Сармураббии нави “Истиқлол” аз Қазон меояд?


Яке аз “шустряктарин” журналистони соҳаи футбол дар Тоҷикистон Фаридун Солиев аллакай исми сармураббии ояндаи “Истиқлол”-ро барои 80 дарсад ёфтааст.

“Варзиш-Спорт”, ки хушбахт аст, ки чунин хабарнигори бало дорад, аз қалами Фаридун чоп кардааст, ки сармураббии нави “Истиқлол” Алиҷон (Олимҷон?) Рафиқов, собиқ бозигари “Помир”-и шӯҳратёр хоҳад шуд.

Дар ин ҳафта мутахассиси 48-сола бояд ба Тоҷикистон меомадааст, то бо раҳбарияти дастаи пулдортарини Душанбе гуфтушунид бикунад.

“Варзиш-Спорт”, ҳамин гуна, ҳадс задааст, ки Алимҷон Рафиқов рӯзи 27-уми июн миёни мухлисони шаҳри Қурғонтеппа нишаста, бозии “Вахш”-у “Истиқлол”-ро тамошо мекунад ва рӯзи саввуми июл дар бозии дӯстонаи “Истиқлол” бо дастаи олмонии “Хессен-Кассел” (Ҳасани касал?) аллакай риштаи идораи дастаро ба дасти худ мегирад.

Рафиқ Рафиқов 30-уми аперли соли 1962 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 1988 унвони Устоди варзиши Шӯравиро сазовор шудааст. Футболро аз “Пахтакор”-и Қурғонтеппа дар Лигаи дуввуми Шӯравӣ аз соли 1983 шурӯъ карда, як соли баъдаш ба “Помир” мепайвандад, дар “Помир” танҳо ду сол истода, соли 1986 ба “Кайрат”-и Алмати кӯч мебандад ва дар соли 1989 ба “Помир”-и Лигаи Олии Шӯравӣ бармегардад. Соли 1992, пас аз судути Шӯравӣ ба “Зенит”-и Санкт-Петербург меравад, соли 1993 то соли 1995 дар Набережние Челни “КамАЗ”-саворӣ кардааст, он замон “КамАЗ” дар Лигаи олии Русия буд, соли 1996 ба Лигаи якуми Русия мефарояд, ба дастаи “Нефтехимик”-и Нижнекамск, солҳои 1997 ва 1998 намедонам чӣ кор мекунад, вале дар соли 1999 боз дар “КамАЗ”, ин дафъа, дар Лигаи дуввуми Русия бозӣ кардааст.

Мактаби олии мураббиҳо дар Маскавро бо дипломи аъло хатм кардааст ва бо муҷаввизи навъи «В» дастаҳои Турбина» (Набережние Челни), «Алнас» (Алметйевск), «КамАЗ» (Набережние Челни), «Рубин» (Қазон, ҷавонҳои соли таваллудашон 1993)-ро тамрин додааст.

2 thoughts on “Сармураббии нави “Истиқлол” аз Қазон меояд?

  1. Яке аз “шустряктарин” журналистони соҳаи футбол дар Тоҷикистон Фаридун Солиев аллакай исми сармураббии ояндаи “Истиқлол”-ро барои 80 дарсад ёфтааст.
    “Варзиш-Спорт”, ки хушбахт аст, ки чунин хабарнигори бало дорад, аз қалами Фаридун чоп кардааст, ки сармураббии нави “Истиқлол” Алиҷон (Олимҷон?) Рафиқов, собиқ бозигари “Помир”-и шӯҳратёр хоҳад шуд.
    ————————–
    ————————–
    э брат чи ика таъриф мекуниша ягон пул додагияйта чи ….. ай уда журналисти шустряк пурай… хамин бача мада намефора

  2. ФУТБОЛ. Алимжон РАФИКОВ: «Работа в Таджикистане – вызов судьбы»

    13:45:58 2010-06-24

    Ветеран таджикского футбола Алимжон Рафиков подтвердил наличие предложения возглавить футбольный клуб “Истиклол”. Корреспонденту СИА “ВС” связался с тренером по тедефону.

    – Алимжон Кяшафович, правда ли, что вы уже возглавили “Истиклол”?

    – Да, действительно, мне поступило предложение от “Истиклола”, но утверждать и говорить, что я уже стал главным тренером этого клуба – пока преждевременно. Скажем так: этот вопрос на стадии решения. Если мы сможем договориться, я с радостью приму этот вызов судьбы.

    – Когда вы приедете в Таджикистан?

    – Самолет из Казани прилетает в Душанбе 25 июня поздно ночью. На следующий день утром я встречусь с руководством клуба. Мы обговорим предметно все условия контракта. А уже 27-го числа я побываю на матче “Истиклола” с “Вахшем”. За игрой с кургантюбинским клубом буду наблюдать с трибуны.

    – Имеете ли вы представление об “Истиклоле”?

    – В самых общих чертах. Знаю, что в составе этого клуба много талантливой молодежи. Мне сказали, что средний возраст команды – двадцать четыре года и у нее, несомненно, большое будущее.

    – Расскажите вкратце о своей тренерской карьере.

    – В 2002 году окончил Высшую школу тренеров Москвы с отличием. У меня есть тренерская лицензия категории “В”. Работал в командах “Турбина” (Набережные Челны), “Алнас” (Альметьевск), “КамАЗ” (Набережные Челны), “Рубин” (Казань). В казанском клубе возглавлял юношей 1993 годов рождения. Сейчас работаю детским тренером в Казани.

    Фаридун СОЛИЕВ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s