Тағйирот дар ҷадвали бозиҳои Лигаи Олӣ


Федеросюни футболи Тоҷикистон ҳамаи нажшаҳои озмуни “Футболдон”-ро ба ҳам зад ва таърихи баргузории як пачка бозиҳои Лигаи Олиро тағйир дод.

Хабаргузории “Варзиш-Спорт” аз қавли ФФТ навиштааст, сабаби ин ҳама тағйирот “омодагии ҳадафманди мунтахаби олимпӣ ба бозиҳои интихобии Лондон-2012 ва сафари мунтахаби олимпӣ ба тамринот ба Чин сар аз 24-уми июн то 1-уми июл, давраи омӯзишии ФИФА барои доварон ва бозии дӯстонаи “Истиқлол” бо дастаи олмонии “Хессен-Кассел” мебошад.”

Аз ин рӯ, замони баргузории бозишои зер тағйир хӯрданд:

“Хуҷанд” – “Парвоз” – аз 27-уми июн ба 21-уми июл;
“Регар-ТадАЗ” – “Энергетик” – аз 27-уми июн ба 7-уми июл;
“Энергетик” – “Хуҷанд” – аз 2-юми июл ба 4-уми июл;
ССКА “Помир” – “Вахш” – аз 3-юми июл ба 4-уми июл;
“Равшан” – “Хайр” – аз 3-юми июл ба 4-уми июл;
“Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ” – аз 4-уми июл ба 21-уми июл;
“Парвоз” – “Энергетик” – аз 10-уми июл ба 12-уми июл;
“Вахш” – “Равшан” – аз 10-уми июл ба 12-уми июл;
“Регар-ТадАЗ” – ССКА “Помир” – аз 11-уми июл ба 13-уми июл;
“Хуҷанд” – “Истиқлол” – аз 11-уми июл ба 13-уми июл;
“Энергетик” – “Истиқлол” – аз 24-уми июл ба 25-уми июл.

АКНУН, БОЗИИ “ХУҶАНД”-“ПАРВОЗ”-РО ЧӢ КОР КУНЕМ А, ФУТБОЛДОНҲО?

2 thoughts on “Тағйирот дар ҷадвали бозиҳои Лигаи Олӣ

  1. бозии хучанду парвоза ждат мекунем кай мегузарад

  2. Бозия ждат мекунем, лекин дигар дар озмун бозихои Точикистона мондан даркор нест…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s