Юсуф ба Даврон даррасид


Имрӯз, 19-уми июн, даври 12-уми Лигаи Олӣ бо ду бозӣ оғоз шуд.

«Истиқлол» 2:0 «Хайр»
ССКА «Помир» 4:0 «Равшан»

Хонандаи пайваста ва фаъоли мо, Диловар, дар шаҳри Душанбе бинандаи бозии “Истиқлол” бо “Хайр” буд.

“Истиқлол” пас аз ду мусовии нокоми пайидарҳам бо заифтарин дастаҳои Лигаи Олӣ ба ин бозӣ бо раҳбарии Қаноат Латифов омодагӣ медид. “Хайр” бошад то имрӯз якуякбора ба чанд ғалабаи муҳим ба рақибони миёнаи худ даст ёфта, дар ҷойи чаҳорум баҳузур чорзону карда нишаста буд.

Нуриддин Давронов дар ин бозӣ ҳисобро кушод ва шумори голҳои худро дар мавсими имсола ба ду расонид. Умедворем, ки иштиҳои Нуриддин боз шуда бошад ва ӯ ҳамин гуна бо голҳои худ мухлисони дастаи шаҳри Душанберо шод гардонад. Дар ин бозӣ, ба хабари Диловар, нуқтаро капитан Юсуф Рабиев гузошт. Ин голи даҳуми Юсуф аст ва ӯ дар феҳрасти голзанҳои Лигаи Олӣ Даврон Тухтасуновро дарёб кард.

Дар бозии дигари имрӯз ду дастаи заифтарини сабқат, ки сабабгори истеъфои Салоҳиддин Ғафуров гардида буданд, ба ҳам нерӯ санҷиданд. “Равшан”, ки аллакай чанд рӯз боз дар шаҳри Душанбест, меҳмони ССКА “Помир” буд. Дастаи Ҳикмат Фузайлов, шояд ҳафтаи гузашта бозии “Равшан” бо “Истиқлол”-ро тамошо карда буд, ки ин бор аз такрори иштибоҳоти ҳамшаҳриёни худ парҳез кард. Ин бозӣ бо ҳисоби калони 4:0 анҷом ёфт.

Ҳокии натиҷаи ин бозӣ муаллифи мӯҳтарами торнигори расмии “Вахш” мебошад, ки фардо бегоҳӣ бозии дастаи худро бо “Энергетик” шореҳии он-лайн хоҳад кард. Он бозиро бо “Вахшклуб” бубинед!

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 20-уми июн

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/T Х
1. «Регар»ТадАЗ 9 8 1 0 31-3 25
2.  «Истиқлол» (Душанбе) 11 7 4 0 24-6 25
3. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 6 3 1 14-8 21
4. «Хайр» (Ваҳдат) 11 5 2 4 17-15 17
5. «Энергетик» (Душанбе) 10 3 2 5 13-16 11
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 10 2 2 6 12-18 8
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 1 4 5 12-21 7
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 10 2 4 4 9-16 10
9. «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 6-34 2

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 10 гол дар ҷои аввал мебошанд.

Даври 12-ум рӯзи якшанбе, 20-уми июн, бо бозиҳои «Парвоз» – «Регар» ТадАЗ ва «Энергетик» – «Вахш» идома хоҳад кард.

Advertisements

One thought on “Юсуф ба Даврон даррасид

  1. Энергетик – Вахш – 1:0 (Пирмурод Бурхонов)
    Парвоз – Регар ТадАЗ – 1:4 (Ахад Набиев – Джомихон Мухиддинов, Хуршед Махмудов, Сардорбек Эминов, Джамшед Исмоилов)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s