Ҷойи кори нави Салоҳиддин Ғафуров


Ҳамакнун, собиқ сармураббии «Истиқлол» Салоҳиддин Ғафуров боз ба «Вахш» баргашт, ба ҷойе, ки онро барои Душанбе тарк гуфта буд.

Салоҳиддин Ғафуров, ки пас аз ду мусовӣ бо ду заифтарин дастаи Лигаи Олӣ ба истеъфо фиристода шуд, аз ин ба баъд дар «Вахш» ба Аслиддин Ҳабибуллоев мушовир хоҳад шуд.

Торнигори расмии қаҳрамони Тоҷикистон аз қавли Исроил Шарифов, раиси дастаи шаҳри Қурғонтеппа навиштааст, таҷрибаи бузург ва дониши ҷаноби Ғафуров барои «Вахш» зарар нахоҳад овард.

Салоҳиддин Ғафуров собиқаи тарбияи мунтахабҳои миллӣ ва ҷавонони кишварро дорад, то «Истиқлол» дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа ва «Хуҷа Каримов»-и Ғозималикро тамрин дода буд.

Дар мавсими имсола ӯ дуввумин сармураббист, ки ҷоқи корашро иваз мекунад. Қаблан, «Энергетик»-ро Ибодулло Қаюмов тарк карда буд ва курсии ӯро Алиёр Ашӯрмамадов, ки ҳамзамон сармураббии мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон мебошад, соҳиб гардида буд.

Феълан, «Истиқлол» ба бозӣ бо «Хайр» бо сарварии Қаноат Латифов, мурабии ҷавон, ки соли гузашта барои «Истиқлол» медалҳои тиллои Лигаи якум ва Ҷоми Душанберо оварда буд, омодагӣ мебинад. Вале гап-гап аст, ки ба зудӣ риштаи тарбияи бозигарони дастаи нерӯмандтарини Душанбе ба дасти Ӯроз Турақулов дода мешавад.

Агар ин хабар дуруст барояд, боз ҳама дар фикри он хоҳад буд, ки ҷойи ҷаноби Турақуловро дар «Хуҷанд» кӣ хоҳад гирифт?

Advertisements

8 thoughts on “Ҷойи кори нави Салоҳиддин Ғафуров

    • Как стало известно СИА «ВС» из достоверных источников, новым главным тренером «Истиклола» станет иностранный специалист, имя которого пока держится в секрете.

  1. Аксхои бозиро гирифтаги чаноби Фолловер рохи кунам дар блог чо мекунед ?

  2. Сегодня 19 июня состоялись два матча 12-го тура чемпионата Таджикистана по футболу. Вот их результаты:
    «Истиклол» – «Хайр» – 2:0
    ЦСКА «Памир» – «Равшан» – 4:0

  3. В сегодшнем матче с «Хайром» травму получил либеро «Истиклола» Далер Тухтасунов, который в свое время играл за кургантюбинский клуб, и, скорее всего, пропустит матч с «Вахшем». Отметим, что игра «Вахш» – «Истиклол» состоится в следующее воскресенье 27 июня – в День национального единства.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s