Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нақл аз сафари раисҷумҳур Раҳмон ба вилояти Бадахшон дар тоснаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат менависад, ноҳияи Ванҷ то рӯзи нахустини тирамоҳ соҳиби варзишгоҳи нави марказӣ хоҳад шуд.

Президент Раҳмон дар ин бора ба афроди масъул чунин фармон додааст ва умедворем, ки онҳо ин фармонро иҷро мекунанд.

Раисҷумҳур ҳамчунин аз вазъи чанд бунгоҳҳои варзишии дигар дар вилоят дидан кардааст.

Дарвоқеъ, вилояти Бадахшон ба таҷдиди ҷиддӣ дар сохтори варзишияш ниёз дорад. Дар вилоят сабқати минтақавии футбол доир намешавад, замоне талош карданд ва “Помир”-ро дар Хоруғ зери тарбияи Алиёр Ашӯрмамадов созмон доданд, вале лиласаф умри “Помир”-и Хоруғ дар Лигаи якуми Тоҷикистон дер давом накард.

“Саройкамар”-и Панҷ дар Лигаи якум комёбиҳое дорад, вале мутаассифона, имкони молӣ надорад, ки роҳхатҳояш ба Лигаи Олиро истифода барад.

Advertisements