Ҳангомаҳои Ҷоми Ҷаҳон


Ҷамшед МАЪРУФ. Бознашр аз Tojnews

Бозиҳои имсолаи Ҷоми Ҷаҳон-2010 аксари мухлисон ва тамошобинонро бо ҷараёни нобаҳангоми хеш ба ҳайрат овардааст ва тавонистааст тамоми фарзияҳои коршиносони масоили варзиширо дигаргун сохта, онро рад намуда бошад.

Ниҳоят, даври дуюми Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ, имрӯз, таърихи 22-юми июн ба охир хоҳад расид.

Дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ, рӯзи 20-уми июни соли равон тимҳои мунтахаби Брозилиё бар Кот-Д’ Ивуар бо ҳисоби 3:1, Парагвай бар Словакиё бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Аммо дастаи мунтахаби Итолиё бозиро бо тими миллии Зеландияи Нав ҳамаро ба ҳайрат оварда, бо натиҷаи мусовии 1:1 бозиро ба анҷом расонид.

Дар ин рӯз, сараввал, дастаҳои «Гурӯҳи F» – Словакиё бо Парагвай дар варзишгоҳи «Фри Стейт»-и шаҳри Блумфонтейн рақобат намуданд. Тими Парагвай 2 голи беҷавобро аз ҷониби бозигарони Э. Вера дар дақиқаи 27-ум ва К. Риверос дар дақиқаи 86-ум ба самар расонданд.

Бозии дигари «Гурӯҳи F» дар варзишгоҳи «Мбомбела»-и шаҳри Нелспрейт, ки ҳамаро дар ҳайрат гузошт, ин байни дастаҳои мунтахаби Итолиё ва Зеландияи Нав сурат гирифт. Ҳарду даста ба ҳамдигар якголӣ заданд. Ҳисобро Ш. Смелтс, бозигари Зеландияи Нав, дар дақиқаи 7-ум боз кард ва В. Яквинта, бозигари Итолиё, дар дақиқаи 29-ум аз пенолтӣ ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд.

Дирӯз, 20-уми июн, дастаҳои миллии «Гурӯҳи G» – Брозилиё ва Кот-Д’Ивуар дар варзишгоҳи «Соккер Сити»-и шаҳри Йоханнесбург бо ҳам қувва озмуданд. Ба ин се голи брозилиҳо рақибонашон бо як гол ҷавоб доданд. Ду голи Брозилиёро Л. Фабиану (дақиқаҳои 25-ум ва 50-ум) ва як голи дигарро Б. Элано (дақиқаи 62-юм) заданд. Як голи Кот-Д’Ивуарро Д. Дрогба дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонд.

19-уми июн, дастаҳои «Гурӯҳи Е» қувваозмоӣ карданд, ки дар он тими мунтахаби Ҳулланд бар Ҷопон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Уэсли Снайдер дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ бошад, дастаи Дониё бар Камерун бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳоро Самуэл Это’О, бозигари номии Камерун, дар дақиқаи 10-ум ва Н. Бендтнер (дақиқаи 33-юм), Д. Роммедал (дақиқаи 61-ум) – ҳарду аз Дониё ба нишон расониданд.

Бозии байни дастаҳои Гана ва Увстролиё дар «Гурӯҳи D» бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Бретт Холмен, бозигари Увстролиё, дар дақиқаи 11-ум ҳисобро боз кард. Баъди 14 дақиқа, А. Гян, футболбози Гана, аз пенолтӣ ё ҷаримаи 11-метра, ҳисобро баробар намуд.

Ҳамин тавр, бозиҳои имсолаи Ҷоми Ҷаҳон-2010 аксари мухлисон ва тамошобинонро бо ҷараёни нобаҳангоми хеш ба ҳайрат овардааст ва тавонистааст тамоми фарзияҳои коршиносони масоили варзиширо дигаргун сохта, онро рад намуда бошад.

Зеро, бешубҳа, гуфтан ба маврид аст, ки ғайриинтизор дастаи мунтахаби Олмон дар сабқати «Гурӯҳи D» аз тими миллии Сербиё бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Як тан аз бозигари моҳири дастаи Сербиё Милан Йованович дар дақиқаи 39-уми бозӣ тӯби бо сар дар ҷаримагоҳ равонкардаи Жигичро ба тӯри дарвозаи тими Олмон зад. Лукас Подолскӣ, бозигари номии Олмон, дар дақиқаи 61-ум аз ҷаримаи 11-метра хост ҳисобро баробар созад, аммо Стойкович, дарвозабони Сербиё, тӯби аз пенолтӣ задаи ӯро баргардонд ва ҳисоб ҳамоно бетағйир монд (0:1).

Хотиррасон мешавем, ки пеш аз голи тими Сербиё, дар дақиқаи 37-ум Мирослав Клозе, бозигари олмониҳо, барои корти дуюм аз бозӣ хориҷ шуд. Инчунин, дар ҷараёни ин бозӣ, 5 бозигари Олмон ва 4 бозигари Сербиё корти зард гирифтанд.

Хамзамон, ногуфта намонад, ки ҳангомаҳои дигари Ҷоми Ҷаҳон-2010 байни дастаҳои Испониё – Швейтсориё (0:1), Фаронса-Мексика (0:2), Инглистон – Алҷазоир (0:0) ғайричашмдошт аксари мухлисони футболро ба ҳайрат овард.

Ба ин тартиб, бароятон аз бурду бохти дастаҳо ёдовар мешавем:

Гурӯҳи А: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ); Мексика; Уругвай; Фаронса

ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0;

ҶАҶ – Уругвай – 0:3, Фаронса – Мексика – 0:2.

Уругвай – 4 имтиёз (2 бозӣ). Мексика – 4 (2). Фаронса – 1 (2).ҶАҶ – 1 (2).

Гурӯҳи В: Аргентина; Нигериё; Куриёи Ҷанубӣ; Юнон

Аргентина – Нигериё – 1:0, Куриёи Ҷанубӣ – Юнон – 2:0;

Аргентина – Куриёи Ҷанубӣ – 4:1, Юнон – Нигериё – 2:1.

Аргентина – 6 (2). Куриёи Ҷанубӣ – 3 (2). Юнон – 3 (2). Нигериё – 0 (2).

Гурӯҳи С: Инглистон; ИМА; Алҷазоир; Словениё

Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словениё – 0:1;

Словениё – ИМА – 2:2, Инглистон – Алҷазоир – 0:0.

Словениё – 4 (2). ИМА – 2 (2). Инглистон – 2 (2). Алҷазоир – 1 (2).

Гурӯҳи D: Олмон; Увстролиё; Сербиё; Гана

Олмон – Увстролиё – 4:0, Сербия – Гана – 0:1;

Олмон – Сербиё – 0:1, Гана – Увстролиё – 1:1.

Гана – 4 (2). Олмон – 3 (2). Сербиё – 3 (2). Увстролиё – 1 (2).

Гурӯҳи Е: Ҳулланд; Дониё; Ҷопон; Камерун

Ҳулланд – Дониё – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0;

Ҳулланд – Ҷопон – 1:0, Камерун – Дониё – 1:2.

Ҳулланд – 6 (2). Ҷопон – 3 (2). Дониё – 3 (2). Камерун – 0 (2).

Гурӯҳи F: Итолиё; Парагвай; Зеландияи Нав; Словакиё

Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакиё – 1:1;

Словакиё – Парагвай – 0:2, Итолиё – Зеландияи Нав – 1:1.

Парагвай – 4 (2). Итолиё – 2 (2). Зеландияи Нав – 2 (2). Словакиё – 1 (2).

Гурӯҳи G: Брозилиё; ҶКХД; Кот – Д’ Ивуар; Португол

Брозилиё – ҶКХД – 2:1, Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0;

Брозилиё – Кот – Д’ Ивуар – 3:1, Португол – ҶКХД – 7:0.

Брозилиё – 6 (2). Португол – 4 (2). Кот – Д’ Ивуар – 1 (2). ҶКХД – 0 (2).

Гурӯҳи Н: Испониё; Швейтсориё; Гондурас; Чили

Испониё – Швейтсориё – 0:1, Гондурас – Чили – 0:1.

Чили – Швейтсориё – 1:0, Испониё – Гондурас – 2:0.

Чили – 6 (2). Швейтсориё – 3 (2). Испониё – 3 (2). Гондурас – 0 (2).

Мавриди зикр аст, ки дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2010, ки бори аввал дар қитъаи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат доранд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд. Баъдан, 8 дастаи беҳтарин ба даври ¼-финал роҳхат мегиранд.

Сипас, бо ширкати 4 дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Аз он метавонанд, дастаҳои ғолиб ба финали Ҷоми Ҷаҳон-2010 ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷои 3-юм қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Advertisements

6 thoughts on “Ҳангомаҳои Ҷоми Ҷаҳон

  1. В Москве из-за жары во время футбольного матча умер вратарь

  2. Греция готовится продать или предоставить в долгосрочную аренду некоторые из 6 тысяч своих солнечных островов в отчаянной попытке расплатиться с долгами, пишет InoPressa.ru со ссылкой на The Guardian.

  3. Диего Марадона, главный тренер сборной Аргентины, охотно разворачивает с Пеле словесную битву: “Пеле давно пора в музей”.

    Пеле, конечно, не остался в долгу: “Марадона очень меня любит. Думаю, он меня просто обожает”.

    Николя Анелька, форвард сборной Франции, и Раймон Доменек, экс-главный тренер сборной Франции. Диалог предлагается разыграть по ролям: “Пошел ты к черту, грязный сукин сын” – “Хорошо, ты выйдешь на поле”.

    Карлос Альберто Паррейра, главный тренер сборной ЮАР о Раймоне Доменеке, отказавшемся пожать ему руку после матча Франция-ЮАР: “Печально, что Доменек так поступил, он просто жалок”.

    Луис Фабиану, форвард сборной Бразилии, повторивший один из подвигов Марадоны: “Это была рука Бога!”.

    Павлош, болельщик сборной Англии, пробравшийся в раздевалку команды, на вопросы Дэвида Бекхэма, кто он, собственно, такой: “Я Павлош, и вообще-то мне нужен сортир”.

    Патрис Эвра, капитан сборной Франции: “В команде завелся предатель”.

    Ким Йонг Джун, полузащитник сборной КНДР на пресс-конференции был суров: “Нет такой страны – “Северная Корея”. Следующий вопрос”.

    Дженнаро Гаттузо, полузащитник сборной Италии, после вылета команды на групповой стадии: “В 2006 году нас произвели в кавалеры ордена “за заслуги перед Республикой”, а теперь нам пора вручать орден позора”.

    Итумеленг Кхуне, голкипер сборной ЮАР, о кошмаре телевизионщиков и большинства зрителей: “Надеюсь, вувузел будет все больше и больше!”.

    Бонус-трек.

    Криштиану Роналду, капитан сборной Португалии о голевой тоске: “Голы, как кетчуп – то никак, то как польются!”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s