурсанд шавед, ки ҳатман дар задани зарбаи 11-метра ғалаба мекунад. Англия ҳамавақт мағлуб хоҳад шуд. Олмон аз ҳама пурқувватарин дар задани зарбаҳои пеналтии баъд аз дидор ба ҳисоб меравад.

Ҳаштгонае, ки тадқиқот муайян кардааст.
Тадқиқотчиён бар он ақидаанд, ки Аргентина, Италия, Нигерия ва ҳатто Испания чемпиони ҷаҳон нахоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо ба даври нимниҳоӣ Голландия бо Бразилия ва Фаронса бо Олмон вомехўрад. Дар даври финалӣ бошад Фаронса бо Бразилия қувва меозмояд. Ба гуфтаи онҳо финали чемпионати ҷаҳон 1998 такрор хоҳад шуд. Онҳо мегўянд, ки рўзи 11-июл дастаи Бразилия Ҷомро хоҳад бардошт.

Advertisements